25 марта 2011 г.

Наврўз шуду лолаи хушранг баромад

Иди Наврўз дар кишвари ман дар қатори бузургдошти соли нави масеҳӣ ва рўзи истиқлоли милӣ аз ҷашнҳоест пурфайзу бошукўҳ ва шодибахш.

Ҳанўз аз оғози моҳи Ҳут писарбачагони самарқандӣ аз талу теппаҳо гулҳои барфакро, ки «бойчечак» мегўянд, чида, ба хонаи мардум мераванд ва чунин мехонанд:

 

Сарбайтхонҳо:

                   Аз Самарқанд омадем лучаку пучак

                   Медиҳед-ми, намедиҳед як пули пучак?

Ҳама:          Бойчечак! Бойчечак!

 

Сарбайтхонҳо:

                   Яктеш Алӣ, яктеш Валӣ

                   Яктеш хурўси қашқарӣ!

Ҳама:          Бойчечак! Бойчечак!

 

Сарбайтхонҳо:

                   Таги остона ғур-ғур мекунад,

                   Бибекамо кисемоя пур мекунад!

Ҳама:          Бойчечак! Бойчечак!

 

Ҳамин тариқ, онҳо як-як ба хонаи мардум сар халонда, аз шукуфтани гули бойчечак ва фаро расидани навбаҳор муждагонӣ (дар Самарқанд «севанчӣ» мегўянд) мегиранд. Пеш аз додани муждагонӣ аҳли ҳар хонавода як-як бойчечакро ба даст гирифта, ба абрувон мемоланд, шукрона гуфта, дар соли нав аз Худо орзуву ниятҳои нек мекунанд. Муждагонӣ метавонад нону ширинӣ бошад, аммо бо мурури замон ин расм дигар шуда, имрўзҳо ба бачагон асосан пул медиҳанд. Билохира, онҳо байни худ чизҳоро баробар тақсим менамоянд.

Гиромидошти Наврўз дар се марҳила амалӣ мешавад: пеш аз ид, рўзи ид ва баъд аз он. Бад-ин минвол иди Наврўз қариб як моҳ давом мекунад.

Марҳилаи нахустин омодагӣ ба ҷашн буда, дар ин арафа хонаҳо ба қудуми баҳор тоза  карда мешаванд, ки инро «хонабарорӣ» мегўянд; кўчаҳову мазорот ба воситаи ҳашари умумӣ, яъне бо ширкати аҳолии маҳаллот тоза карда мешаванд, ниҳолшинонӣ ва сафедкунии дарахтон ба таври оммавӣ дар шаҳру деҳот ба амал оварда мешавад. Барои пухтани таомҳои наврўзӣ чун ҳалисаву сумалак гандумҳоро рўи тахтаҳо чанд рўз дар ҳоли нам  нигаҳ медоранд то майса зананд.

Рўзи ҷашнвора дар саросари кишвар сайри умумхалқӣ баргузор мегардад. Дар миқёси ҷумҳурӣ дар саҳни майдонҳои фарох миёни намояндагони вилоятҳо, дар миқёси вилояту навоҳӣ бошад байни вакилони ноҳияву маҳаллаҳо дар шакли мусобиқа тадбирҳои гуногуни зерин сурат мегиранд: бозиҳои гуногуни варзишӣ чун гўштигирӣ, бозиҳои шарқона, бузкашӣ, аспдавонӣ; баромади шоирону дастаҳои ҳунарии мардумӣ ба забонҳои тоҷикиву ўзбекӣ; саҳнаҳои ҳаҷвӣ; баромади наварўсон дар либосҳои рангоранги миллии арўсӣ; намоиши маҳсули ҳунари дастии ҳунармандони халқӣ, бозиҳои гуногуни халқӣ аз қабили тухмҷанг, хурўсҷанг, чиллакбозӣ, чавгонбозӣ ва ғ. Мактабиён дар ин рўз иди гулҳо ва парандагонро баргузор намуда, ба ин восита муҳофизат намудани табиатро ёдрас мекунанд.

Дар арафаи Наврўз занҳои деҳот ба ҳам омада, сумалак, мардҳо бошанд ҳалиса, ки ҳалим ҳам меноманд, мепазанд. Дар замони шўравӣ, ки таҷлили маросимҳои миллӣ «хурофот» эълом гашта буд, таомҳои наврўзӣ, аз ҷумла сумалак аз ҷониби шахсони алоҳида, ки ҳамасола бо ин кор машғул буданд, дар аробаҳо кашонида ва ба мардум фурўхта мешуд, аммо дар 15-20 соли охир қариб дар ҳама хонавода пухта мешавад, аз ин рў сумалакфурўшӣ дар дукону бозорҳо расм шудааст. Ҳар касе, ки дар дилаш ормон, дар пеши худ мушкиле дорад, ба умеди расидан ба ин орзу ва кушоиши кор дар хонаи худ «сумалак монда», ба мардум тақсим мекунад. Танҳо азодорон бо ин бовар, ки барои онҳо бехосият аст, дар муддати мотамдорӣ сумалак намепазанд. Тараддуд ба пухтани ин таомҳо одатан то бегоҳ тўл кашида, то нисфи шаб занҳо ва мардҳо дар алоҳидагӣ гирди дегҳои калон ҷамъ омада, бо навбат дегҳоро мекобанд ва орзуҳои нек мекунанд. Кўдакону ҷавонон ба онҳо дастёрӣ менамоянд. Танҳо саҳар таом мепазад ва ба аҳли деҳа тақсим мешавад. Мардум ба аёдати дўстон, беморон ва шахсони танҳову камбизоат мераванд. Агар дар аксари маҳалу макон танҳо ба шарафи Наврўз сумалак пухта шавад, дар баъзе минтақаҳои кўҳӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё, алалхусус деҳаи Хуфар ҳатто дар мавсими зимистон сумалакро аз орди майсаи гандум омода мекунанд.

Дар Самарқанд чунин расм маъмул аст, ки дар ин рўз кўдакону духтарони болиғ барои дидани наварўсону навхонадорон мераванд, ба ин шавқ, то бубинанд, ки духтари дирўза имрўз чигуна арўс шудааст, либосҳои ўро тамошо кунанд, ки одатан як соли дароз дар девори навхонадорон рўи сўзаниву кашидаҳо овезон мемонанд. Арўс ба онҳо хидмат мегузорад ва таъзим ба ҷо меорад, дастурхон ороста, ба ҳар як меҳмон ба по рост шуда, чой дароз мекунад ва ҳангоми гусели меҳмонон аз сандуқи худ савғотие дароз менамояд. Дар хонаҳо таомҳои баҳорӣ чун самбўсаву бичаки алафӣ, тунук, ширбиринҷ, сумалак, ҳалвои тар, нишалло ва ғайра омода мекунанд. Кадбонуҳои хона дегҳоро пур карда, «ситорапалав» (хўроки сахти биринҷдор, ки бар акси расми маъмул сабзияш на ҳезумӣ, балки нахўдӣ реза карда мешавад) мепазанд, аз ин рў ин рўзро ба истилоҳи ўзбекиаш «қазонтўлдӣ» (рўзи дегҳои пур) низ меноманд. Халқи мо меҳмондўсту мардумнавоз ҳам аст, хусусан дар навоҳиву деҳот ва кўҳистон ба меҳмонон, раҳгузарон ва ё мусофирон низ лутфу меҳрубонӣ менамоянд. Илтифотписандии онҳо ба ҷое расидааст, ки дар кўчаҳо баъди ҳолпурсӣ ё ҳангоми видоъ бо ошноён ҳатман «ба хона оед», «камтар нишаста равед», ё «биёед, чой менўшем» мегўянд, дар ҳоле, ки феълан дар қайди мушкиле ҳастанд ва ё аз паи коре равонаанд. Аз ин ҷост, ки ибораи «илтифоти самарқандӣ» машҳур шудааст:

Биё, биншин ба чашмам, эй парӣ аз рўи хурсандӣ,

Ба ҷон мегўям, ин ҷо нест таклифи самарқандӣ.

Ҷашни Наврўз дар вилоятҳои алоҳида ба ранги гуногун аст. Дар кўҳистон бузкашиву аспдавонӣ, гўштингирӣ ба расми анъанавӣ идома дорад. Масалан, дар мавзеъҳои тоҷикнишини ноҳияи Шаҳрисабз, аз ҷумла деҳаи кўҳии Ғелон дар арафаи ид маросимҳои «Суманак», «Наврўз», «Бойчечак», «Ҷуфтбаророн», «Сайри гули лола», «Гулгардонӣ» баргузор мегардад. Ҳангоми баргузори маросимҳои баҳорӣ аз тарафи баъзеҳо нақши Бобои Деҳқон ва Хирс офарида мешавад. Мардуми деҳа мўътақиданд, ки баробари аз хоб бархостани хирс табиат низ бедор мешавад, кишоварз акнун метавонад ба шуғли хеш машғул гардад. Гурўҳи духтарон зеботарин духтари деҳаро баргузида, ба дасти ў сабзаи гандумро мениҳанд ва ба сурудхониву рақс меоғозанд:

 

Наврўз расиду шоду хуррам гаштем,

Аз дафтари дай ҷумла беғам гаштем.

Дидему чашидем ба сад меҳнату ғам,

Охир ба гули баҳор ҳамдам гаштем.

 

Гиромидошти Наврўз ва эътиқоду боварӣ ба хосиятҳои нек, ба файзу баракоти он  дар дили мардум реша давонида, дар хулқи онҳо фазилатҳои некро парвариш медиҳад ва инсонҳоро ба ҳамдигар наздик месозад. Мақоми ҷаҳонӣ гирифтани таҷлили ин идро барои ҳама муборакбод мегўям. Бигзор Наврўзи фархундапай василаи ҳамоиши ҳамдилону некбинон ва муждаи бедориву раҳоӣ аз зулмот  бошад ва аз ҳар қалби ташнаи меҳру меҳрубонӣ муждагонӣ биёварад. Дар фолклори Самарқанд ин рубоӣ машҳур аст:

 

Наврўз шуду лолаи хушранг  баромад,

Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.

Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз,

Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.

 

Барои мурғони овозхони дилҳои азизон парвози баҳорӣ муборак ва донаҳои наврўзӣ фаровон бод!



--
-D