1 августа 2011 г.

Ҷашни 5-солагии радиои Замона

Ҳамдилии ҳамзабонон дар «Замона»

Ду ё се сол мешавад, ки аз фаъолияти радиои «Замона», бахусус бахши фарҳангии он, огаҳӣ дорам. «Замона» кӯшиш дорад, ки садои дили ҳамзабононро аз гӯшаҳои гуногуни дунё ба ҳам расонад. Ҷаҳд менамояд, ки аз тозатарин ва муҳимтарин рӯйдодҳои дунё сомеонашро хабардор созад. Бо ин мақсад фаъолияти худро дар чандин бахш ба сомон мерасонад. Хусусан, шунидани барномаи фарҳангиву адабии «Ҳамсоягон», ки аллакай дар кишвари ман ба андозае маъруф аст, бо садои гарму дилнишини Шаҳзода Назарзода хеле гуворост.

Аслан ошноии ман бо ин радио тавассути ӯ сурат гирифтааст, аз ин рӯ агар радиои «Замона» гӯянд, пеш аз ҳама ҳамин зани ҷасоратманду кӯшо пеши назарам меояд ва баръакс. Шаҳзода дар арафаи љашн дар веблоги худ «Самарқанд» арзишҳои радиоро чунин баён кардааст: «…Родио Замона аз аввалин расонаҳоест, ки ҳамзабонони дигари худро, ки дар кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна парешонанд, аз баданаи аслии худ људо накардааст ва барои онҳо қафасаи ҷудо ва ё марзе нагузоштааст. Муҳимтарин масоили Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистонро бо ҳам пушиш додаст ва ин ҳусни Замона аст, ки аз дигар расонаҳои форсизабон як гом ҷилутар аст.

Замона форсизабононро ва ё мухотабони худро табақабандӣ намекунад ва ҳамаи онҳоеро, ки форсӣ мехонанд ва форсӣ мегӯянд, сари як суфра менишонад. Ва ин аст риояти ҳуқуқи башар! Ва ин аст тақсим накардани мардуми порсигӯй ба форсизабонони дараҷаи аввал, дувум ва ё савум…»

Шояд эътибору маҳбубияти радио дар ин  ҳам бошад. Дар байни равшанфикрони имрӯзи  самарқандӣ Шаҳзода ҳамчун шахси пӯёву кӯшо, тозаҷӯ, бағайрату ҳамиятманд ва ҷасурзани замон маъруф аст. Ва ӯ бо ранҷу заҳмати зиёд дар пешбурди кори «Замона» саҳм гузошта, тавонист онро ба ҳамзабонони ҳамдил муаррифӣ намояд ва бад ин роҳ дар байни онҳо пули дӯстиро устувор кунад.

Дар остонаи ҷашни панҷсолагии радиои «Замона», ба воситаи Шаҳзода, муассисон ва кормандони ин расонаро бо ин санаи барояшон муборак табрик мегӯям. Бигзор шодиву нишоташон аз роҳи некӯкориву ҳамдилӣ фаровон бошад! Ва аз ин нишот умри «Замона» зиёда гардад!



--
-D