29 января 2015 г.

Шеърҳои охирин

1.Бемужда менишинам аз ту хате наояд,

Чун бебаҳор барге, к-ӯ дергаҳ напояд.

Холии бесадое чун лонаи парасту,

Бо ёди як баҳоре, к- "аз дай кай барояд?"

Танҳо туӣ, ки наздик бо ин ҳама ҷудоӣ,

Онгуна, к- ин ҷудоӣ андар ҳисоб н - ояд.

Ҳар гаҳ, ки менависӣ, пур мешавам зи вожа,

Ин лонаи парасту аз нав ба гуфтан ояд.

Бо ман навис, эй дӯст, бемуждаам маяфган,

Бигзор бепаёмӣ аз баҳри мо барояд!

                                      ….

 

2.Биё, хоҳар, зиндагӣ мекунем,

Фироре аз ин бандагӣ мекунем.

Нафас мекашем аз таҳи дил саҳар,

Ки ишқро варзандагӣ мекунем.

Ки имрӯз фардои мо мешавад,

Агар нек зиндагӣ мекунем.

Пас аз камнамоию бетобиҳо

Намоён тобандагӣ мекунем.

Напарҳезем аз ишқи фархундапай,

Паёпай фархундагӣ мекунем.

Баҷасоратӣ нест шармандагӣ,

Гурез аз шармандагӣ мекунем.

Чу ин зиндагонӣ арӯсии мост,

Ба тӯи худ барандагӣ мекунем.

Чу нест арӯсии вақт дерпой,

Ба домоди бахт зиндагӣ мекунем...

 

 

3.Кунун нозҳои банда бехаридор аст,

Ки гашт аз фурӯшу вақти гашти бозор аст.

На, ман зи рӯи ғалат бурдамаш ба ҷое, ки он

Фурӯшгоҳи хӯрданиву латтабозор аст.

Касе на дил мехарад чу гурдааш набувад

Ба гурдӣ доғ аз ҷигар барад, ки хунхор аст.

Чи рӯзҳо, ки диламро ба мурда афкандам,

Ба пеши ҳар кӣ гузашту дидам, ки нодор аст.

Вале миёни ин фусурдагӣ ниёзи басӯз

Уруҷ мекунад миёни шаб, ки бедор аст.

Намурдааст шавқи ман ба ин дарундорӣ,

Агар навозӣ ба лутфаш, нигар, ки ҳушёр аст.

Ҳамели ашки худамро худам харидорам,

Ки дона донаҳои роздори пиндор аст.

Ҳазор шукр бозуи шоҳи мардонро,

Ҳамон ҳамешагӣ ягона нозбардор аст.

Равам, борзадаи ҷон ба пош андозам,

Агарчи муштарим нест, боз харидор аст...

 

 

4. НАҚШИ ТУ ДАР ШЕЪРИ МАН

                                   (Барои наққошзане амрикоӣ)

 

Оҳҳояшро,

ҳамчу хорҳо, аз роҳ,

пурдард мекашид

ва бар сари маслубе дар синаи ман

                                               мегузошт, -

Шаҳомати дардҳоямро мефузуд

ва сарбаландии хушҳолиро дар лаҳзаҳоям ҳақир менамуд, -

Наққошзане,

Ки мӯйҳои қаламашро

Бар шонаҳои салиби мусаввара меафканд...

 

Маслуберо дар тахтаи вуҷудам ба танг меовард

Чу мехҳоро дар синаҳоям сахттар мекӯбид

бо оҳҳои кабуд...

 

Чу абрувони ҳайраташ ранги камон мешуд,

Ҳатто фоҷиа дар назарам сода буд...

 

Тасаввуроташро

бо хаёле атласӣ

тор бар пуд мечид;

Бо минқори қалам

Донаҳои хаёлро

бар даҳони кабӯтаркоғазҳо мебурд

Ва сурати саодатро

дар болҳояшон ба парвоз меовард...

 

Офтобро, ба якрангӣ, тоза мекашид.

Вале ранги осмонро

            ҳар гуна таъбир менамуд.

Ҳар оҳ, ки мекашид,

Ба сурати заъфаронам ранги осмонӣ мезад.

Ва маслуберо,

ки бар марги фаромӯшӣ маҳкум буд

                                               дар синаи ман,

Дар ашкҳо

            дубора эҳё мекард, -

                        дар тоблуе хушранг

                                   ва қобҳояш шикаста аз қаҳқаҳаи шодӣ ...

 

 

         5. Куҷо садои ман фурӯ рафта,

        Ки бе садову гуфтугӯ рафта?

         Чаро замоне паст мехезад,

         Чу мавҷхез зи оби ҷӯ рафта?

         Гулӯй мефишонаму афсӯс, -

         Зи ман ба тарфи нобасӯ рафта.

         Магар хароб шуда саропардаш,

         Баланду паст пардаҷӯ рафта?

         Даҳонбастаро ақиқи Яман

         Чи сон ба қаъри дил фурӯ рафта?

         Магар зи ҳамсадош дур афтод, -

         Ба бесадоӣ рӯ ба рӯ рафта?

         Ҳазори дарди нағмахон - ниҳон,

         Ки ноумед зи ҳоюҳӯ рафта.

         Ва боз чун ҳамешагӣ нолам:

          «Ки эй азизи орзу рафта!

         Биёй ҳамсадо, ҳамовозам,

         Ба пардашини обирӯрафта.

         Биё, ки гӯӣ бар Закарёят,

         Агарчи нестам ба ӯ рафта.

         Ки бар наҷоти хеш чора кунам,

         Дигар ба ғайр, - чораҷӯ рафта.

         Биё, каломи одамисозе,

         Биё, ба ҷони аз нумӯ рафта.

         Навоз ҷони ман ба шаккари ной,

         Биё, садои аз гулӯ рафта!»

 

 


--
-D

27 января 2015 г.

5 января 2015 г.

ОИЛАИ СОЛИМ - ФАРЗАНДИ СОЛИМ, ОЯНДАИ СОЛИМ


Имрӯзҳо дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти иҷтимоӣ муносибатҳои тоза роҳ мекушоянд, аз ҷумла, дар соҳаи маориф ва таълим. Маълум аст, ки дар мактабҳо бо назардошти баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва беҳбудии сифати таълим технологияи нави таълим ба роҳ гузошта шудааст. Аммо бояд таъкид намуд, ки имкониятҳое, ки имрӯзҳо давлати мо барои  инкишофи истеъдоди фарзандон фароҳам овардааст, мураббиён ва падару модаронро водор мекунад, ки аз онҳо ба манфиати фарзандон ва ояндаи неки халқу кишвар истифода намоянд. Ба ин тартиб, волидоне, ки маърифатхоҳу солимандеш ва ғамхори насли наврасанд, барои барпо намудани муҳити солим дар оила саҳмгузор мегарданд.

            Дар арафаи фарорасии соли нав хонаводаи Акбар ва Санобар Маҷидиён дар шумори оилаҳои намунавии кишвар бо баргузор намудани намоиши ҳунарҳои фарзандонашон собит намуданд, ки фарзанди солим воқеан дар оилае ба воя мерасад, ки дар он муҳити солим барқарор бошад.

            Дар намоишгоҳи хусусии суратҳои бачагонаи оилаи Маҷидиён, таҳти унвони  "Оилаи солим - фарзанди солим, ояндаи солим", ки дар толори музеи давлатии таърихи санъати Ӯзбекистон, дар Самарқанд, баргузор гардид, қариб ба сад адад суратҳои кашидаи Фархундаву Фарзона ва Бузургмеҳр гузошта шуданд, - суратҳое хаёлотӣ, бардоштҳо аз афсонаҳо ва тасвирҳое бо тасаввури оилаи хушбахт, суратҳое, ки бо рангҳои равшан аз саодати кӯдакӣ сухан мегуфтанд. Бачагон бо намунаҳои осори санъати худ дар озмунҳои байналхалқии бачагона дар Ҷопон (озмуни "Кишвари ман"), Русия (озмуни "Олами илм бо чашми бачагон"), Англия (озмуни "Нигар ва омӯз"), Германия (озмуни "Забони русӣ - забони ҷаҳон ва сулҳ"), Швейтсария, Полша ва ғайра ширкат варзида, соҳиби дипломҳои фахрӣ гаштаанд. Инчунин, онҳо мукаррар дар фестивалҳои бачагонаи "Янги авлод" ва "Соғлом авлод" ширкат варзида, бо дипломҳои фахрӣ тақдир карда шудаанд.

            Дар ҷараёни барномаи намоиши суратҳо Фархундаву Фарзона ва Бузургмеҳр Маҷидиён дили ҳозиронро бо ҳунари навозандагиву раққосии худ низ хушҳол намуданд. Зимнан бояд гуфт, ки дар тарбияти завқи бадеӣ ва ташаккули маҳорати ҳунари сураткашӣ, инчунин дар омӯзиши асрори санъати мусиқии ин   хурдтаракони соҳибистеъдод саҳми муаллимон Л.Г.Черепанова,  В.Е.Мартиненко ва У.Холбоев бузург аст.

            Дар тадбири ҳунарӣ яке аз ташкилотчиёни фаъол,  санъатшинос Шоҳмурод Рӯзимуродов, олим ва нависандаи тоҷик Адаш Истад ва дигар аз дӯстони ин хонавода зимни суханронӣ эътироф намуданд, ки баргузори ин намоиши суратҳо дар воқеъ ҳодисаи муҳим ва ситуданист. Ҷасорат ва заҳмати волидони ҷавон дар ин роҳ сазовори таҳсин мебошад. Дар оянда фарзандоне, ки дар ин оила ба воя мерасанд, ҳатман шахсони бузург мешаванд ва ояндаи нек хоҳанд дошт.

            Дар ҳақиқат, Акбар ва Санобар Маҷидиён, ки волидони ин гуна фарзандони қобилу қодир ба эҷоди бадеӣ ҳастанд, масъулияти худро дар тарбияти фарзанд хуб идрок намуда, бештари вақти худро сарфи таълиму тарбияти онҳо намудаанд. Ба қавле, онҳо ин гуфтаҳои Ҷомии бузургворро  хуб дарк намудаанд, ки гуфта:

                        Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал,

                        Мева бенуқсон бувад чун аз дарахти навбар аст.

            Дар сӯҳбат бо Санобар Маҷидӣ ӯ иброз дошт, ки фарзандони ӯ ҳам мисли дигар бачаҳо ҳастанд. Яъне ҳама бачагон ҳам қобилиятноку соҳиби истеъдод буда метавонанд, танҳо аз волидон лозим аст, ки бештар ба таълиму тарбияти онҳо эътибор диҳанд ва муҳаббаташонро дареғ надоранд. "Ман ба бачаҳоям бештар меҳр ва озодӣ додам. Онҳо ба ин хеле ниёз доранд. Дар ҷараёни кор бо фарзандонам баъзе назарияҳои таълимиву тарбиявии педагоги машҳури итолиёӣ Мария Монтессориро, ки фаъолияти худро барои дигар намудани муносибатҳо дар кори таълим ва тарбият дар мактабҳо ва ташаккули шахсияти кӯдак аз хурдӣ,  нигаронидааст, дастуруламали худ қарор додам ва ҷонибдори ин ақида ҳастам, ки бояд дар оилаҳои мо низ ба масъалаи фарҳанги тарбияти фарзандон дар оила ва талабагон дар мактаб диққат карда шавад ва баъзе анъанаҳои тарбиявиро аз нав бояд дида баромад, то кӯдакони мо низ солимандеш, боҷасорат, хушахлоқ ва ояндадор ба воя расанд ва дар онҳо аз хурдӣ фазилатҳои худшиносӣ, худбоварӣ ва шахсият ташаккул ёбад."

            Аз назари сарони ин хонавода бояд имрӯз волидони ҷавони мо соҳибмаърифат ва масъулиятшинос бошанд, зеро маҳз ин гуна падару модарон  метавонанд фарзандони хубро тарбият кунанд. Тарбият дар муҳити солими оилавӣ боис мешавад, ки фарзандон соҳибфикр бошанд ва орзуҳои баландро дар дил парваранд, орзуҳое, ки ояндасоз шуда метавонанд. Ин гуна кӯдакон бешак дар оянда метавонанд ҳамчун шахсиятҳое ба камол расанд, ки номбардор ва ифтихори кишвар ва мавриди эътибори ҷаҳониён гарданд.

 

--
-D