30 декабря 2009 г.

Минуии сабзиш

Тамоми азизон ва ёру дустонро бо фарорасии Соли нав муборакбод намуда,
барояшон дар давоми сол осудагиву тансихатй ва хушрузихо таманно дорам
ва умедворам, ки ин шеърро  ба сифати тухфаи солинавй кабул мекунанд.

Сабзинаи арча,
Чи хуне ба рагонаш,
Ки хамасола чавон аст,
Хама зангори нихонаш,
Ки дар руш аён аст,
                ба чи шуста?
Бехазон,
Вораста  - аз он хок, ки руста.
Шаби милоди Масех
точ бар сар
ба шахриёрй расида
Зи минуии сабзиш.


--
-D

3 августа 2009 г.

Мавкеи модарнома ва модаронахо дар ашъори Фарзона.


Дар адабиёт аз кадимулайём зан асосан хамчун маъшука ситоиш ёфта, модар танхо дар абёти панду ахлокй ном бурда шудааст, чунончи, дар ашъори Саъдй, Хофиз,Чомй, Бедил байтхои алохидае дучор мешаванд, ки дар онхо бузургии модар эътироф мегарданд.
Дар модарномаи Лоик симои умумиятёфтаи модари кухистони точик тасвир ёфтааст: зани оддй, аммо бузург, мехрубон, дуогу; бо муйхои бофидаи пилтабаста, бо дастхои ширбу. Лоик дар ситоиши модар суханро дарег надошта, уро хатто чони чахон номидааст. Умуман, фазо дар модарномахои Лоик густурда буда, шоир ба гайр аз бузургдошт ва эхтироми модар барои тасвири манзарахои табиат ва табиати мардуми кўњистон низ чой бокй гузошта, бузургиву саховати ин мардумро дар симои модар тачассум намудааст.
Анъанаи офариниши модарнома дар эчодиёти насли минбаъдаи шоирон, аз чумла, Фарзона низ пайравй шудааст. Модар барои Лоик агар мояи ифтихор ва хотироти гохо ширину гохо дардомез бошад, барои Фарзона баробари боиси ифтихормандй будан, шахси муттакову паноханда низ хаст. Шеърхои дар ин мавзуъ навиштаи шоира дар шаклхои газал, нимой ва сафед фарохам омадаанд. Дар ин кабил ашъор симои модар гохо хира, гохе дигар хеле равшан ба назар метобад. Чунончи, дар «Бими фардо», ки нимоист, симои модар хира аст, ки дар хаёли духтар бо телефон ба у мегуяд:
…Садои модари ман бардаму чавон гардад.
Ва гох нола кунад ин садо: Манам танхо,
Магар намешуд аз ин шахр бахти ту пайдо.
Надонам, эй модар. 
Харчанд эчодкор модарномахояшро мисли Лоик дар як мачмуа чамъоварй нанамудааст, мачмуи ин кабил шеърхояшро модарномахои у номидан хато набошад. Дар «Дасти дуои модар»- и Лоик 43 шеъру газал ва чанд дубайтиву рубой чой дорад. Дар се чилди девони Фарзона наздик ба 16 адади шеърхо чой дода шудаанд, ки дар шаклхои гуногуни шеърй, баъзеашон пурра ба модар бахшида шудаанд, дар кисме аз онхо чое мурочиат ба модар, ё ягон чехраи у матрах аст. 
Дар анъанаи газалсароии форсу точик маълум аст, ки хар як байт бар сари худ истиклоли маъной хам дорад. Як газали шоира њам аз ин кабил аст, ки мавзўъхои шикоят аз берахмии замона, харобии Ватан, номехрубонии мардум баррасй шуда, сипас бо ин байт, ки мухотабаш модар аст, хотима меёбад: 
Модари офтобиам, ох, чи шабсириштам, ох.
Шаъшаа пош, пош, пош бар ману зиндагониям. 
Дар газали дигараш модарро «хуршеди фурузонфар», «субхи тулуи дил», «нусрати раббонй», «Марями беисй» меномад. Инхо тасвирхои наве хастанд, ки ба модар нисбат дода шудаанд. Шеърњои «Боз бизй, боз, боз!», «Фатвои чадид», «Мубашшири субх», «Садои сабзи имон» – ро метавон сирф модарномахои шоира номид. Масалан, дар шеъри нахустини мазкур, ки дар шакли китъа аст, чунин мисраъхо меоянд :
Боз туй, боз туй, боз ту,
Он ки маро чону чигарбанд монд.
Бар дили ман хуни биполанда бурд,
Риштаи шарён шуду пайванд монд…
Дар дили фарзанд хуни полоянда бурдан тасвири тоза дар адабиёти муосири точик аст, ин холат нишон медихад, ки чй андоза миёни фарзанду модар риштахои кавист ва чй андоза модар дар њаёти фарзанд мавкеъи бузург дорад. Дар китъаи мазкур талмехи «хуни биполанда» бадеияти шеърро фузудааст. Симои модаре, ки Фарзона офаридааст, тимсоли зане аз ахли илм аст (Модарчон! Аз чунбиши мавзуни хомаи ту дар зиндагии ман субх метаровад. «Фатвои чадид»), ки дар шањр зиндагй мекунад. Ин зан бо каламу дафтар сару кор дорад ва хамеша духтарашро ба имону бовар ба зебоихои зиндагй ва бахрабардорй аз ин неъмат мехонад. Шоира дар боби модарномахои Лоик ва худаш чунин изхори акида дорад: «Модари ман инсони донишманде бо тафаккури густурда хастанд, ки фазои зиндагй ва фазои фикрашон дигар аст. Аммо шеъри устод Лоик чун дарди чонсузи кулли мардуми точик аст, дарди ман хам хаст». Агар дар модарномахои Лоик чихати фалсафиву ичтимой пуркувват бошад, дар ин кабил ашъори шоира андешаву эхсос ва хаёлангезй барчаста аст. 
Шояд баъди Лоик дигар шоире ба дарачаи Фарзона набошад, ки бо лутфи беш ва садокатмандй аз мењрубонй ва бузургихои модар ин кадар зиёд харф зада бошад. Дар тасвири у модар симои занест зиёии шахрй, ки барои духтараш пири поки панохандаро мемонад.
Ба чуз модарномахо дар ашъори Фарзона, агар гуфтан раво бошад, модаронахо низ чой доранд, яъне шеърхое, ки аз номи модар гуфта мешаванд: гохо дар шакли хитоб ба фарзанд, гохе дар холати болидагй аз модарй. Ин кабил шеърхо, ки асосан дар чилди аввали девони шоира бештар ба назар мерасанд, дар шакли китъа ва газал хеле пурэхсоси дилнишин фарохам омадаанд. 
Фарзанд мояи хушнудй ва тозарухии модар аст, бо таваллуди у чахон дар чашми модар ранги дигар мегирад:
…Чашми шабгунаи ман рушан шуд
Омадй гуна бадал кард чахон.
Абр бо ояти борон хонад
Ин шаби кудс ба гуши ту азон.
Шоираи модар, ки аз бузургиву фарзонагй дилгир аст, акли содаву тифлона, маъсумият мехохад. Гохо тифлаш уро аз хар кор бозмедорад, бинобар ин модар аз тифлаш, ки бо вучуди хурдй бар рагми «чумлаи гурдон» ба у голиб гаштааст, хохиш дорад, ки уро аз шеър гуфтан бознадорад.
Дар адабиёти имрўз, агар хато нашавад, баъди Гулрухсор Фарзона дуввумин касест, ки аз тифл, аз ифтихори модарй ин кадар зебо, яъне шоирона сухан мегўяд. Гулрухсор дар ин маврид суханро дар колаби шеъри чормисрагй, ки одатан мўхтамили мавзуъхои ичтимой-ахлокй мешавад, рехтааст: 
Чашмони тифлам
Ситора доранд.
Дар шоми модар
Ситораборанд.  
Ё чои дигар :
...Гирди гахвораи ту сархади мехр,
Ман ба гирди сари ту сархадбон.
Хоби ман, рохати ман садкаи ту,
Хоби сахти ту мабодо вайрон!  
Аммо ходисаи камназир аст, ки Фарзона дар назми точик суханро дар мавзуи тифлу модар ба колаби газал мегунчонад. Дар байтхои поёние, ки аз як газал оварда мешавад, гиряи бача «номаи милоди навбахор», хандааш «таронаи нушини обшор» аст, шоира тифлашро даричаи боз ба суи нур мехонад. Бояд таъкид кард, ки мафхуми равшаниву нур одатан дар ашъори ошиконаи шоирон, аз чумла худи мавсуф, омадааст. Чихати тозагии кори эчодкори мазкур ин аст, ки ин мазмунро дар нисбати тифл истифода намудааст:
... Рузе, ки офтоб гурубад ба чашми ман,
Ту охирин даричаи бозй ба суи нур.
Хуш омадй ба дањри гунахпарвару дурушт,
Ох, эй вучуди поктар аз чашмаи булур. 
Хамин тарик, модарнома ва модаронахо дар эчодиёти шоира чои алохида дошта, ба тарзи хос адо шудаанд ва барои устувору садодор гардидани биниш ва охангхои хоси занона дар адабиёти точик сахмгузор хастанд.



--
-D

Санъатхои бадей дар ашъори Фарзона


Корбасти санъатхои бадей дар коргохи эчодии шоирон одатан бо максади ороиш ва муассир гаштани сухан амалй мешавад. Фарзона дар ашъори худ гохо аз санъатхои бадей хеле фаровон истифода бурда, табъозмой кардааст ва хунари баланди эчодкории худро ба намоиш гузоштааст. Истифодаи фаровон аз ташбеху истиора, мачоз, ташхису такрор, тазоду иштикок, лаффу нашр, талмех ва дигар санъатхои бадей нишонаи он аст, ки эчодкор огохии том аз шеъри шуарои пешин дорад. 
 Ташбех аз серистеъмолтарин навъи санъати бадеист дар ашъори шоирон, минчумла дар ашъори Фарзона.Дар китобхои илмии назарй, чунончи дар асари «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и олими асримиёнагй Атоулло Хусайнй, дар китоби «Санъати сухан» -и адабиётшиноси муосир Туракул Зехнй ва дигарон навъхои гуногуни ташбех нишон дода шудаанд, чунончи, ташбехи мутлак ё мурсал, киноят, машрут, тасвит, акс, измор, тафзил, мураккаб. 
Мо умуман дар ашъори Фарзона анвои гуногуни ташбех ва санъатхои дигари бадеиро дучор шудем, вале ин чо бо баъзе намунахо иктифо менамоем.
1.Ташбехи мутлак, ки ташбехи сарех низ мегуянд, содатарин навъи он аст, ки бо адот меояд:
Кудаки гохвора мехобид,
Чун китоби хануз нанвишта
Дар ин мисол мушохида мекунем, ки тифли гохвора ба китоби хануз нонавишта монанд карда шудааст. Ин намуна хамчунин ташбехи хиссй аст, ки асоси монандкунй бар чизхои махсуси дидашаванда аст. 
2.Ташбехи измор (музмар). Дар ин маврид чизе ба чизе ташбех карда мешавад, аммо зохиран чунин метобад, ки ташбех максади у нест, хол он ки дар замири ин тасвир максуд хамон ташбех аст.Чунончи, дар байти зер калимаи «офтоб» ташбехи измор аст:
Мегуяд офтоб аз они факат ман аст,
Хар кас туро ба хеш, ки мансуб мекунад. 
Чун гард бо домони ту ман ишкварзй мекунам,
Ин сураи ихлосро бо рухи Шамсиддин бигу. 
Дар байти мазкури дуувум ташбехи мураккаб низ корбаст шудааст, чун мисраи дуввум ташбехкунандаи мисраи аввал аст, яъне «ишкварзй» ба «сураи ихлос» ташбех шудааст.Ин чо ташбехи мураккаб барчаста ба назар мерасад ва ташбехи измор, ки «гард» аст, дар сояи он мондааст.
Мачоз ва киноя воситахои баёни мухайял хастанд ва дар бадеияти шеър сахми бузург доранд. Такомули минбаъдаи онхо боиси ба майдон омадани якчанд санъатхои дигар, аз чумла истиора, мегардад.Мисоли инро дар байти зерин дидан мумкин аст:
Гукон нишеман кардаанд андар булурин обхо,
Ман хурии нилуфарам руида дар мурдобхо.  
  Истиора дар сохтани тасвирхои тоза ба тозаи бадей мусоидат намудааст, чунончи :
Уммони мано, гавхари чашми ту ба чонам,
Дар сабзаи мижгони ту гавхар кунам эчод. 
  Ташхис дар ашъори шоира барои таъсирбахшй, завкбарангезй ва дар офариниши тасвир ахамияти калон дорад.
Остин афшондаву гарде нисорам кардай,
Чашми ман хушбахт шуд, савганд бар чашмони ту.  
Ашёхои мавриди алокаи занон дар тасвирсозихои ў бисёр истифода мешаванд,чунончи:
Гирди чашмам хисори сурма кунам,
Ки мабодо нигах фирор кунад.  
Дар шеърхои Фарзона бехтарин имконият барои чавлони ташхис майдони шеъри сафед гаштааст.У дар ашъори худ чандин чизхоро ташаххус дода, аз шеъре ба шеъри дигар такомул медихад ва дар натича дар доираи тасовири шоира якчанд образхои мукаммали барчаста ба вучуд омадаанд, аз чумла, субх, хуршед(шамс), борон, сапеда, нур, ки мухотаби шоира карор гирифтаанд. 
Дар адабиёти форсй Фуруг буд, ки такрорро ба хадди нисбатан зиёд истифода мебурд. Фарзона дар пайгирии у дар истифода аз ин санъат бештар бахра бурдааст. Такрор агар баъзан дар охангнокй ва зебоии сухан сахмгин бошад, гохо нишон медихад, ки шоир мехохад ягон нуктаро махз таъкид кунад ё таквият дихад. 
Бар хадару ройгон хеч мадех, эй азиз,
Мехргиёхам бидех, мехргиёхам бидех.  
Корбурди мукаррари калимот на танхо хусни зохирии шеърро меафзояд, балки мусикии дохилии шеърро низ ба вучуд меорад, ки ин холатро ба рохат метавон дар шеърхои шоира мушохида кард :
Ишк, ишк, овањ ишк, вожаи масехой,
Бо ту субх месозам аз шабони ялдой.
Шоира бо риояи навъхои гуногуни тачнис ба шакли зохирии шеър чозиба ато кардааст :
Тачниси том :
Биё, дар парда нохун зан, ки мо дар пардаи хобем,
Сахар бо чашми нилуфар нигах бикшуданаш донад. 
Тачниси мураккаб :
Хар як назар зи оташи пинхони синаам
Садхо забона дошт, валекин забон надошт.  
Тачниси зоид :
Пеши ту кистам ман, аё баркчашми дур,
Як лоли безабонаму лахте забонаам.
Тачниси мукаррар (ё муздавач) :
Дар тани бодоми навбар шохаи испанд банд,
Бо чароги гул мунаввар соз маъвои маро. 
Дар мавриди талмех бояд гуфт, ки мурочиати шоир ба ходисахову тимсолхои афсонавию таърихй одатан ба марому тамоюли шоир вобастагй дорад. Чунончи, мурочиат ба Марям, Масех, Шамс майли шоираро ба ирфон нишон додааст. Аз ин кабил симохо дар ашъори Фарзона метавон бисёр дучор кард чун Юсуф, Яъкуб, Зардухишт, Рустам, ки аз ин миён дустдоштатаринашон Шамс ва Масех аст. Дар газалхои ошикона ба образхои Ширину Фарход ё Лайливу Мачнун низ вомехурем:
Охи Маљнун ном дех бар махмили Лайлои ман,
Гом зан холо, ки пешонии танги куча вост. 
Дар байти дуввумй мебинем, ки Лайливу Мачнун дигар хамчун тимсолхои мустакили бадей хувияти худро аз даст додаанд. Шоир «махмили Лайлиямро охи Маљнун ном гузор», яъне «махмили Лайлоям лоики охи Мачнун аст» гуфта, «оњ»ва «мањмил»- ро ташаххус додааст ва ба образи бадей табдил дода, Лайливу Мачнунро ба онхо тобеъ намудааст.
Хангоми пайгирии санъати муболига ва игрок дар ашъори Фарзона мебинем, ки одатан дар дохили мачоз ва баъзе санъатхои дигар омадааст. Умуман дар эчодиёти Фарзона агарчи гох-гох игрок вомехурад, асосан муболига дар холати муътадил корбарй шудааст, чунки муроди аслии шоира мазмунофаринист.
Дар тани офтоб њам яксара мургаке давад,
Сард бар у чу бингарад чашми нафасбарори ман.  
Хадди муболигаро гохо дар ашъори шоира ба тавассути калимахои ёридихандаи "хам" муайян кардан мумкин аст.
Гирах баста гесуи шаб дар нигохам,
Сиёхам зи шаб хам, зи шаб хам сиёхам.  
Аммо гохо дар баъзе маворид мо дарачаи муболигаро аз тасаввури тасвир дармеёбем:
Миггон ба хам орам, ки туро хоб бубинам,
Борон бизанад атсаву хобам бипаронад.  
Ботаъкид бояд гуфт, ки корбасти мутанокиз(парадокс) дар шеърияти муосир бисёр дучор мегардад, хоса дар ашъори Доро Начот ва Гулрухсор намунахои барчастаи онро дучор мешавем:
Омаданам рафтан аст, рафтани ман омадан,
Байни ману арш хаст кашмакаши тан ба тан.
Ба гайр аз санъатхое, ки дар боло дида гузаштем, дар ашъори Фарзона инчунин санъатхои акс, сифатчинй, мусаччаъ, баргардониш, тааччуб, тарсеъ, лаффу нашр, санъати лабрас, ирсоли масал, мукобала, тазод, ихом, шабахи иштикок фаровон истифода шудаанд. Дар корбасти анвои санъатхо Фарзона баробари риояи анъана дар мавридхои муносиб тозакорихо намудааст.Чихати умумии кори у дар ин чода билвосита чорй намудани рухи замон дар шеър, биниши тоза, чустучухои хаёлй ва омезиши якчанд навъи санъатхо зимни офариниши тасвири бадеист. 



--
-D

Хусусиятхои образи дуст дар ашъори Фарзона


Тимсоли дуст дар адабиёти точик нав набуда, хануз дар адабиёти мумтози форсй дар ашъори як идда сухансароёни номй чун Саной, Румй, Саъдй, Хофиз ва дигарон чой доштааст, Чунончи, Саной дар мадхи дуст мегўяд :
Рафтаст бари дуст, наёяд бари ман дил,
Донад, ки чу у як бути дамсоз наёбад.
Гаштаст дил огох, ки ман хеч намондам,
З-он боз наёяд, ки маро боз наёбад. 
Дили ориф дар бари дуст чо гирифтааст, зеро медонад, ки мисли у хамрозу дамсозе пайдо намешавад. Азбаски ориф аз худ гузашта, бо дуст пайвастааст, дили огахаш дигар ба ў барнамегардад. Маълум аст, ки сухан дар бораи дусти илохй меравад.
Дуст мавриди алокаи бештари ду газалсарои бузург – Саъдиву Хофиз низ карор доштааст. Дар ашъори Саъдй, ки эчодкори реалист хам хаст, ин образро ба маънихои мачозй ва хам хакикиашон метавон фахмид. Масалан, бо хавои ин дунё нафас кашидан ва пайваста бо маъшуки мачозй алокамандй доштанро ноадолатй ва номумкин дар баробари дусти илохй медонад. У ёри заминиро ном намебарад, танхо тахти ибораи «ду дуст» ба он ишора мекунад:
Розам аз парда бармало афтод,
Чанд шояд ба сабр пинхон шуд.
Саъдиё, тарки чон бибояд гуфт,
Ки ба як дил ду дуст натвон шуд. 
Ситоиши дуст бо бадеияти бештар дар ашъори Хофиз низ чой дорад. Кахрамони лирикии шоир ринди хароботй аст, дустро дар майхона чустучу мекунад, акси уро дар пиёла мебинад, яъне муродаш аз дуст хамин чо хосил мешавад:
Хез, то аз дари майхона кушода талабем,
Ба рахи дуст нишинему муроде талабем.
Зоди рохи харами васл надорем, магар
Ба гадой зи дари майкада доде талабем. 
Дар баъзе холатхо, ки сухани шоир панду насихатомез мегардад, дўст шахси заминй аст, аммо аксаран дўст хамон ёри илохист, ки дар майи маърифатй шинохта мешавад.
Бехуда баррасии хусусиятхои образи дуст дар адабиёти муосир дар намунаи эчодиёти Фарзона интихоб нашудааст, зеро дар адабиёти муосир махз дар ашъори шоира нисбатан зиёдтар ва бо хусусиятхои гуногун симои дустро мушохида кардан мумкин аст, ки дар баробари образхои ёр, сапеда, хуршед ва чанде дигар мухотаби доимй ва мавриди таваччухи бештар карор дорад.
Шоира нисбати мафхуми дуст ва дустй эхтироми баланд дорад ва онро дар газале «пайванди гулобй»-ву «лутфи худовандй» номидааст:
Эй дуст, муборак бод бигсастани ту аз ман,
Пайванди гулобиро бишкастани ту аз ман.
Дар айни шукуфтан мурд ин навгули пайвандй,
Дигар чй кунам уммед аз лутфи худовандй. 
Дар газал, ки хамеша хиссиёти пурсузу гудоз ифода шудааст, ин дафъа шикоят аз дуст садо медихад. Муаллиф дар шеърхояш пахлухои гуногуни характери дустро мекушояд: гох у дугонаест рахдур, ки як замон муттакову хамрозе будааст ва бо у шахси шоир аз фасли гузаштаи чавонй бо дарег сухан мегуяд; гохи дигар у шахсест ноумеду рухафтода, сахтгирихои зиндагй иродаи уро шикастаанд ва у «рухи чахонгир»- ашро ба бепарвоии мачбурй таслим кардааст. Дар ин маврид назари шоир ба дуст танкидй буда, шахси шоир фаъол мешавад ва дустро ба зиндагй хонда, аз у барои «шабзадагон» «киссаи мунир» мехоњад:
Дубора омадам, эй дуст! Ман хануз манам.
Аммо ту ту най.
Ту аз карохати чашми замон панох овардй
  ба огуши духтари раз…
Ту ба бепарвой рах бурдй…
Хандаи беморат
 хичоби фочиахои дили туст…
Адабиётшиноси намоёни точик Юсуф Акбаров доир ба хусусиятхои назми имрузаи точик чунин мегуяд: «Дар шеъри муосир як пайдархамию пайвастагй ва шиддати фикру хиссиёт мушохида мешавад, ки ин нишонаи хеле боло гирифтани хиссиёту хаячон, аклу заковати инсон, нишонаи ба хар ходисаю вокеаи хаёт хеле чукур ва павйваста диккат дода, ба хар рўйдоди олам ба таври худ бахо додани одамон, фикру андешаи муттасили онхо оид ба такдиру кисмати ояндаи инсоният ва умуман олами мавчудот аст.» 
Исботи ин андешахои мухаккикро метавонем дар намунаи шеърхои нави Фарзона хам, ки бештар мавзуъхои ичтимой – ахлокиро дар бар гирифтаанд, мушохида намоем, зеро махз боло рафатани эхсос, фикру андеша бар холи чамъият муносибати шоираро ба зиндагй муайян намуда, бар такомули образи дуст низ сабаб мешавад. Намунаи бехтарин дар ин мавзуъ шеъри сапеди «Фардо меояд» - аст, ки дар он масъалахои мухимтарини иљтимоиву ахлокии руз бо як таъбири «халокати тамаддуни пир» хулоса мешавад. Дар ин шеър симои дуст баръакси интизории мо фаъолу идеалй нест, балки мисли хамаи инсонхо метавонад кохилу ноумед бошад. Яъне шоира баробари дар баъзе шеърхо идеализатсия кардани образи дуст дар у як инсони мукаррариро мебинад.
Аммо дар хама холат дуст касест, ки дар хама чо уро бо бекарорй интизорй доранд ва хар гох сухан аз начобату некии у меравад, тасвирхо ранги равшан мегиранд:
Дар нигохаш садокати рушан,
Дар сукуташ тулуъи андеша,
Дар лабонаш табассуми шаффоф… 
Ин гуна тасвири чузъии образи дуст дар адабиёти мумтози мо хеле кам ба назар мерасад ва асосан дуст бо хусни зохирии дилбарона ва ахлоки хамида ситуда шудааст. Дар аглаби намунахое, ки дар боло оварда шуд, дуст як инсони заминй нишон дода шудааст. Аммо гохо ин тимсол ранги идеалй гирифта, як дарача хусусияти илохй хам касб намудааст. Масалан, дар шеъри «Булбуле дар кафаси синаи ман» бе он ки тархи чехраи дуст кашида шавад, бо гуфтани розхои ошикона ва андешахои маърифатй ба симои ин мухотаб обу ранги ирфонй зада мешавад, яъне шахсе тасвир карда мешавад бо камолоти маънавй, ё касе бо макому кудрат болотар аз инсони мукаррарй, - дусте, ки кахрамони лирикй ба кабули дили вай мешитобад. Ё худ дар шеъри «Бо номи азизи хак» дили шоир бо табиат пайванд меёбад, бо алафи салому алайк, навнихоли гелос, мурчаи густох, гахворачунбон ва хар чй содаву поку мастур аст. Гарази шоир бо ин роњ ба некии мутлак, яъне дуст, ки накши хузураш бар офаридањояш насб шудааст, восилу пайваст шудан аст:
Салом дуст! Ба зери шонаи чап чй нихон дорй?
Ин себи сурхро ба кучо тухфа мебарй?
Номи маро ракам зан
Ба номи худ, эй некуии мутлак.
Яъне 
 бо номи азизи хак. 
Хамин тарик, симои дуст чи дар холати заъф ва чи бар сари кудрат, махбуб аст ва дар ашъори эчодкори мазкур бо тамоми хусусиятхое, ки асосан ба инсон хос аст, падидор мешавад. Яъне дар мавриди тасвири масъалахои ичтимой- ахлокй образи дуст бештар тачассумгари симои як фарди заминй аст, аммо вакте ки шоира ормонгарой мекунад ва ба мухотаби худ сифатхои баланди хаёливу ормониашро нисбат медихад, дар ин хангом он ба худ чихатхои тоза касб намуда, рамзнок мегардад ва хусусияти илохй мегирад.
Дар адабиёти мумтоз образи дуст асосан дар гузориши мавзуъхои ошиконаву панду ахлокй дучор ояд, дар ашъори шоира баробари ин дар аксари холат дар заминаи баррасии мавзуъхои ичтимоиву ахлокй бо тасвири чузъиву гуногунпахлуи симои дуст ба назар мерасад ва чихати мухими тафовутй хамин чост. Бояд кайд намуд, ки ин усули наздикшавй ба халли масъалаи гузошташуда ва кушодани характери дуст услуби публисистиро дар шеър таквият дода, ба тарзи баён низ бетаъсир намондааст.
Умуман образи дуст дар адабиёти точик дар намунаи эчодиёти Фарзона аз хар чихат такомул ёфта, хамчун яке аз образхои марказй асосан бори ормонхои олии шоираро мекашад



--
-D

Баъзе нишонахои пайравй аз Мавлавй дар ашъори Фарзона

Баъди мурдан устухонам хамчу нои Мавлавй
Мебарорад бонги ёху, ишк омад, ишк рафт.
Фарзона аз зумраи хамон шоирони имрузи точик аст, ки эчодкорони навгаро шинохта шудаанд. Навпардозихои у асосан дар боби мазмун, тасовир ва колабхои шеърй махсус аст. Гузашта аз ин, шоира дар аксари шеърхояш бо истифода аз баъзе калимахо ва истилохоти илмй, техникй ва замонавй тархи чехраи замонро дар шеъри худаш офаридааст.
Хангоми хондани ашъори Фарзона эхсос мекунем, ки аз байни шоирони порсигу бештар аз Мавлавй таъсир пазируфтааст. Худи шоира дар мавриди шахсияти ормониаш дар каламрави шеър чунин мегуяд: «Мавлавии Балхй, ки хеч наметавонам бузургиашро муайян кунам.. Ба пиндори ман хачми рухи як инсони нобига хам харгиз ба ин фарохй нест. Умуман, ман дар дунё шоиреро ба ин вусъат ва масохат надидаам…»
Таъсирпазирй аз ашъори гуворои Чалолуддини Балхии Румй гохо дар мазмун, гохо дар услуб ва тарзи баён ифода ёфтааст.Шоира ба дарёфти рухи Мавлавй аз рохи такопуи рухонй расидааст. Нақши ин такопуи рўхй дар паи пайдо кардани рози офариниш ва худй хануз дар ғазалхои девони якуми шоир падидор аст:
На зи тахтам, на зи фавкам, на зи юмнам , на зи юср,
На зи хокам, на зи бодам, на зи оташ, на аз об. 
Кахрамони лирикии шоира ба маърифати Худо аз рохи ислом расидааст(Рухи саҳар тавофи гули сурх мекунад,Рухе, ки бар хакикати ислом мерасад.) ва идрок намудааст, ки начот аз ёри илохист. Хакикати илохиро мехохад дар худаш пайдо кунад. Ишк ба у чунон кудрат додаст, ки чуръат пайдо намудааст то бигуяд:
Болам деху авчам бубар, то ишк варзам бо Худо,
Эй, ки чавонй додай дар олами пире маро.  
Барои Мавлавй дил тарчумони забони маъшук аст:
Миёни орифу маъруф ин дил,
Хамегардад ба сони тарчумоне. 
Кахрамони лирикии Фарзона низ мехохад мисоли оина байни ошику маъшук тарчумонй кунад:
Оинаам, ки байни туву ту нишастаам,
Бигзор то ҳамеша чунин тарчумон шавам. 
Аммо таъсири хаёти моддй бар у ногузир аст ва хаёти дугонае дорад дар олами моддиву маънавй:
Дар байни руху чисм хаётам дугона аст,
Ишкам зи рух рох надорад ба пайкарам. 
Миёни газалҳои Фарзона миқдори зиёди ғазалҳое вомехуранд, ки хам аз чихати забон ва хам аз чихати диди шоирона мавлавиоханг хастанд ва дар онхо шури мавлавиёна эхсос мешавад. Дар ин хангом суханхо бо зарбу пурэхсос, мусикой ва раксбарангез мерезанд; такрорхо, тазодхо, шуморхо, муродифхо ин охангро таквият дода, ба хонанда шавку завк ато мекунанд:
Ман, ки дарахти шабам, меваи мохам бидех,
В-ар шафакогуштаам, буи сабохам бидех.
Руди равонам, вале бесарупо меравам,
Рост магу, кач магу, рухаму рохам бидех.
Бар хадару ройгон хеч мадех, эй азиз,
Мехргиёхам бидех, мехргиёхам бидех.  
 Баъзе аз образхое, ки дар ашъори Чалолуддини Балхй маъмуланд, дар газалиёти шоира низ корбаст шудаанд, чунончи, хуршед, ной, дил, нур, мавло, фардо ва албатта тимсоли махбуби Шамс. Ва хамон часорат дар сохтани калима ва истиклоли табъ дар ин даста аз газалхояш зоҳир намудааст, чун «бетуй», «абртар шудан», «камарй»-ву «хуршедй»:
Зи фалак, ки рухсат омад, раҳи бетуй гирифтам,
Ки зи ботуй шикастам ҳама банд-банди худро.  
Бо дилбастагии зиёд ба газалхои Мавлавй ва ирфон Фарзона андешахои орифона ва ошиконаи худро шакл додааст, хатто дар мисоли навоварй чехраи махбуби Шамсро хамчун тимсоли замонавй тагйир додааст :
Шамс, биё, ракси фарангй кунем,
Дасти туро дар камар овардаам.
Шамс хатто дар як чой бо симои занона пайдо мешавад :
Кист гуфтам дилбарат, берун шуд аз айвони субх,
Бонуи заррини ту, шамси хинобандони ту.  
Бо вучуди он ки шамсро бо харфи хурд менависад, яъне, ишора ба он мекунад, ки ин шамс офтоби табиист, на он тимсоли ормонй, ба хар хол хонанда ба ёди хамон Шамси ормонй меафтад. 
Харчанд дар ин даста аз газалхои Фарзона пайравй дар техникаи шеърофаринии Мавлавй эхсос мешавад, бояд гуфт, ки дар газалиёти у вобаста ба рухи замон ва расолати ичтимоии шоир хиссиёти ифтихороти миллй низ чўш мезанад, чунончи дар як газали ошиконааш аз ин дастаи ашъор, аз яшти абастой, субхи митроиву харфи ахурой ёдрас мешавад.
Хамин тарик, дар газалиёти Фарзона хам дар баъзе маънихои ирфонии Мавлавй ва хам ба чихати табъи озоди шоиронаи ин шоир пайравии эчодкорона ба назар мерасад. Бо илхом аз у Фарзона тавонистааст баробари талкини маънихои ирфонй, дар олами имкони худаш такопуву чустучу намуда, гавхари шеъри худро сайкал дихад. 



--
-D

Баъзе хусусиятои шеъри сафед дар ашъори Фарзона

  
Шеъри нав дар шаклхои шеъри нимой, озод ва сафед дар эчодиёти Фарзона мавкеи намоён дорад ва бояд таъкид кард, ки махз дар хамин гуна шеърхои сабки нав шоира истиклоли эчодиро ба даст овардааст ва барои бештар иброз намудани андешахояш имкон ёфтааст, бахусус дар шеъри сафед.
Маълум аст, ки шеъри сафед аз вазну кофия озод аст ва ин танхо як хусусияти содаи шаклии он аст ба ин далел, ки дар чунин навъи шеъри нав хунари шоир бештар бо истифода аз мавзўъхои фалсафй, ичтимой, ахлокй, муаммохои умумиинсонй мавриди назар карор меёбад ва аз назари услуби баён арзёбй мешавад. 
Шоири сапедсарои номдори точик Доро Начот мегуяд : «…имруз шеъри сапед имконоте дорад, ки тамоми дастовардхои романтизм, самбулизм, нотурёлизм, сурриёлизм, риёлизм, футуризм ва чараёнхои дигарро фарогир бошад.Аз ин ру, бо равишхои шеъри вокеъй, тахайюлй, ирфонй, куръонй рушд кардааст ва хадафе бузург дорад, ки он хам ба наздику ягона кардани тамаддуну тафаккурхои башарист.Лизо шеъри чахонист ва ояндахо…»
Дар ду девони аввали Фарзона бештар шеърхои нимой, сипас шеърхои озоду сафед омада, дар девони саввум асосан шеърхои сафеди шоира гирд омадаанд.Аз ин метавон чунин хулоса намуд, ки шоира дар айни камоли эчодияш ба фарози андешаву тафаккур расидааст. Гузашта аз ин, психологизм ва монолог дар ин шеърхо накши намоён дорад. Њамин майли андешидан ва тафаккур намудан ба шеър рухияи эпикй бахшидааст. Аммо талоши зиёди шоира барои баёни тоза ва бадеияти баланд рухияи лирикиро дар ин дастаи шеърхо нигах доштааст. Фарзона шоираи хассос, дакикназар ва андешапарвар аст. У ба тамоми масоили зиндагй назар андохта, аз дидгохи занонаи худаш бахо медихад. Дар тасвирхои у биниши хоси занона низ эхсос мешавад .
 Шоира дар чараёни баррасии масъалањои ичтимоиву ахлокй майлхои худашро муайян мекунад. Баробари гузориши масъалахои гуногуни хаётй, майлхои худогохй, дар худ фуру рафтан, такопу барои пайдо кардани ёри хакикй, расидан ба рушанй, даъвати мардум ба растагорй мазмуни асосии шеърхои шоираро ташкил додаанд ва хамин майл мехвари асосии шеъри шоира гашта, аз як шеър ба шеъри дигар хамчун мазмуну гояи асосй ва мояи аслии шеър сайкал гирифта, бо пирояи нав ба нав ороиш ёфтааст. Дар хамин заминаи начотхохиву равшанипарастй дар шеърхои Фарзона як гурухи калимахо мисли «субх», «хуршед», «дуст», «фардо», «сапеда» ба вучуд омадаанд, ки ба таъбири Ахавони Солис «калимахои ахурой» мебошанд. 
Гузашта аз ин, хамин тамоюл чихатхои ирфониро дар шеъри шоир ба вучуд овардааст. Шоира аз хар рохе, ки ба эчоди шеър ворид мешавад, онро одатан бо начотхохй, дарки худй ё даъват ба ворахидан аз зулмат, мурочиат ба ёри осмонй, ки аксар ба унвони дуст, хуршед ва мухотабхои таркибии гуногун меоянд, ба итмом мерасонад. Шакли шеъри сафеди Фарзона одатан чунин ранг мегирад: тасвири ягон ранги табиат ё холате дар хамрангй бо холи шоир ё чамъият огоз шуда, сипас тахлилу баррасии масъалахои гуногуни хаёт ва ё андешахои дигаре ба миён меоянд, аз инхо шоира ба ягон хулоса меояд ва ё гурез мечуяд, умедвор мешавад, ба чизе бовар мекунад, ё аз мухотаби хамешагияш мадад мепурсад, ки дар он гох хислатхои инсонй падидор аст, гохи дигар он тамоман заминй нест, чунончи дар шеъри «Гулувви нур» мушохида мекунем :
Эй азизе, ки нигохат аз сафархои осмонй бармегардад...
Эй паёмат паёми офтоби тобистон!
Ба горхои дили мо ба хамла ворид шав
Эй аз фарози дарки башар дур,
Эй гулувви нур! 
Фарзона шоираест сахт дилбаставу ошик : ошик ба зиндагй, ба одамон, ба офаридахо ва худи офаридгор. Вай аз хама рох ба суи ишк, равшанй меравад ва хамеша толиби он аст. Зеро начоти ахли башарро дар мехрпарварй ва равшанихохй медонад. Хамин тамоюли ишкгуиву худочуй ва начотхохй ирфонро дар ашъори шоира шакл додаст. Аз ин рох шоира ба Сухроби Сипехрй наздик мешавад ва гохо акидахои Сўхроб, ки мегуяд :
…Чашмхоро бояд шуст,чури дигар бод дид...
Зери борон бояд рафт.
Фикрро, хотираро зери борон бояд бурд…
дар ашъори Фарзона таквият меёбад . «То рози хастй идрок шавад, то дар хар падидаи зиндагй асари зиндагиро дарёбем, бояд нигохамон ба борон шуста бошад», мегуяд у дар шеъри «Нигахполо» :
Нигохамро полой, эй борон!
Барои малохати бемисли гули себ, нигохамро полой… 
Шеъри сафед ба Фарзона имконият додаст, ки дар бораи мохият ва фалсафаи зиндагй амик андеша намуда, хулосахои мухим барорад, мулохизахояшро бо дигарон ба хам бинад, харчанд гохо дар ин маврид сухан тулонй шудааст. Дар услуби баён имконоти шоира бештар гашта,гохо дар доираи як шеъри лирикй калимаву истилохоти байналхалкй, як кашфиёти шоирона аз зиндагй ва ё як назарияи илмй дар муносибат бо вазъи рухонии шоира оварда шудааст, чунончи «аксиома» дар шеъри «Гулувви нур» : 
Ай офтоби тобистон!
…Ту аз ин бечавобии ишк озурда нашав.
Ту аз гурези башар фикр накун.
Ту аз эхсоси кухнагии хеш ранч накаш.
Ту ба ин аксиома бовар кун,
Ки висол ишк нест, ишк фирок аст ,
Ин мардум асли хуршедро 
  дар чиллаи зимистон маърифат хоханд кард.
Ба кавли Доро Начот шеъри сафед «… шеъри тафаккур аст, ки дар сатхи баланди завку дониш карор дорад». Ва кушишхои Фарзона барои падид овардани намунахои бехтарини шеъри сафеди точик сазовори тахсин аст, ки шеърхои сапеди точикона, занона ва ормонгароёнаи точикро бо обуранги ирфонй дар шакли чаззоб падид овардааст. 



--
-D

8 мая 2009 г.

Аз шеърхои тоза

Ман аз овони гахвора ачаб тифлонаху будам,
Гузашт айёми пириям, кунун фасли шубобам дех.
                 (Фарзона)

Надонам кай ба охир мерасонам фасли пириро,
Чавониро кашонам то зи нобудй сари огоз.
Нихоли килки ту бар сафхаи барги вучуди ман
Тароватро, саодатро, шагафро то кунад эчоз.

Надонам кай зи шодй мистари рагхои ман пайдо
Шавад дар пусти нозукам ба пои номахои шав.
Ки кай ман меравам аз худ дар оинаи худй,
Ки кай бахшоиям андар хузури хеш холи завк..

Надонам кай ба охир мерасад ин фасли нобудй...

  ****
Хатохояшро хак хохад кард, ба хок,
Гунаххояшро накш хохад зад, бар об,
Гузаштахояшро ба ёди бод хохад андохт.
Ва сарторики хавасхояшро
Дар тоби ситорае хохад гудохт.
Тухмаи мехрро дар мох хохад кошт.
Ва дидагонашро рушан хохад кард ,
Тифли эчодашро
 Дилшод ном хохад гузошт…
 
  ****
Килки нигохатро
Бар мехбари чашмам бибар
Ва савгандномаи садокати ишкро
Дар синаи ман мухр бизан. 
  
  ****
Ишкро 
Дар чашмонаш обй,
Дар нигохаш рушан
Ва дар дилаш ба хун полудай,
Ки ин кафорати гуно-ст... 



--
-D

Чашмаи ишк

Шинос шавед : Баходури Убайдуллох – 8 июни соли 1983 дар Самарканд дар хонадони шоири маъруфи Самарканд – Чавдат (1886-1981) дар оилаи омузгор таваллуд ёфтааст.
Дар факултаи таърихи фалсафаи Донишгохи давлатии Самарканд тахсили илм намудааст. Алъон дар Донишкадаи забонхои хоричй аз таърихи фалсафа дарс мегуяд. Дар мавзуи «Масъалаи худташкилкунии инсон» («Проблема самоорганизации человека») кори пажухишй дорад. Хамчунин мавсуф сармухаррии рузномаи узбекии чумхуриявии «Келажак авлод» (Насли фардо), ки нашрияи маданй-маърифии чавонони Узбекистон аст, ба ухда дорад.
 Мачмуаи нахустинаш бо номи «Чашмаи ишк» соли 2007 дар нашриёти «Зарафшон» - Самарканд дар хачми 60 сахифа аз нашр баромадааст.
 Дар зер баъзе фикрхои худро доир ба ашъори мачмуа ба тарзи умумй баён намуда, чанд намуна аз онхо меоварем.
 Шеърхои Баходурро метавон шеъри самимияту садокат номид, зеро дар онхо мавзуи ишк, мухаббат ба Ватан, арзи эхтиром ба падару модар бо сидку самимият тараннум мешаванд. Вокеан, самимияти сухани шоир аз абзорест, ки шеъри уро муассир ва нишонрасменамоянд, вагарна шеъре бо суханхои носамимона сохта ва кори ичборист.
Яке аз муваффакиятхои шоир дар он аст, ки метавонад розхои худро дар колабхои анъанавиии назм чун газал, рубой ва дубайтй резад. Батаъкид овардани ин нукта бемаврид нест, чун дар киёс бо дигар чавоншоирони самаркандй дар эчодиёти Баходур бештарин намунахои жанрхои анъанавии мазкур, бахусус рубоиву дубайтй чой доранд. 
Муаллифи сарсухани китоб шоир Асадуллох Исмоилзода нисбати шеърхои шоир чунин мегуяд : «…Дар пайравии шоирони классик ва муосир шеър мегуяд. Таъсири шеъри Лоик дар навиштахои Баходур бештар аст». Дар хакикат чанд тазмине, ки бар газали Лоик навишта шудаанд, ин гуфтахоро таквият медиханд. Гузашта аз ин, мавсуф дар колабхои нави шеърй низ табъозмой намудааст, ки дар шумори намунахои бехтарини шеъри нави у метавон «Калам» ва «Нилуфар»- ро ном бурд, ки бо эхсоси баланд ва тасвири чолиб навишта шудаанд.
Баходур шоири мазмунофар аст. Масъалахои ахлокиву ичтимой, тазодхои гуногуни зиндагй, мавзуъхои ошикона, милливу ватандустй ва гайра бо забоне дур аз муглакбаёниву мавхумписандй баён шудаанд. Баробари ин дар мачмуа шеърхое дучор мешаванд, ки аз назари арзиши адабию бадей костагихо доранд. Чунончи, гохо мазмунхои оддию мукаррарй дар баъзе рубоиву дубайтихо ба риштаи назм кашида шудаанд :
Дихад мехнат ба одам шодмонй,
Шавад осон зи мехнат зиндагонй.
Ба мехнат доимо кушед, азизон,
Ки мебахшад хаёти човидонй.

Хурсанд шавй, чун падарат шод кунй,
Гар аз падарат дур шавй, ёд кунй.
Гар кадри падар хеч надонй, курй,
Курию карй, аз падарат дод кунй.

Баъзан холати умумигуй дар шеърхое, ки дар мавзуи гузашти умр, панду ахлок, васфи зодгох гуфта шудаанд, мушохида мешавад.Бо назардошти он, ки ин мачмуаи нахустини эчодкор аст, чунин гумон меравад, ки баъзе аз ашъори камсуфта ачаб нест навмашкхои у бошанд.
Умедворем, Баходур, ки чавонмарди кушову чуяндааст, шебу фарози рохи шеърро барои худ хамвор намуда, «Чашмаи ишк» -ашро ба дарёхо мерасонад! 


Калам!
Эй хамзабони дил, кадам зан,
Ба руйи когази сина.
Б ачуз ту хасрати дилро кй мегуяд, чй мечуяд?
Ба чуз ту накхати гулхои уммедам кй мебуяд?

Калам!
Максуди дил хосил намо ин дам
Азизонро сияхму кун,
Разилонро сияхру кун.
Аламбардори хак гарду
Хакикат гу!

Калам!
Ман зиндагонй дуст медорам,
Нишоту шодмонй дуст медорам.
Хаёти навчавонй дуст медорам…

Паи бахти Ватан ин дам
Бирав, пои ачал бишкан…

НИЛУФАР
Мани танхо,
Мани лабташнаи хомуш
Нишастам бо хаёле дар лаби дарё…

Шаби торик буду ахтаре не, хамсаре не,
Факат дарё ба овози махинаш
Суруди дилкушо мехонд.

Назар андохтам бар об
Бихишти хокиёнро дошт огушаш
Ба ногах бо хаёли хуш
Бидидам олами нав, хаёти нав.

Чй буд он, ки дурахшон кард дарёро?
Ба пиндорам,
Ки мах гаштаст гарки об.
Ба чашмони кабуди ман
Нурафшон гашта он махтоб.

Мани танхо
Ба чашми осмониям,
Ба махтоби хамон дарё
Шудам ошик,
Шудам ошик!

Газалхо
Ба расми рузгорон ёди ман кун,
Ба хакки хакгузорон ёди ман кун.
Манам як гунчаи уммеди дилхо,
Ба фасли навбахорон ёди ман кун.
Ба гушам Оби Рахмат алла мегуфт,
Ба сози обшорон ёди ман кун.
Дилеро меписандам, ки гаме дошт,
Ба ёди гамгусорон ёди ман кун.
Давидам аз паи бахтофариниш,
Ба пеши бахтёрон ёди ман кун.
Ба рохи ишки ту обилапоям,
Чу бинй рахгузорон ёди ман кун…

«Чун чароги лола сузам дар хиёбони шумо»,
Бигзарад хар руз рузам дар гулистони шумо.

Аз бари бахти шумоён зистан хам бахт буд,
З-ин сабаб дигар нагардад табъи шодони шумо.

Эй валиди Оли Сомон, мардуми Машрикзамин,
Шамс бар мо нур пошад хамчу чашмони шумо.

Хеч гах холй намонад то шумоён хамзабон,
Чои Фирдавсиву Сино, тахти Сомони шумо.

Дар хуни поки шумоён чуш дорад мехри халк,
Кахрамон шуд чун Тумарис, Испитомони шумо.

Доимо сарсахт бошад, хам гирифтори чафо,
Он касе, ки хост гирад аз гиребони шумо.

Бо дили пурмехр ин дам шеърборон кардам,
Ин дили ошуфтаву хам навбахорони шумо.

Гурухе на чу оташ, на чу обанд,
Ба гам тобе надоранду «битобанд».
Фасона гуфта андар махфили мо,
Мисоли олимони бекитобанд. 
Ба сират чумла ботине надоранд,
Ба сурат хешро одам хисобанд.
Ба минбар гуиё дунё бидида,
Дар айвони чахон хайрон бимонанд.
Ба ботин бингарй зулматнишонанд ,
Ба зохир бесаранду «мохтобанд».
Ба дида хар кучое мешитобанд,
Ба пеши хон ба уммеди кабобанд.
Сухан гуянд агар – хамдарди мардум,
Ба максад, бин, гурезони азобанд.

Резахои дил
(Намунахо аз рубоиву дубайтихо)

Эй одамиён, мо хама якдаст шавем, 
Аз чоми хирад нушида, сармаст шавем.
Харчанд зи якдигар агар дур шавем, 
Бо мехри Ватан занчири пайваст шавем.

Аз дасти замин –дояи худ уф накунед,
Дар оби равони ин замин туф накунед.
Хар шоми шумо чу рушан аз сузи чарог,
Афрухта чароги хешро «пуф» накунед.

Имруз гирифта тешаи фарходй,
Мо манзилу хар кух кунем ободй.
Хам ном бидодем варо «Ишкобод»
Эй дилбари чон, бикун муборакбодй.

Аз каъри замин маро хабар омадааст,
К – ин хок чу мероси падар омадааст.
Маймун дигар одам нашавад, ин гили мо,
Донед, ки носуфтатар омадааст.
* * *
Ба хар чое, ки бошй, зинда бошй,
Факат бо чехраи пурханда бошй.
Ба хар чое равам, гардам ба суят,
Агар рохи маро поянда бошй.
* * * 
Агарчи бегараз ёред, ёрон,
Мани мастонаро доред, ёрон.
Равам аз зиндагй бо арзаи гайр,
Зи нав бар зиндагй оред, ёрон.
* * *
Ба руят бахти хандонам аён аст,
Ба суят гар равам, дил шодмон аст.
Агар аз хандаат хандад гули ман,
Аё модар, зи бахти ман нишон аст.
* * *
Намонад гунчахои нокушуда,
Намонад шеърхои носуруда.
Биханд, эй гунча, бар субхи бахорам,
Дарег аз шоирони хокбуда…
* * *
Чаро, эй хок, чонам мекашй ту,
Касони мехрубонам мекашй.
Гахе бистар, гахе болин шуда, гах
Чу саг хар устухонам мекашй ту

  Эпиграммахо
 (Илхом аз хачвияхои хачвнигорБахтиёр Чумъа)
Акл ба мол аст, на ба сол.
* * *
Чизе, ки ба карз медихед, аввал аз бахраш бароед.
 * * *
Аз моли Хитой партовгоххо бой.
* * *
Пулдорро бусиданду бепулро газиданд.
 * * *
Мехрубонтарини одам пул гаштааст.
 * * *
Зиёфат ба шарафи шахзода асту хак ба чониби хакдода.
 * * *
Чуй накобй, об нест,
Пул наёбй, хоб нест.
* * *
Марди бепул хама занро номаъкул.
* * *
Рав, бозорро сайр кун,
Мард бошй, хайр кун.
* * *
Девона гурез, ки пулмаст меояд.
* * *
Ягон мукофот беминнат нест.
* * *
Овози дег оханги зиндагонист.
* * *
Оши амалдор хур,
Бошад агарчи шур.
* * *
Ростгуро гарданкач кардаанд.
* * *
Дар мачлиси мастон хушёр лаънатист.
 * * *
Зиндагй – аспи безин барин.
* * *
Одами бад то «Худорахматй…» шудан.
 * * *
Сабаби касалй – бепулй.
* * *
Дуруггуи бемахорат забонашро мегазад.
 * * *
Диплом, бо хамин хондан тамом!





--
-D

20 апреля 2009 г.

Гамхои бемарг

Шинос шавед : Ярашев Шариф Чумъазода 12 марти 1986 дар дехаи Даштии нохияи Дехконободи вилояти Кашкадарё дар оилаи омузгор ба дунё омадааст. Аз соли 2003 то соли 2007 дар факултаи филологияи точики Донишгохи давлатиии Самарканд тахсили илм намудааст. Алхол дар мактаби раками 56-и нохия аз фанни забон ва адабиёти точик дарс мегуяд.
Аз солхои донишчуй ба шеъргуй чиддан пардохтааст. Асосан дар мавзуи ошикона шеър мегуяд.Дар шеърхое, ки аз эчодиёти у дар даст дорем, буи яъсу навмедй меояд, ки бо вазъи кунунии рухии у вобастагй дорад. Бо вучуди ин дар киёс аз шеърхои пешини шоир метавон гуфт, ки хунари эчодии у сайкал ёфта истодааст, хаёли шоиронааш боли парвоз мекушояд.
Дар ин даста аз шеърхояш шоир хеле эхсосотй аст, аз ин ру баъзе носуфтагихо дар шеър пайдоанд. Мо бо умеди камоли эчодии шоирона дар зер чанд намунаи шеъри Шарифро меоварем.

Шеъргунаҳои гиря

Давоти дидаи худро,
Ба нўги килки мижгонам,
Бурун орам
Ба рўи сафҳаи урёни рухсор,
Кашонам
Ки то шеъргунаҳои гиряи ман,
Бимонад то абад
то човидонҳо…
Ба зўри сўзани мижгон,
Ба тасбеҳи сиришки худ,
Кашам ман риштае аз нур,
Ки то ҳар як намози ман,
Бигардад лоиқи пазруфт!

Мову ту
Умре ба ёди хамдигар,
Аз ҳам чудо,
танчудову
дилчудо,
Нолем ба даргоҳи Худо.
Шояд , ки рўзи вопасин,
Роҳи мову рўҳи мову хоки мо
Бо ҳам биёмезад Худо!
Хаёлвора
Шабонгоҳон нишаста гунгу хомўш,
Суруди дояи ғамро кунам гўш.
Зи лавҳи хотири худ гашта пас гумм,
Зи ёди зиндагй гардам фаромўш.
Ва моҳи пайкарашро дар шаби мў
Ба дастони хаёл гирам дар оғўш.
Ва ё бо ту нишаста то дами субҳ,
Шароби чоми лабҳоят кунам нўш.
Чу бо ту бошам андар вопасин дам,
Бипўшонам ду чашмонам дар оғўш.

Ғамкушта
Рафтй ба дуриҳои дур,
Эй дилбари ғамкуштаам.
Аз ту чудову аз ту дур,
Дар байти хуноғуштаам.

Аз сўи хобҳо то ба ҳеч,
Рафтй чаро, рўъёи ман.
Чун лаҳзаҳои даргузар,
Гумгашта аз дунёи ман.

Ҳар дам, ки бо ту зистаам,
Аз ту набитвонам зудуд.
Ин дам, ки бе ту зиндаам,
Бигрехтаам аз худи худ.

Бе ту дар ин саҳрои ғам
Ман гўшанишинам кунун.
Ман хаймашин Яъқубвор,
Ман дилфигорам аз чунун.

Хоҳам шароби бўсаҳо,
Аз он лабони нўши ту.
Осуда гардам пас шабе
Як лаҳза дар оғўши ту.

Узри дер…
Чаро аз дидаҳои кўр
Нигоро акси худ чустй?
Магар аз дидаи ман ёр,
Ҳамоно дасту дил шустй.

Дигар аз дидаи камбин
Мачўям бо нигоҳи сард.
На бе ту гаштаам ман дер
На беандўҳаму бедард.

Чаро аз ман гурезонй?
Ба сони ҳар дами умрам.
Биё ҳар лаҳза бо ман шин
Ба сони ҳар ғами умрам.

Биё дар ин дами кўтоҳ
Дили худ бо ҳам омезем.
Ки то беранчи дил зистан
Ману ту ҳам биомўзем.

Насиби одамй, эй гул
Зи ин дунёи пурсавдо.
Фақат марг асту бас охир
Дигар ҳеч асту нопайдо.

Туро ранљонда бошам гар
Бубахшо узри дерамро.
Бубахшо бори дигар ту
Ба ман илҳому шеърамро…

Қотил

Пеши меҳроби лаби ту бо суљуд,
Марг мехоҳам ба қасди љони худ.
То ки чоно, бо ҳама буду набуд,
Қотили лабҳои хомўши туам.

Бо ту дидам ман ҳама ин дидаҳо,
Лек набинам бе ту ҳељ нодидаҳо.
То ки бо заҳроби ашки дидаҳо
Қотили чашмони нимпўши туам.

Синаро бо теғи оҳат медарам
То варо бозори ғамҳо мебарам.
То ки он чо аз ғами ту мехарам
Ошиқи ҳар лаҳза майнўши туам.

Боғи умри ман чу гардад тирамоҳ
Рўзи ман чун шоми ғам гардад сиёҳ.
То ки сўи роҳи ту бо ҳар нигоҳ
Ташнаи дидори оғўши туам.

Бе ту андар нимароҳам, нимароҳ
Пурхатову иштибоҳу пургуноҳ.
То нагирй ту маро андар паноҳ
Қотили хотирфаромўши туам


--
-D

13 апреля 2009 г.

Мучассамаи ишк

Шинос шавед : Хоча (Норхоча Чориев) – 28 октябри соли 1972 дар дехаи Богичорбоги нохияи Дехконободи вилояти Кашкадарё ба дунё омадааст. Дастпарвари факултаи филологияи точики Донишгохи давлатии Самарканд (1990-1995) буда, аз соли 1995 инчониб дар Донишкадаи забонхои хоричй ва Донишкадаи тиббии Самарканд ба донишчуён аз фанни таърихи фалсафа дарс мегуяд.Рисолаи номзадияш дар мавзуи «Чахоншиносии фалсафии Азизиддин Насафй» аст.

Оиладор, сохиби 5 фарзанд мебошад. Хоча шоири пухтакору нуктасанч, эхсоспарвару нозукхаёл аст. Аз адабиёти классикиву муосири точику форс хуб огахй дорад. Шеърхояш дорои мазмунхои ишкиву ирфонй ва ичтимоиянд.

Мачмуаи нахустини шоир «Паёме аз жарфои сукут» ном дошта, соли 1997 ба табъ расида буд. Инак, мачмуаи бузургхачми дуввуминаш бо унвони «Мучассамаи ишк» омодаи чоп аст, мутаассифона, вазъи ногувори иктисодй барои нашри он имкон намедихад. Ноумед нестем, шояд миёни мухлисони
шеъру адабиёт хомиёне пайдо шаванд ва дар кори хайри чопи мачмуаи шоир химмат гуморанд.

Дар зер барои мухлисони шеъри ноб баъзе намунахоро аз ашъори Хоча оварда, ба шоир дар зиндагиву чодаи шеър саломативу комёбихо орзумандем.

САПЕДАДАМ
Сапедадам
медамад,
бингар -
гўиё
мурги сапедадам
бо нўги минкори тезаш
аз паси кухи баланди шаб
донахои оташини ахтаронро
як - як аз боми фазо
чун порахои шишаи бишкаста
мечинад.

Сапедадам
медамад,
бингар -
гўиё
духтаре субхидамандом,
дар сари кўхи баланди шаб нишаста,
бо кафи дастони широлудааш
деги кирандуди вожуни фазоро
бо шир мешўяд.

СУРУШИ РУХИ ХУДИИ ЗАРДУШТ
Ба марди хак бувад мушкил миёни девхо зистан,
ки девонро бувад батн аз дуругу хавф обистан.

Ба чуз аз он ки чун барк, аз гиребони вучуди худ,
бурун гардида бишкофад вучуди девхо чун дуд.
Ту дар каъри вучуди худ худиро зиндатар гардон,
ки то сози замину осмонро зиндатар аз он!


ИСМОИЛИ СОМОНЙ
Аз пушти пардаи харири сапедадам,
конуни лоязоли коинот бар замин
хуршедро намуд,
Гуё, ки коинот
бори дигар хуршедро чун тифли рушани
аз нутфаи зарроти нури пок зода буд.

Хуршед бо калиди заррини нурониаш
куфли дари офоки рушанро бар у кушуд.
Дар чашмхои занчириёни шаби сиях,
хуршед нури рушании рузро фузуд.
В - он нур андар тухмаи марде фуру расид,
к - аз рахми модаре, аз он як тифл зода шуд.

Аз шири поки модари худ тифли пахлавон
нушидаш ончунон, ки руйин гашт устухон.
В - аз кудаки ба даст
бигрифт шамшеру
тиру
камон!…
Бар хок як нури назар афканду бар дилаш,
барки нигохаш част пас суи ситорагон!
У тираги аз чехраи ойинахо зудуд,
то дар замин гардид хамоханги осмон.
У давлати Сомониро бо адл тарх рехт,
Гардун чун у асло шахи одил надода буд!…


ДЕВОРИ БУЛУРИНИ ИШК
Руят чу сапедадам
ва муят чу шаб аст,
Лабхои ту чун лолаи сурхи шафаки субхидам аст.
Абруи сиёхат чу хилоли мушкин,
Чашмони ту лабрез зи лутфу карам аст.

Аз хусни рухат партави ойина бихандид,
Дар тасвири хуснат чамани ойина бишкуфт.
Аз ашк бизад об ду чашмам ба рухи гул,
Мижгони сиёхам рахи гулзори туро руфт.

Аз олами нури улви дасти суруши гайб,
дар марзи дилам донаи ишки ту бикошт.
В - он лахза худои ишк дар байни ману ту,
девори булурини чудои бигузошт.

Дил дар кафаси сина кашид охи шарархез,
в - ин шуъла битарсам, ки кашад руи заминро.
Хохам, ки чу бабр аз кафаси шишагии дахр,
берун шаваму бишканам ин касри хазинро!

Эй дилбари чонам ту намедони, ки холо
хар лахза ду дастам мешавад суи ту боло!
Бар киблаи абруи ту саччода ниходам,
аз руи ту чун нури худо кард тачалло!

Дар ойинаи тасвири ман манзари хуснат
бингар на хаёлеву на хобеву на руъёст!
Андоми булурини ту дар пирахани нур,
Вах!… Вах!… Чи покизаву шаффоф чу дарёст!…

Ман, ки аз шуълаи гам сина пур аз фарёдам,
Мушти охи сахариям, ки ба дасти бодам!

Хамчу булбул зи фирокат бикашидам охе,
Бингар аз ишки ту, эй гул, ба чи хол афтодам?

Дили бишкастаи ман буд ба рахат уфтода,
Лутф эхдо нанамуди, нашуниди додам!

Ту мапиндор, ки ойини чахон якранг аст,
Махзун аз хачри туям гар, зи висолат шодам.

Хамчу Ширин манамо майл ба коми Хусрав,
Ошикам ман, ба рахи ишки ту чун Фарходам.

Бустон аз харакоти ту биёмад дар вачд,
Ман хамон ошики он комати чун шамшодам.

Бар дари майкадаи ишк яке панча задам,
Хизр бикшоду намуд хадя майи эчодам!

Суфиённ махбуси зиндони гаму ман дар дайр
Аз гами дахр ба як чуръаи май озодам.

Хоча май нушу биёсой замоне, варна
Медихад гам ба кафи боди фано бунёдам!


МАЙИ ИШК
Ту, эй зан, бодаи ишки!
Булури пайкаратро об кун чун бодаву
дар чоми калбам рез,
ки ман чун ошики махмур,
туро то катрахои охирин
чун май биошомам!..


КОРГАХИ ОЙИНАГАР
Ту ойинадориву ман ойинапарастам,
Дар ишки ту чун хайрати ойина шикастам.

То ойинаи гетинаморо ба каф орам,
Бар хасрати ойинаи бишкаста нишастам.

Аз хикмати зарроти худи то шавам огах,
Шукро, ки расид аз фалак ойина ба дастам.

Асрори чахон, то ки дар ойина шиносам,
Дар шаш чихати олами худ ойина бастам.

Ойинаи тасвир, ки то ноб бимонад,
Аз халкаи тазвиру алойик бигусастам.

Хар зишт маро хост, ки бар дом кашад, лек
Чун мурги зирак аз дами доми у бичастам.

Чун ойина яксон ба баду неки чахон бош,
Ман аз майи хайратсамари ойина мастам.

Эй Хоча, хама тасвири шеърам бувад аз он - к
Дар коргахи ойина ойинагарастам!…


--
-D

23 января 2009 г.

Ба ҳар парвоз, Гуле во шуданист, Боварӣ

Ба ҳар парвоз.
Миёни селаи солҳо ,
Миёни селаи тӯлонии солҳо
Набудам як нафар паррандаи озодсари дунё,
Ба ҷуз мусичаи беҷуръати порсо.
Фазои пешравии ман лаҷанзор буд,
Замони решрави ман аз худаш рафта…

Миёни панҷаҳои яъс пари парвозиям афсурд
Ва он оташ,
ки бар парвонаи уммед медоштам, мурд.
Дигар дидам:
Ба оҳи ман намесозад коргоҳе,
Бибояд оҳи худро додрас бошам.
Ва рози худро дамсоз,
ғамони худро овоз.
Ба худ гуфтам :
«Дигар хоҳам парид
аз шохаҳои бенумӯи пуч.
Дигар хоҳам раҳид
аз шубҳаву аз гуфтугӯи пуч.»
Дигар болотар аз ин бом –
Ба сӯи ахтарони роз,
Ба сӯи моҳтоби ноз.
Ба ҳар парвоз,
ба ҳар парвоз!

Андар хаймаи маҳтоб
Хайма бизан, хайма бизан, моҳтоб,
Ин шаби танҳоии бетобу хоб.
Нақше бизан сурати танҳоиям
Рӯи дарахтони ҳамоил бар об.
Равзана то бар дили ман вокушой,
Парда бигир з-отифа андар ҳиҷоб.
«Ишқ» бувад, «орзу»-яст исми ӯ,
Аз чи ба андӯҳи ҳамонам хароб.
Ҳолаи хушбахтӣ, бигирам ба бар,
Танг бигир, танг бигир, боазоб!
Қалби маро, ишқ, бибар то абад,
Ҷисми маро хоке бикаш, ай сароб!
Дасти маро шоха бигир, ай самар,
Пои маро бӯса бизан, бӯса, об!
Ҳолаи ту мояи хушбахтиям,
Дафтари ашъори манӣ, моҳтоб!

Гуле во шуданист
Туро раҳнамун шавам ба сӯи хушбахтиҳо,
Бирав, бирав, эй ҷисми беситораи ман.
Дилам гувоҳӣ диҳад :
Шояд паси ин кӯҳ офтоби тулӯи мост.

Туро кушоиш хоҳам ба сипанди лӯлиҳо,
Бираҳ, бираҳ, эй роҳи сароғоз баста.
Бовар кунем, биё :
Абри раҳмат аст он чи пардаи сиёст.

Туро наззора кунам, гули ошиқи печон,
Бупеч, бупеч бар тани худ баргҳои сарсабзӣ.
Эҳсос мекунам инро :
Дар бари ин баргҳо як гули вошуданист…

Боварӣ
Ҳанӯз,
ки фасли зимистон
бо яхбандон
Даричаҳои маро
ба инқилоби баҳор
барбаста,
Шохаҳои лухтамро ,
Ки ҳанӯз
Мепалмосад
боди сард
пайваста,
Садои гунҷишкон
ба шавқ водошта
ҷавонаҳои маро, -
Бовар нахоҳам кард,
Дигар,
Ки бигсаста
Пайванди ману табори дарахтон.


--
-D

Бинои эътимод...Дурахши оина

Бинои эътимод.
Имрӯз,
Мардуми мо,
Ки фузун аст ҳунарҳошон,
Мегузоранд бино - хона месозанд:
Баландошёна,
Бо ҳар баҳона –
Гоҳ «ҳамин тур»,
Гоҳ аз ваҷҳи ғурур,
Гоҳ аз пушти ҳавас,
Гоҳ аз баҳри нишон додани нокамӣ зи кас.
Ангор, -
Ба қомати ҳавасбозии хеш гузоранд бино!

Дили ман сахт ларзад,
Ки магар
Маҳкам аст бунёди биноҳошон?
Маҳкам аст андар он
меҳробҳои худоҳошон?


Дурахши оина
Биё, то мардумони дидаро
Бо мардумакони оина
ошноӣ диҳем.
Ва ҷони хешр
Бо дурахши саодати оинаҳо
сафое бахшем.
Ҳар акс, ки аз мост,
дар шаршарааш пок бишӯем.
Ва бар ҷилваҳои саодати хеш
бовар кунонемаш.
Дигар,
Шабонагоҳ,
Пилкаш ба мижагони худ
бозбубандем
ба рӯи худ.
То бознарабояд
ҷодугари шабон
аз пушти оина
Рангинкамони
бозёфти
толеи маро…


Вақте ки сиёҳу сардам
Оҳ, ай ситораҳо!
Оҳ, ай шарораҳо!
Як ламъа ё шӯълае эҳдо намекунед?

Дерест, ки сардам.
Дар кӯчаҳои бечароғи деҳ
Дар рӯи пои ҷустуҷӯи хеш
гӯё, ки гардам.

Дар хонаи танҳоӣ
бишкуфта чун чароғ
Шабҳои коҳилӣ
xомӯш чу барги боғ
Зангор бастаам.
Як ламъа ё шӯълае эҳдо намекунед
аз корвони Каҳкашони хеш?
Бар ман, ки хушбоварам басо
Шарорае зи машъала кофист,
То пилтаи чароғи қалби хеш
Бифрӯзаму
ба рӯи роҳи хеш
Роҳбалад кунам.

Як ламъа, шӯълае?!
Оҳ, ай ситораҳо,
Оҳ, ай шарораҳо!


--
-D

Суҷуд

Суҷуд
Ноланда ҳамчу ной
ё гӯй чун сигор
Дар оташи ҳасорати худ дуд мекунам.
Бар ҳар-к дорадаш
оҳанги оҳи мо
дуруд мекунам..
Ин ҷисми тоқаам
дар кулбаи танҳоии ман
нола мекунад,
Ҷони маро ба сӯзу гудозиш
ҳавола мекунад.
Дар пардаҳои шаб
оҳанги оҳи ӯ
думболаи суруд мекунм.
Танҳо, ки эзид аст
биншаста дар сарои оина,
Бар ҳайкали танҳоии мармуз
ба сояи фитодаам аз ӯ
суҷуд мекунам.

Зангори дили савсан
Боғ холӣ зи булбулон аст,
Ва гулон андар кафи хор.
Оҳи сард мекашад шабнам
Дар тамузи ишқи беҳосил
Баста зангор дили савсан,
Шавқи пираш монда аз гуфтор.

Ку Исии тулӯи нав
Дар сароғози расолате?
Ку пайке, ки сабо орад
Ба самъи мурғи сарафканда
Ифшои рози пунбакҳо,-
Ба таманнои саодате ?

Соғари лола фурӯ рехта ,
Мастон намерасанд аз роҳ.
Дили ман мастӣ мехоҳад,
Аз илтифоти марди худо
Ёрӣ, ҳамдастӣ мехоҳад,
Дили хунхӯрда ба оҳ…


Зери борони ҳаводис
Бинигар парандаро,
ки мепарад
дар иртифои фазо
зери борони баҳорон.
Ва чи сон зебост
муқовиматаш
ба тирандозии борон.
Осмон,
бинигар,
ки офарин хонд
ҷисми кӯчаки далераш ,
Ту, ки ин сон
инсонастӣ –
беҳтарини баму зераш ,
Меравӣ
ҳақиру ночор
зери борони ҳаводис…

--
-D

Рози замонаҳо,Фирорӣ, Пунбаки эҳзон

Рози замонаҳо
Баҳри шунидан
рози ниҳониам,
анбози ман, ҳанӯз,
ту мардӣ мекунӣ.
Дардо, зи қисмато,
бо ман, -заифае
андар камоли яъс –
на мардӣ мекунӣ.
Меёзӣ дасти ишқ
бо шӯълашеърҳо
бар қутби сарди ман
то пиряхони ғам
Бунёд барканӣ.
Аммо зи дури дур
бо сад тоби нур
ту сардӣ мекунӣ.
То кашф мешавам
бар мардумони ту
тарсам, ки мемирад
шавқи ситораат.
Ай ноқае зи нур,
бо шӯълаи умед
даври чи, ай абас
саргардӣ мекунӣ!
Бигзор марову рав
роҳи сапедаро
думболааш, нигар :
фавҷи шукуфаҳо!

Шояд барҳадар
бо бахти хуфтаам-
ялдои сардмизоҷ,
набарде мекунӣ.
Шояд дар ин бисот
рози замонаҳост,
то рӯзе фош кунам
бар аҳли оламат,
Баҳри шунидани
рози занонаам,
ай хоҷаам, ҳанӯз
ту мардӣ мекунӣ.

Фирорӣ
Маро ба оғӯш каш, эй ҳасрати намзада зи ашк,
Ба рашки он биёбони хушку сардоғӯш.
Маро канора гир, эй соҳили шодком зи васл,
Ба рағми оби талхи матрук, монда аз нӯш.

Фирорӣ меравам зи ҳарими висоли ӯ,
Навозишам куну ай бод, печ бар вуҷуди ман.
Нигар сапедаро, ки зинда мешавад ба ишқи нав,
Тулӯи тоза дорад ин ғуруб дар вуҷуди ман.

Фирорӣ меравам зи ҳарими висоли ӯ,
Аз ин қафаси пуршиканҷи бемисоли ӯ…


Пунбаки эҳзон
Ноқаи хуршедро бо бори ишқ
Дар биёбони саробҳо тохтам.
Дар раҳи ишқат аз он чи сохтам,
Бурдаам ҳар он қадар , ки бохтам.
Оини оинаро то бигзинам,
Синаро дар ғуссаҳо бигдохтам.
Ҳамчу Яъқуб бар фарози шохсор
Пунбаки эҳзони худро охтам.
Дар ҳисори гӯшагир пурорзу
Юсуфи Канъониро бишнохтам.
Таъбири рӯъёи фардои туро
Масрафи фардои ҳиҷ пардохтам.

--
-D

Аз "Шабхои маховез"(с.1995-2004)
Оини нилуфарӣ

Биё, ба ҳам бинем
дубора гандумро
Ва дар ашкҳо,
ки бо афсӯс мехӯрем,
Маърифати ишқро
таҳлил бинамоем.


Биё, то себро гоз диҳем
Ва аз сояи тубияш
фирор намоем.
Ва дар биёбонҳои бебарг
реша давонем.
Зи ҳеҷ хорӣ нагӯем,
магар аз об, ки «об!»

Вагарна ову
Рози нилуфарро
Обдортар маънӣ кун,
Ки ҳамвора
Ба роҳи киштии Нӯҳ-
Бар он сафинаи софӣ
Тирарӯзон
мефурӯзад фонус.

Биё, парастишро,
Ба оини нилуфарӣ бипардозем.


Пари бобуна
Ту магар оинаи хуршедӣ,
Чу ба ту менигарам,
Ғунчаам равғани гулгуни табассум
ба лабони ҳавасаш меронад,
Ва дигар ҳеҷ асроре
андар гираҳи мим намемонад.
Ва дигар сояи шак нест, ки нишинем дар ӯ,
Пари бобуна якояк биканем :
«Дӯст дорад ё на?»


--
-D

Ғунуда дар ғам
Ман хаста гаштаам зи дӯшу ин замони хеш,
Вораста мондаам зи худу аз ҷаҳони хеш.
Афсонаи гузаштаи дурам чи хуб буд!
Маҷҳулу бесадо даруни достони хеш.

О-ҳой баҳорони ҷонбахши Исидам,
Бар ҷони манн шарора занед, соҳирӣ кунед!
Пар-пар кунед пирҳани ҳар муғҷаи латиф,
Чун ман ғунуда ғамгирифтаи хазони хеш.

Бар гӯши ман ҳазор нағмаҳои ошиқӣ,
Бар чашми ман шукуфаҳои ҷилва во кунед.
То ман кушояму намояму диҳам паём
Аз ин ҷаҳони бенишону ноаёни хеш.


Чун баҳори Исӣ бозой
Баста басти коргоҳи амнро
Даста-даста чокари ғам мерасад.
Чакра-чакра мечакад заҳроби яъс,
Дуди оҳам то ба шабнам мерасад.

То даме дурам аз паҳлӯи ту,
Мезанад паҳлӯй хоб андар барат.
Оламе дар дидаат бо фавҷи роз,
Лонаи садҳо тафаккур дар сарат.

Сафҳа-сафҳа мекушоӣ бемаҷол,
Саф-сафи маслиҳати дардмону панд.
Рӯ ба рӯяш менишинӣ пурсавол,-
Ин замон н-омад ба ҷонат судманд.

Ёдам омад оқибат, -Исои пок
Бар салиб буд, мисли ту маҳкуми марг.
Чун баҳори Исӣ бозой, эй падар,
То кушоям сафҳа-сафҳа барг-барг!

--
-D

Дарди зодан
Обистани моҳтоб шудаву шаб
Эҳсос кунам дардҳояшро.
Аз баҳри тулӯи шамс такопӯю
набардҳояшро.

З-эҳсоси гарми тобиши хуршед.
Андар тани шаб мечакад широб.
Бо печиши нороҳатӣ бар ҷонаш
вораста зи хоб.

Андешаҳо кунад, ки фардо чун
Оғоз шавад матлаи уммед.
Фориғ зи анову дард механдад
ҷониби хуршед.

«Африштаҳои хуби осмонӣ
Аз файзи файзи худо насиба бахшоед,
То нури саодати вуҷудашро
аз ишқ барафзоед».

Маҳтоб ба печу тоб асту дард
Як нола нисоре ба сабо карда.
Модар, худ огаҳӣ, худо чи дард
бар мо раво карда.

…Хуршед оқибат раҳо гардид
З-он домани намноки хунолуда.
Шаб осуду бар остини сабзаҳо
ашкаш биполуда…

Дар пои сахраҳо
Сар мениҳам ҳар шом бар болини бозу
Мурдоб тӯл мекашад дар пои сахраҳо…
Ай сахра, сахраҳо! Охир ку рахнаҳо?
Бархезам аз ин тангнои сози зиндагӣ.

Талотуме ниҳон , талотуме хамӯш,
Гӯё, ки кӯламу осуда мурдоб.
Мавҷе зи баҳри зиндаӣ бар пои ман наҷаст,
То вокушоям силсилаи банди бандагӣ.
Дар шарқ бандагист,
ҳар ҷой, ки худост,
Дар шарқ бандагист,
дар сояи бузурги кадхудо!
Танҳо на шарқ, балки шаш ҷиҳат
З -андозаи мардона матое буридааст…
Ман дил надидаам дар сояи сина,
Ман хор чидаам зи паси гули бӯсаҳо…

Талотуме ниҳон, талотуме хамӯш,
Мавҷе, ки мезанам, то сатҳи пойбанд.
Як ғунчаи шодӣ нашкуфт дар лабам,
Обсабзаи шодоб аст мижаҳои манн.

Дар ҳолаи тилой никоҳам маро шикаст,
Ангушти худнамоии манн аз сароб раст.
Ҳарчанд саркашам, аммо чу сар кашам,
Андар салиби ишқу вафо бетаноб баст.

Ман зодгори зиндагӣ мардина мебинам,
Гарчи ба нози зан нозукӣ мекунад,
Зоди гарони мардзеб ниҳодаву бар ман,
Муштоқи дилрабоиву фаттонагии ман, -
номардӣ мекунад.

Ман офаридагор мардина мебинам
Чун офаридаҳош дархури зан наяст,
Гарчи ба шими мӯд ҳазор ҷилва мекунад.

Дар шарқ бандагист, ҳар ҷой, ки худост,
Дар шарқ бандагист, дар сояи бузурги кадхудо…

Сар мениҳам ҳар шом бар болини бозу
Мурдоб тӯл мекашад дар пои сахраҳо…

--
-D

21 января 2009 г.

« Шабҳои маҳовез »,(аз солҳои 1995 тo 2004)

Баъзе намунаҳои ашъор аз маҷмӯаи
« Шабҳои маҳовез »
(аз солҳои 1995 тo 2004)

Эй ба рӯ оинадори ман
Сирри ғамбӯи либоси худ
Аз бисотат
ҷустуҷӯ кардам.
Эй варақ, рӯшан зи кули ом
Бо ту танҳо гуфтугӯ кардам.

Ҷурми ман рӯят сияҳ када,
Бас парешонй зи аҳволам.
Он алифи дафтари айём
Кош медонист аз ҳолам!

Сози ишқ аз дил аз дил фиғон дорад,
Ман чи лофам боз аз ин дард.
Ман фиребе хоҳам аз тақдир,
Кош дасти ишқ рангам кард!

Дигараз азми вафои ман
Дасти зан
ҷир дар гулӯи пост.
Заҳри нокомист бар комам,
Ё магар имдоди ӯ бар мост?

Эй ба рӯ оирадори ман,
Бори ишқи ман бар дӯшат.
Меравй қосиди хушсавғо,
Ман чи сон созам фаромӯшат?

Дили гумшуда
Чи медонӣ, ҳамесинам гавҳар
Ба
ҷайби парешӣ зи қаъри ғам.
Чӣ медонӣ, ки
ҷуз нақши ёдат
Надидам содиқтарин маҳрам.

Пас аз ҳамин хоҳам, ки дар дунё,
Оинадоре баҳри манн бошӣ,
Орзуҳоро бишканам дар вай,-
Ту пораҳои қалби ман бошӣ.

Пас аз ҳамин хоҳам, ки дар ин дор,
Дар ин дунёи байни мо хуфта
Намонад офтоби сидқу меҳр
Дар лонаи мижагон нуҳуфта.

Ту муждай дар лабони ҳавас,
Ман
ҷаӣби гӯшам аз ту пури пур.
Мегурезам аз хандаи умед,
Ту ҳамон
ҷазбаӣ зи дури дур .

Сафо хоҳам барам ба коми дил,
Суроғаат дар ин манзил нест.
Ало ёрон, зи рӯзи шайдоӣ
Ҷиҳози ин сина маро дил нест

--
-D

аз маҷмӯаи « Шабҳои маҳовез » (аз солҳои 1995 тo 2004)…

Хазония барои худ
Эй бод!
Ошиқтарин бод,
Кафи дастони ту холист!
Мисли дастони Сикандар,
Медавӣ
чун обе, ки бемоҳист.
Эй бозу, бозуи сипар,
Вораҳон боди ғурур,-
Дамиданат гўиё пури хаёл!
Ҳимматат то ба куҷост?
Ба тамошои ман о –
Ман дар онам
бефурўғ
Маро ба бод бидеҳ,
Маро хазон ангор ,
Чу хуни шавқи рагам ях бубаст…

Эй бод, ошиқтарин бод,
Кафи дастони ту холист!

Оинасозӣ
Бо ту дар оина будам
Андаруни кулбаи тор,
Соярўшан буд хона
Ҳамчу аз ғам чашми бемор.

Хостам бигрезам аз ту,
Бигзарам аз ишқбозӣ.
Бо гудозу ҳасрату доғ
Бигзинам оинасозӣ.

Мегурезам аз ту то худ,
Мепарам то лонаи хайр.
Дар ғамат сабзида охир,
Мепарам аз ту чу аз ғайр.

Ошиқи хуршеди фардо,
Мераҳам аз шоми мозӣ-
Рўи шабҳои маҳовез
Мекунам оинасозӣ.

Донатути хоми

Донатути хоми тобистони ишқ
Эй зан, ба ашкҳо бар гардани хаёл
Шаддагуҳари ёдҳоро соз мекунӣ.
Ангуштарии бахти ту тилоиву халост,
Маҳзуниву бо ёр аммо ноз мекунӣ.

Ҳар шаб ниҳонй бар канори ғусса меравӣ,
То бозёбӣ гавҳари гумкардаи худӣ.
Дар ҷомаи вафо ба алам сина медарӣ,
Бар хок мениҳӣ умеди мурдаи худи.

Он донатуте, к-аз нури лутфи фалак напухт,
Дар фасли боровари тобистони ишқ.
Берангу хурд аз канори лаҳзаҳо гузашт,
Оҷиз даруни ҷозибаи пурфасони ишқ.

Эй он, ки ганҷҳо зи хотирот ҳамели туст,
Дар фасли наварӯсии садбарги тирамоҳ.
Бар чашми сабзи арчаҳо ба шавқ ханда зан,
То сабзи андаруни ғам чун маҳ миёни оҳ!


--
-D

 

12 января 2009 г.

Далфини ман!

Шунавидам, ки ў

Мерақсад дар об,

Мехонад,-

Ҳавасафзои ман аст!

 

Аммо ман, ки шиновар нестам,

                                    меғарқам...

 

Даври ман мерақсад,

Даври ман мехонад :

"Ту дигар бол бикушо,

Пой бичунбон,

ки шиновар бошй

то ба кай ғарқ

дар андешаи ёвар бошй?

            Ки биёяд ба хаёли туву

                                    соҳил бирасонад...

Ёварат ман,

Дигар ҷуфти туам.

Ту парандозй пар андоз,

Парафшонй биёмўз дар об,

Чун дигар чун бирасем бар соҳил?!"

 

Бояд омўхт аз ў,

ки чи сон чарх бизанй

                        андар ин саҳмгин обон.

Ту нигаҳ кун

            чи орому чи мавзун

                        ва латиф мерақсад,

Аз ҳама моҳии анбар беҳтар,-

Далфини ман!

Эҳдо ба устод

Эҳдо ба устод. Ш.Шукуров                         To ба матлуб расидан корест,

           Қосидон, дурии раҳ тўморест.                                                                    (Бедил)

            Дидан навишта дар раҳи устод туморро,

Мижгон ба ҷой то фурў нишонд ғуборро.

Аз нофаи ғизоли ғазал мушк то рабуд,

Аз такягоҳи обила овард виқорро.

Дар баҳ-баҳи ғазалсароиҳош бишканад

Хуршед ба чашми обии шабнам хуморро.

То бедилона зиставу бедил набудаем,

Афрўхтаем ба санг санги қалби ёрро.

Тумори обила-ш зи балои адам кашад

Пои балокаше, сари фурсатшуморро.

 

Ранги ту

Ранги ту бар ман зада, доғиту бар ҷони ман,

Эй шарари хуни ту дар раги имони ман.

Шодии комили ман, ҳасрати соҳили ман,

Эй малакут, эй шаробкосаи паймони ман!

      Бин, ки ҷаҳон мезанад ханда ба шайтони фан,

Пушти ту, эй марҳамат, пушти ту, раҳмони ман.

Сода бувад, кўдакист моли раҳоварди ман,

Дарс бигў, ҳудҳуди мулки Сулаймони ман.

Рашки ту бар ман бувад чашмаи чашмони санг,

Ҷуз ту аз они киям ? Они манй, они ман! (21.03.07)

Хонае ҳаст,

Хонае ҳаст,

К-аз тасаввури ҳузурам мешавад гарм,

В-аз хаёли инъикосам оинеш дар худ намеғунҷад.

К-аз фиғони интизориҳо

 гулўи тугмаи бобаш гирифта,

В-аз эҳтирос

мешавад тирезаҳояш бозу гаҳ баста.

 

            Хонае ҳаст,

Ки сахт аз баҳри ман

мезанад, гўй, дилаш гум-гум,

Ва андар роҳи ў

қалби ман шабгум.

Биё, то ахтар афрўзем...

 

Хонае ҳаст,

Дар ҳисори ормонаш дар ин сармо

Ман ба оташдони дил

Шохаҳои хушки ҳасратро фиканда,

гарм месозам вуҷудамро …(27.09.06)

5 января 2009 г.

45. Далфини ман!. . .

45. Шунавидам, ки ў

Мерақсад дар об,

Мехонад,-

Ҳавасафзои ман аст!

 

Аммо ман, ки шиновар нестам,

                                    меғарқам...

 

Даври ман мерақсад,

Даври ман мехонад :

"Ту дигар бол бикушо,

Пой бичунбон,

ки шиновар бошй

то ба кай ғарқ

дар андешаи ёвар бошй?

            Ки биёяд ба хаёли туву

                                    соҳил бирасонад...

Ёварат ман,

Дигар ҷуфти туам.

Ту парандозй пар андоз,

Парафшонй биёмўз дар об,

Чун дигар чун бирасем бар соҳил?!"

 

Бояд омўхт аз ў,

ки чи сон чарх бизанй

                        андар ин саҳмгин обон.

Ту нигаҳ кун

            чи орому чи мавзун

                        ва латиф мерақсад,

Аз ҳама моҳии анбар беҳтар,-

Далфини ман!