21 января 2009 г.

аз маҷмӯаи « Шабҳои маҳовез » (аз солҳои 1995 тo 2004)…

Хазония барои худ
Эй бод!
Ошиқтарин бод,
Кафи дастони ту холист!
Мисли дастони Сикандар,
Медавӣ
чун обе, ки бемоҳист.
Эй бозу, бозуи сипар,
Вораҳон боди ғурур,-
Дамиданат гўиё пури хаёл!
Ҳимматат то ба куҷост?
Ба тамошои ман о –
Ман дар онам
бефурўғ
Маро ба бод бидеҳ,
Маро хазон ангор ,
Чу хуни шавқи рагам ях бубаст…

Эй бод, ошиқтарин бод,
Кафи дастони ту холист!

Оинасозӣ
Бо ту дар оина будам
Андаруни кулбаи тор,
Соярўшан буд хона
Ҳамчу аз ғам чашми бемор.

Хостам бигрезам аз ту,
Бигзарам аз ишқбозӣ.
Бо гудозу ҳасрату доғ
Бигзинам оинасозӣ.

Мегурезам аз ту то худ,
Мепарам то лонаи хайр.
Дар ғамат сабзида охир,
Мепарам аз ту чу аз ғайр.

Ошиқи хуршеди фардо,
Мераҳам аз шоми мозӣ-
Рўи шабҳои маҳовез
Мекунам оинасозӣ.

Донатути хоми

Донатути хоми тобистони ишқ
Эй зан, ба ашкҳо бар гардани хаёл
Шаддагуҳари ёдҳоро соз мекунӣ.
Ангуштарии бахти ту тилоиву халост,
Маҳзуниву бо ёр аммо ноз мекунӣ.

Ҳар шаб ниҳонй бар канори ғусса меравӣ,
То бозёбӣ гавҳари гумкардаи худӣ.
Дар ҷомаи вафо ба алам сина медарӣ,
Бар хок мениҳӣ умеди мурдаи худи.

Он донатуте, к-аз нури лутфи фалак напухт,
Дар фасли боровари тобистони ишқ.
Берангу хурд аз канори лаҳзаҳо гузашт,
Оҷиз даруни ҷозибаи пурфасони ишқ.

Эй он, ки ганҷҳо зи хотирот ҳамели туст,
Дар фасли наварӯсии садбарги тирамоҳ.
Бар чашми сабзи арчаҳо ба шавқ ханда зан,
То сабзи андаруни ғам чун маҳ миёни оҳ!


--
-D

 

Комментариев нет:

Отправить комментарий