2 ноября 2017 г.



--
-D

Мужда барои дӯстон


         Ба қарибӣ дӯстам Шаҳзода Назарзода ба ман мактубе фиристода, барои ба сафи номзадҳои ҷоизаи солонаи Уруосиё ворид гаштанам табрик намудааст. Воқеан, худи Шаҳзода соли гузашта ҷоизадори ҳамоиши кушоди адабии Уруосиё ва форуми китоб дар Лондон (ҷоизаи ба номи Марзия Закирянова) гашта, ба сифати беҳтарин адибаи соли 2016 эътироф шуд.  Қарор аст, ки ҳамоиши шашум имсол дар шаҳри Стокголми Шветсия баргузор шавад.

         Ҳамоиши кушоди адабии Уруосиё ва Форуми китоб (Open Eurasian Book Forum & Literature Festival) аз соли 2012 инҷониб дар Қазоқистону Қирғизистон ва Британияи Кабир бо дастгирии нашриёти "Hertfordshire Press" и "Eurasian Creative Guild"(Лондон) баргузор мешавад. Ҳадафи он ба ҳам овардани аҳли ҳунар- адибону шоирон, рассомону филмсозон ва ба ин восита дар байни ҷабатҳои мухталифи аҳолӣ шавқу ҳавасро нисбати адабиёт бедор намудан аст. Ҳамоиш дар шакли озмуни адабӣ(1), ҳамоиши адабӣ(2) ва форуми китоб(3) гузаронида мешавад. Дар озмуни адабӣ асарҳои бадеӣ, тарҷумаҳо, суратҳо барои китобҳо, видеофилмҳое, ки аз рӯи ягон асари бадеӣ ба навор гирифта шудаанд, аз назари ҳакамҳо мегузаранд ва қаблан дар сайти ҳамоиш(www.rus.okabookforum.com) гузошта мешаванд. Ба ин тартиб, истеъдодҳо муайян ва муаррифӣ мегарданд ва дар ҷараёни ҳамоиш барои онҳо имкони ошноӣ ва ҳамсӯҳбатӣ бо шахсиятҳои маъруф падид меояд ва ғолибон имкони нашри китобҳояшонро ба даст меоваранд.

         Хуллас, ман, ки гумон доштам шеърам мумкин аст аз ҷониби ҳайъати ҳакамон, дар хориҷ, ба эътибор гирифта шавад, бо ташвиқи дӯстам Санобар таваккалан баъзе намунаҳо ба унвони ҳамоиш фиристодам ва инак, баъди он ки дӯстони наздикам якояк табрик гуфтанд, ки номи ман ҳам дар рӯйхати номзадҳо сабт аст, бо муассисон ва фаъолони ҳамоиш тамос гирифтам ва арзи миннатдорӣ намудам.

         Ғолиб ва ё ҷоизадор будан, албатта, хурсандибахш аст, аммо пеш аз ҳама эътирофи дигарон муҳимтар аст, ба фикри банда. Яъне кас агар донад, ки беҳуда наменависад ва навиштаҳояш хонданиву ҷолибанд, дилгарм мешавад ва ҳавасмандтар барои навиштану гуфтан, зеро ба қавли шоире:

         Беҳтарин гавҳари ганҷинаи маънӣ сухан аст,

         Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро беҷон аст?

         Бори дигар расман ба муассисон ва фаъолони Ҳамоиши кушоди адабии Уруосиё ва Форуми китоб (Open Eurasian Book Forum & Literature Festival) барои қадрдониашон аз навиштаҳои камарзиши ман ва ҳар адибу шоири дигар, арзи сипосу миннатдорӣ намуда, аз дӯстони эҷодкори ҳамкишвар низ даъват мекунам, ки фаъол бошанд ва кӯшиш кунанд, ки бо ин ҳамоиш ҳамкорӣ кунанд ва осори худро барои хонандагони берун аз сарзамини мо муаррифӣ намоянд, то дар ин замина суханашон пухтатару суфтатар гардад.

        

        

         

--
-D