5 ноября 2011 г.

Мавқеи ҷавоншоирони самарқандӣ дар инкишофи назми муосири фарсизабони Ўзбекистон


Таваҷҷўҳ ва эътибор ба инкишофи назми тоҷик дар минтақаи Ўзбекистон баъд аз истиқлол авҷ гирифта, дар ҳавзаҳои илмиву адабии  Самарқанду Тирмиз, Тошканду Фарғона дар атрофи эҷодиёти насли бузургу миёнсол ва ҷавон боиси интишори чандин мақолаву тақризҳои илмӣ гардид. Бояд эътироф намуд, ки тадқиқоти ҷузъӣ маҳз перомуни тазоҳури падидаи «шеъри нав» дар ин кишвар дар ҳамин давра як- як дар рўзномаву маҷаллаҳои вилоятиву ҷумҳурӣ падид омаданд. Дар ин радиф метавон тадқиқоти професорон С.Саъдиев(1), Ш.Шукуров(3), Ҳ.Шодиқулов(2), Ҷ.Ҳамроев(4), А.Абдуллоев (6),  С.Олим(5), ки дар шакли мақолаҳои илмӣ ва ё тақризҳо доир ба ашъор ва маҷмўаҳои якчанд шоири ҷавони ўзбекистонӣ фароҳам омадаанд, ном бурд. Ҳамчунин метавон дар ин силк китоби «Гулистони адаб» - и адабиётшиноси маъруф А.Қамарзода, китоби ҳаммуалифии «Донишномаи забон ва адабиёти форсии Ўзбекистон», гузашта аз ин гузинаи ашъори шоирони муосири Ўзбекистон сарзамин бо шарҳи мухтасари аҳвол ва осори муаллифашон дар китобҳои «Аз Самарқанди чу  қанд» ва «Боғи бисёрдарахт» - и Иброҳими Худоёр (собиқ ройзани фарҳангии сафорати Эрон дар ин кишвар)- ро ишора кард.

         Ташаккули тадриҷии ҳавзаҳои хурди илмиву адабӣ дар шаҳрҳои бузурги мамлакат боиси нумуви назми тоҷикии ин ҷой гаштанд. Аз ҷониби дигар, иқдоми неке, ки дар ин мобайн аз ҷониби сафоратҳои Ўзбекистону Эрон амалӣ шуд, барои иртиботи фарҳангӣ роҳ кушод ва ба рушди минбаъдаи адабиёти ин сарзамин низ як дараҷа асар гузошт. Мувофиқи ин шартномаи дўстӣ аҳли илму адаби тарафайн имкони дар маҳфилҳои адабии ҳамдигар ширкат намудан, интишори муштараки маҷалла (фаслномаи «Сино») ва китобҳоро пайдо намуданд.

         Тадқиқоти муҳими дигаре, ки бори нахуст дар мавриди вазъи инкишофи адабиёти ватанӣ нисбатан муфассал навишта шудааст, ба қалами ройзани кунунии фарҳангии Эрон дар Ўзбекистон Ҳабиб Сафарзода тааллуқ дорад(тобистони соли 1388-2010м.). Мавсуф дар пажўҳиши худ адабиёти ин минтақаро ба давраҳо ҷудо намуда омўхтааст, чунончи:

1) Давраи таҳаввул ва татаввури шеъри муосири форсӣ - тоҷикӣ (аз соли 1924 то 1950);

2) Давраи оғози худшиносӣ ва бозсозӣ дар назм (солҳои 1960-1980);

3) Давраи истиқлоли Ўзбекистон (аз соли 1990 то кунун).

         Дар бахши аввал ў баробари зикри номи чандин равшанфикрон чун М.Беҳбудӣ, С.Ализода, А. Фитрат, А.Мунзим, бештар дар бораи фаъолияти илмиву адабии С.Айнӣ, Лоҳутӣ, эҷодиёти Пайрав, Ҳ.Юсуфӣ маълумот медиҳад.

Бахши дувуми пажўҳиш ба омўзиши назми солҳои 60 – 80 дар ин сарзамин тахассус ёфта, муаллиф ин марҳиларо яке аз мароҳили доманадор ва муассири адабиёти навин, инчунин инкишофи тағаззул дар он медонад. Зимни баррасии хусусияти ашъори Ҷонибек Қувноқ, Пиримқул Сатторӣ, Сулаймони Хоҷаназар, Паймон, Абдулло Раҳмон, Абдулло Субҳон, Салим Кенҷа, Ҳаёт Неъмат, Акбар Пирўзӣ, Ҳамроқули Даврон ва дигарон ҳусну қубҳи онҳоро нишон медиҳад. Маълум мешавад, ки дар ин давра ғазал, рубоиву дубайтӣ дар эҷодиёти баъзе аз шоирон бештар суруда шуда, гоҳо сактаҳо дар вазн  ва нуқсҳо дар қофия дида мешаванд. Ба қавли муҳақиқ, маҳорати ҳунарии баъзе аз онҳо дертар зуҳур кардааст. Хусусияти асосии назми ин давра ба вуҷуд омадани майлҳои худогоҳӣ буд, ки дар таъсир аз ашъори М.Қаноат, Б.Собир, Лоиқ ва Гулрухсор падид омад.

Дар қисмати охирини кор Ҳабиб Сафарзода ашъори насли  савуми эҷодкорони форсигўи Ўзбекистонро баррасӣ мекунад. Муаллиф мавзўи ашъори шоирони ин давраро гурўҳҳои  шеъри худшиносӣ, иҷтимоӣ, ирфонӣ ва ишқӣ дастабандӣ намудааст. Ҷаъфари Муҳаммад, Фозил Шукурзода, Зебо Тоҳириён, Шоҳид, Озармеҳр, Хоҷа, Парисо, Саидаи Синавӣ, Асадуллоҳ, Шаҳзода, Хусрави Саъдуллоҳ, Олим Панҷизода, Садриддини Ҳушёрӣ, Солеҳ Муҳаммадҷон, Одил Комил ва дигарон аз намояндагони назми тоҷикии марҳалаи охирин буда, муҳақиқ дар осори онҳо асари навпардозӣ ва майл ба қолабҳои нави шеърӣ, ҳамчун озод ва сафед, истифодаи услуби символизм, романтизми фардӣ ва иҷтимоӣ, сурриёлизмро мушоҳида намудааст.

Дар асоси мулоҳиза ва истинод аз мақолаву тақризҳои гуногуни олимони ватанӣ, аз ҷумла, Ҷумъа Ҳамроҳ, Аҳмад Абдуллоев ва дигарон Сафарзода шоир Ҷаъфари Муҳаммадзоди Тирмизиро, ки шўҳрати адабиаш аз Осиёи Марказӣ берун рафтааст, шоири бомаҳорату беназир дар ин ҳавзаи адабӣ дониста, дар радифи ў шоиронеро аз қабили Хоҷа, Парисо, Озармеҳр, Адаш Истад, Хусрав, Шаҳзода ва Дилшоди Фарҳодзод, ба гурўҳи «Мавҷи нав» (бидуни вобастагӣ ба «Мавҷи нав» -и Эрон, ки ин гурўҳ анъанаҳои шеъри нимоиро бо тозакориҳои хоса идома медиҳанд) нисбат додааст. Ҳарчанд дар осори баъзе аз эҷодкорони номбурдаи ватанӣ нуқсонҳо дар боби вазну қофия ба назар мерасанд, аммо аз назари ҳунарӣ хаёлпардозиву мазмунофарӣ, тасвирҳои тоза ҷолибият ҳам доранд. Дар хотима муаллиф таъкид мекунад, ки дигар замони сараро аз носара ҷудо кардан расидааст.(7,91) Воқеан, шеъри озоду сафеди онҳо нишонаи инкишофи шеъри нави тоҷикии ўзбекистонӣ бо вижагиҳои хосаи худ маҳсуб мешавад.

Дар бахши савуми китоби номбурдаи муҳаққиқи эронӣ Ҳабиб Сафарзода ашъори шоирони ҷавони самарқандӣ аз қабили Хоҷа, Асадуллоҳ, Парисо, Шаҳзода ва Дилшод мавриди таваҷҷўҳи муаллиф қарор ёфтаанд. Номбурдагон пайомадони шоиру адибони ибтидои асри гузашта чун Аҷзиву Васлии Самарқандӣ, Садриддин Айниву Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Юсуфиву Хуршед Қамар, ҳамчунин ҳамраҳони ҷавони суханвароне амсоли Адаш Истад, Ҳаёт Неъмат, Акбар Пирўзӣ, Салим Кенҷа ва дигарон буда, ашъорашон намояндаи табъу завқ, афкори бадеиву иҷтимоии онҳост. Сафарзода дар асари мазкури илмӣ ашъори ин ҷавоншоиронро аз назари мавзўъ ва мўҳтаво ба гунаи шеърҳои худшиносӣ, шеъри иҷтимоӣ, ирфонӣ ва ишқӣ ҷудо намудааст.

Дар ашъори шоирони ҷавони самарқандӣ мо нақши баҳравариву таъсирпазириро аз шоирони барўманде ба мисли Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Фарзона, ҳамчунин шоирони эронӣ –Нимо, Шомлу, Нодирпур, Фурўғ, Симини Беҳбаҳонӣ ва дигаронро эҳсос мекунем.

Норхоҷа, мутахаллис ба Хоҷа, шоири пухтакору нуктасанҷ, нозукхаёлу эҳсоспарвар аст. Ҳангоми мутолиаи ашъораш пай бурдан мумкин аст, ки аз адабиёти мумтоз ва муосири форсу тоҷик хуб огоҳӣ дорад. Шеърҳояш дорои мазмунҳои ишқӣ, иҷтимоиву ирфониянд ва дар шаклҳои нимоӣ, сафед, озод ва ғазал офарида шудаанд, чунончи шеъри «Майи ишқ» ки дар ҳаҷми хурд зебо адо шудааст:

Ту,  эй зан, бодаи ишқӣ!

Булўри пайкаратро об кун чун бодаву

                               дар ҷоми қалбам рез,  

ки ман чун ошиқи махмур,

туро то қатраҳои охирин

                            чун май биошомам!..

Маҷмўаи нахустинаш «Паёме аз жарфои сукут» ва дигар «Муҷассамаи ишқ» ном дошта, омодаи нашр аст.

Асадуллоҳ Шукурзода рўзноманигор аст ва табиист, ки фаъолияти иҷтимоии ў ба тафаккури адабиву бадеияш беасар нест. Дар ашъори шоир мазмунҳои ошиқона, ватандўстона, бонги хатар аз харобии муҳити атроф ва дигар масоили дигари иҷтимоӣ ифода ёфтаанд. Масалан, дар шеъри «Дар ғами Бохтар» ҳамин гуна мазмун ифода ёфтааст:

Дар миёни пашшаҳои пурмағал,

Чун асалору  шудан мушкил бувад.

Мехўранд шаҳди туро бо иштиҳо,

Бори ин заҳмат ҳама бар дил бувад.

Мепарад фикри баландаш то само,

Пои оқил пас чаро дар гил бувад!..

 Ў муаллифи чандин маҷмўаҳои шеъриву ҳикоёт аст, чунончи, «Намозгоҳи хуршед», «Ашки ошиқ», «Осиёи қисмат» ва ҳоказо. Забони ашъораш содатар ва пирояи суханаш аз такаллуфоти бадеӣ камтар баҳравар аст.

Ашъори Баҳодури Убайдуллоҳро метавон шеърҳои самимияту садоқат номид, зеро дар онҳо мавзўи ишқ, муҳаббат ба Ватан, арзи эҳтиром ба падару модар ба назар мерасад. Ин аст, ки дар эҷодиёти шоир силсилаи шеърҳоро ба унвони падар дармеёбем. Ба ибораи дигар, Баҳодур дар муқобили анъанаи модарномасароӣ падарномасароиро мехоҳад ба расмияти адабӣ дароварад. Намуна:

Падар, буду набуди ман барои ту, барои ту,

Биё, то ҷон фишонам бар қудуми хушсалои ту.

Дар ин дунёи бесомон зи ту ёбам сару сомон,

Биё, монам сари сабзам ба пои ту, ба пои ту.

Агар сўзам, бисўзї ту, в-агар сўзї бисўзам ман,

Фидо гаштї барои ман, фидоям ман, фидои ту.

Ту маънои ҳаёти ман, саботи ман, нишоти ман,

Зи ҳукми зиндагї шодам, ки хушбахтам зи рои ту.

Дағал гуфтам, асал гуфтї, сухан бо нозукї суфтї,

Замонро мекунад гўё, падар, ҳарфу ҳиҷои ту…

Баҳодур шоири мазмунофар аст, масъалаҳои ахлоқиву иҷтимоӣ, тазодҳои гунгуни зиндагӣ, ошиқонаҳо ва ғайра бо забони фасеҳу равшан ва дур аз муғлақбаёниву мавҳумписандӣ баён шудаанд. Жанри ғазал дар эҷодиёти ў мавқеи асосӣ  дорад. Батадриҷ дар ашъори ин шоир шеъри нав рў ба инкишоф дорад. Нахустмаҷмӯаи шоир бо номи «Чашмаи ишқ» аз нашр баромадааст.

Парисо аз шоирони муваффақ аст дар боби мазмунофарию тасвирсозӣ, ки ин нукта аз ҷониби баъзе суханшиносони тоҷик таъкид шудааст. Хаёли баланди шоиронаи ў ҳар гуна хонандаро ба ваҷд меорад. Доираи мавзўоти шеърии шоира аз ҳисоби муроҷиати ў ба иш, ба таърих, ситоиши шахсиятҳои маъруфи ҷомеаи имрўза ва симоҳои бузурги адаби форсу тоҷик, ормонгароии миллӣ густурда аст. Парисо дар жанрҳои суннатӣ ҳамчун ғазал, шаклҳои нави шеърӣ чун нимоиву сафед эҷод мекунад. Дар шеърҳои охирини шоира муроҷиат ба масъалаҳои иҷтимоиву ахлоқӣ нақш дошта, гоҳо мазомин хусусияти киноявӣ касб намудаанд, чунончи дар шеъри «Барги карам» шоира дар бораи баҳри сарватғундорӣ ба хориҷ равона шудани мардум ва натиҷаҳои ногувори он бо изтироб ҳарф мезанад:

…Духти деҳқонам,

мо ҳама фарзанди деҳқонем,

лек дурафтодагони хоки эҳсонем

аз карамҷўӣ,

аз карамхўрӣ, карамхўӣ.

Баҳри мо як сафҳаи барги карам бошад

бартар аз як сафҳаи шеъри бузург имрўз,

ҳар муамморо калиди қуфл

гўиё дар сафҳаи барги карам мармуз.

 

Дуртар аз киштзори ман

дар канори боғи як шоир

булбуле овоз мехонад:

"Карам — ширин,

ҳақиқат — талх !

Куштааст ин талхӣ лаззатро

дар ғизои зиндагӣ кайҳо …

Як ҷиҳати хусусиятноки ашъори сафеди эҷодкор тўлонӣ будани сухан ва ин далели он аст, ки ў барои гуфтан дарду розҳои зиёд дорад. Маҷмўаи ашъораш соли 2004 дар нашриёти «Зарафшон»-и Самарқанд бо унвони «Марвориди ишқ» ба табъ расидааст.

Дилрабо асосан барои бачаҳо шеър мегўяд. Дар шеърҳои бачагонаи Дилрабо хусусияти бачагон ва дунёи онҳо хеле мушаххас ва фаҳмо тасвир шудаанд. Забони шеърҳо сода буда, хеле шавқовар гуфта шудаанд, чунончи дар шеъри «Орзу»:

Гар мешудам муаллим,

Намедодам ҳеҷ таълим.

Ҳар рўз мешуд дамгирӣ,

Шаш рўз хондан чӣ лозим?

Ба ҷои дарси ҳисоб

Эълон менамудам хоб.

Бозича мехариданд,

Бачаҳо ҷои  китоб.

Воқеан, шеъри кўдакон дар ин сарзамин дар эҷодиёти шоирони мо кам инкишоф ёфта, баъди Маҳбуба Неъматзода Дилрабост, ки боҷасорат ва бо ҳамият барои бачагон шеърҳои хуб месарояд.

Шаҳзода Назарзодаро  бо вуҷуди дар айни вақт дар хориҷа зиста эҷод намуданаш муҳаққиқони адабиёти форсизабони минтақаи Ўзбекистон барҳақ, дар силки эҷодкорони ҷавони самарқандӣ ном бурдаанд, зеро худи Шаҳзода низ нисбаи самарқандиро ба номи худаш пайвастааст. Ҳангоми баррасии ашъори ў Ҳабиб Сафарзода чунин изҳор намудааст, ки дар ашъори ин шоира бештар таваҷҷўҳ ба шакл аст. Дар маҷмўаи охирини шеърии ў бо номи «Дар сояи сафар» мо ба ҳамин нукта гувоҳ мешавем. Шаҳзода бештар дар мавзўъҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ шеър мегўяд ва дар ин ҷиҳати шеър муваффақтар аст:

Кўдакон модар надоранд,

Кўдакон падар надоранд.

Ҳиҷрат кардааст

Руҳи мардум

Ва қаҳрамонони миллат

Мардикоронанд.

Шеъри ўро як навъ шеъри андешаву мулоҳиза гуфтан мумкин аст. Назмаш то он ки пирояи бадеият дар бар карда бошад, бештар дар ҳоли урёнӣ рамзиву киноявист.

Манзура Ҷўраева аз ҷавоншоиронест, ки хаёли рангин дорад. Ў аз шоирони ҷўянда аст.Дар шаклҳои чортоӣ, сафед, асосан, шеър мегўяд. Аксари шеърҳояш рўҳияи ғамангез доранд. Ў ҳатто ишқро гоҳо сияҳ мебинад. Дар ин шеърҳо тасвире аз олами беғаши кўдакӣ, дардҳои ошиқона, танҳоӣ ҷой доранд. Ҳанўз шоираи ҷавон аз паи худҷўиву худшиканиҳост. Гоҳо шеърҳояш зебову дар он мавзўъ, мазмун пурраву мукаммал ба назар мерасанд. Гоҳи дигар дар забони шеъраш ғализӣ ба назар мерасад, яъне суханаш ба суфтагӣ норасида аст, чунончи:

Мурғи шаб,

андешае лағжида сар дигар «Чаро?»-ҳо

Тарк бинмуда вуҷуд

ин қалби танҳо

Инчунин хотира, ёдҳоям чаро?!

Аз ҷаҳолат меҷаҳам,

андаруни хонае пур аз китоб

Гарчӣ медонам ҷавобе бар «Чаро?!»-ст

андар ҳиҷоб…

         Аз баррасии иҷмолии ашъори шоирони ҷавони самарқандӣ ба чунин хулосаҳо мерасем, ки ҳанўз дар тадқиқи осори ин шоирон кори арзишманду мукаммале ба сомон нарасидааст, ки дар он шаклу мазмун ва арзиши бадеии эҷодиёти онҳо баҳои муносиб гирифта бошад. Таҳқиқи хурди банда ба ин натиҷа расонид, ки ашъори шоирони форсигўи ҳавзаи адабии Самарқанд бо вуҷуди баъзе ноқисиҳо дар шеъри баъзе аз ҷавонони фавқуззикр, молики аҳамият ҳам ҳаст. Дар ашъори Хоҷа мо завқ ва маҳорати баланди бадеиро, дар шеърҳои Баҳодур пухтагии андеша дар ифодаи масоили иҷтимоиву ахлоқӣ ва фалсафии шоирро мушоҳида кунем, дар эҷодиёти Парисо хаёлоти нозук назаррас аст. Шеърҳои Асадуллоҳ бо ҷиҳати дарбаргирии мавзўоти иҷтимоияш бештар молики аҳамиятанд. Дилрабо пайрави шоирони кўдак буда, дар инкишофи ин соҳаи адабиёт саҳмгузорӣ мекунад. Шаҳзода ба сифати шоираи бурунмарзии ин кишвар барои кашфи паҳлуҳои нави шеър талош дорад. Арзиши ҳунарии шеъри пажўҳишоти минбаъда қазоват мекунанд. Агар ҷустуҷўву талоши Манзура дар шеър аз ин ба баъд ҳам идома ёбад, умед аст, ки дар ин ҷода  бештар муваффақ шавад.     

Намунаҳои шеърии ин шоирон дар баъзе рўзнома ва маҷмўаҳои дастҷамъии форсии бурунмарзӣ ба табъ расидаанд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки шеъри онҳо мавриди эътибори хонандагони ҳамзабони хориҷӣ ҳам  қарор гирифтааст. Пас фурсати он расидааст, ки мақоми шеъри шоирони ҳавзаи самарқандии форсисароёни Ўзбекистон дар доираи шеъри умумфорсӣ ҳам омўхта ва арзиш ёбад.

 

Адабиётҳо:

1. Саъдиев С. Шеъри назокату нафосат. // «Овози тоҷик», 2005, №18, с.3.

2.Шодиқулов Ҳ. Сухане, ки аз дил бурун омадааст. // «Адабиёт ва санъат», 2006, №10,с.10

3.Шукуров Ш., Каримзода Н. Шеъри нави Эрон ва нуфузи он ба шоираҳои порсигўи Ўзбекистон // Ҳозирги замон Эрон адабиёти.-Т.,2006, с.24-38

4.Ҷумъа Ҳамроҳ.Таъсири шеъри муосири Эрон бар шеъри муосири тоҷикии Ўзбекистон // «Сино», зимистони 1376 (2006), №20, с. 66-62

5.Султонмурод Олим.Шеъри имрўзи форсӣ дар Ўзбекистон // «Овози тоҷик», 28.09.2002.

6.Ҷаъфари Муҳаммад.Чашми борон. Тирмиз, 1997(бо сарсухани А.Абдуллоев)

7. Ҳабиб Сафарзода. I.Баррасии шеъри муосири тоҷикии Ўзбекистон то замони истиқлол // «Сино», баҳори 1378 (2008), №29, с. 107-93. II.Шеъри имрўзи форсии тоҷикӣ дар давраи истиқлоли Ўзбекистон // «Сино», тирамоҳи 1378 (2008), №31, с. 110-91

 


]



--
-D