9 августа 2010 г.

Шоир андар синаи миллат чу дил


Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барин ҷумҳуриҳо соҳибистиқлол гардиданд, ки худ як хушбахтии бузурге буд. Шодем, ки дар ин даврони хушбахтии бузург зиндагӣ ва кор мекунем. Баробари пош хӯрдани ҳукумати шӯравӣ идеалҳои он низ ба партов рафтанд. Мо ба ҷомеаи тамоман дигар ва ба ҳар ҳол прагматикӣ рӯ ниҳодем. Дар чунин ҷомеа инсонҳо аксар барои сарватҳои маънавӣ не, балки барои сарватҳои моддӣ мекӯшанд. Як сабаби асосии дар кишварҳои капиталистӣ камфурӯш будани китоби шеър ҳамин аст, ки бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд онон натавонистаанд ин камбудро барҳам зананд.
Аммо дар Ӯзбекистону Тоҷикистон баръакси ин ҳолро мушоҳида мекунем. Яъне шеърнависӣ бо прагматӣ шудани ҷомеа кам намешавад. Эҳтимол сабаби ин вазъи нишотовар қудрати азими анъанаи назмсолорӣ дар адабиёти ин ҷумҳуриҳо будагист, ки дар саргаҳи он нобиғаҳое чун одамушшуаро Рӯдакӣ ва султони ғазал Навоӣ дар мақоми ҷовидонӣ истодаанд. Ба ин сабаб хоки Самарқанд ҳанӯз ҳам бӯи қадами ин нобиғаҳои назмро дорад, ҳанӯз ҳам тухми гулҳои дар гулистони адаб коридаи онон гум нашудаанду ҳар баҳор сабзида, бо рангу накҳати тоза димоғамонро болида месозанд. 
  Шоира Дилшоди Фарҳодзод яке аз боғбонҳои ҷавонест, ки дар ин гулистон порае аз гулзори назми худро барпо кардааст ва он қадар гулҳои гуногуни хушрангу хушбӯй сабзонидааст, ки ҳар як соҳибзавқ беихтиёр офарин хоҳад гуфт.
Дар халқ мегӯянд, ки «пашша зиёд шавад, сол вазнин меояд, агар ору зиёд шавад, сол ба хушӣ хоҳад гузашт». Ман мегӯям, ки агар дар ҷомеа шоир зиёд шавад, ҳанӯз умед ҳаст, ки инсоф, инсондӯстӣ, самимият тантана хоҳад кард. Бино бар ин аҳли фаҳмро бо тавлиди боз як шоири худшиносу дилогоҳ ва ватандӯст табрик мегӯем.
  Имрӯз шоир китобашро бо маблағи гароне аз ҳисоби худ чоп мекунад. Агар навиштани шеър ҷоннисорӣ бошад, ин тарафаш боз як қаҳрамонист. Ва ин ҷоннисориву қаҳрамонӣ ба Дилшод низ муборак бод!
Рисолати шоирӣ ба навъе рисолати пайғамбарист. Дар замоне, ки ҳама чиз ба пул хариду фурӯш мешавад, шоир чизҳое меофарад, ки онро бо ягон миқдор зару зевар харидан наметавон. Хонандаи закӣ аз маҷмӯаи мазкур хеле аз ин арзишҳои бебаҳоро пайдо хоҳад кард.
Инак, хонандаи азиз, дар дасти шумо китобест иборат аз варақҳои китоби дили шоир, ганҷи бебаҳои ӯ, ки барои шумо ирсол мекунад. Бикӯшед, ки ҳарфҳои бемонанди ӯро бифаҳмед. «Як қалам рӯшноӣ» - и ӯ ба роҳи дилатон рӯшаноӣ физояд!  
  Адаш ИСТАД,
 нависанда.



--
-D

ғазалвораҳо

Бар наҷоти ман садоятро фирист,
Ҷазбаи одамрабоятро фирист.
                                 (Фарзона)
Бӯи ҷон,яъне,ки райҳонат фирист,
Дар ақоқиатри домонат фирист.

Ҳамзабони савсаниҳои ғамам
Ёсамини рози пинҳонат фирист.

Мавҷ андар мавҷи оби ҷӯ биё,
Ҳулбаворӣ то ба ҷононат фирист.

Боварамро бар шутури осмон
Муждае бо фатҳи осонат фирист.

Иксире бар коркарди хулқи ман
Дар мисоли зарри ҳамсонат фирист.

Ишқ дар мизи мудаввар з-офтоб
Мебарорад бонг: «Инсонат фирист!»
   
                                                 2009


* * *
Эй дӯст, эй дӯст, мавлои сонӣ,
Дар ҷон ҷоӣ, дар ҷои ҷонӣ.

Дар сӯхтани ман, дар сохтани ман
Беустухонӣ, беустухонӣ.

Борон борон бар киштаҳоям,
Дар боми ҷонам кун новадонӣ.

Аз беҳавоӣ то бар раҳоӣ
Зангӯлае зан бар бекаронӣ.

Аз ноумедӣ то муттакое
Бар ҷовидонҳо дар комронӣ.

                                             2009

   
  * * * 
Чу Зӯҳрасту маро сайёра дорад,
Хаёлаш бар сарам паргора дорад.

Буридам аз висолаш дар таматтӯъ,
Маро дар фурқаташ парвора дорад.

Набигзорад равам, озод бошам,
Маро дар банди худ ҳамвора дорад.

На бигзорад фалак бо ӯ бимонам,
Маро бар даври худ овора дорад.

«Дилам дар ошиқӣ як чора дорад,
Ки худро ҳамчу санги хора дорад».

Наосад бар асои санги хоро -
Зи дасташ хора ҳам фаввора дорад!
                                                    2009

 Байт аз Мавлавӣ.

   
 
Эҳдо ба устод Шавкат Шукуров  

          To ба матлуб расидан корест,
          Қосидон, дурии раҳ тӯморест.
                                            (Бедил)
 
Дидан навишта дар раҳи устод туморро,
Мижгон ба ҷой то фурӯ нишонд ғуборро.

Аз нофаи ғизоли ғазал мушк то рабуд,
Аз такягоҳи обила овард виқорро.

Дар баҳ-баҳи ғазалсароиҳош бишканад
Хуршед ба чашми обии шабнам хуморро.

То бедилона зиставу бедил набудаем,
Афрӯхтаем ба санг санги қалби ёрро.

Тумори обила-ш зи балои адам кашад
Пои балокаше, сари фурсатшуморро.

                                                   2007

* * *
Ранг бизан содаро, сурати Аржанг соз,
Эй кабуд андар кабуд, бо худат ҳамранг соз.

Занг бизан, данг-данг ё чу калисои шаҳр
Ғулғула афкан, ба зангхории ман ҷанг соз.

Санг бизан тингу тинг, танг бикун тангу танг,  
Танг дар оғӯши худ бо ҳама фарсанг соз.

Пардаи розат дар он пардаи соз андарун
Чанг бигир, дар навот нағмаи оҳанг соз.

Нақш мазан рӯи об, нақша макаш рӯи хок,
Сурати ҷони маро лавҳаи харсанг соз.

Бо тани танҳоиям тобу тавоноӣ ку?
Тоб мазан, бар табат толибу ҳамранг соз.

Эй ту басе ақлу ҳуш, эй ту басо отифа,
Ову ба ҳамсангият тoза бафарҳанг соз! 

                                                    2008

* * *

Хуршедсуроғ омадам андар талаби ту,
Бо ҳадяи як бӯсаи пайғом ба лаби ту.

Дар машраби ту бодасифат ранг биёрам,
Дар хуни ту софӣ шаваму дар тааби ту.

Ту тоҷи саодат ба сари маснади оҷӣ,
Ҳам барраи нуре ба дили гурги шабӣ ту.

Рӯшан дили моро бикун аз партави ҳуснат,  
Кӯшо ба расидан ба мақоми заҳаби ту.

Дар маснади яктоиву пайдоиву пинҳон
Ё раб, чи рабӣ ту, чи рабӣ ту, чи рабӣ ту! 

                                                       2007








* * *

Ранги ту бар ман задаст, доғи ту бар 
ҷони ман,
Эй шарари хуни ту дар раги имони ман.

Шодии комили ман, ҳасрати соҳили ман,
Эй малакут, эй шаробкосаи паймони ман!
 
Бин, ки ҷаҳон мезанад ханда ба шайтони фан,
Пушти ту, эй марҳамат, пушти ту, раҳмони 
ман.

Сода бувад, кӯдакист моли раҳоварди ман,
Дарс бигӯ, ҳудҳуди мулки Сулаймони ман.

Рашки ту бар ман бувад чашмаи чашмони 
  санг,
Ҷуз ту аз они киям? Они манӣ, они ман! 
2007





* * *

Ба маҳрамони рози навбаҳориям дилбанд,
Шукуфасо ба қайди сабзшохаҳо побанд.

Зи боғбони худ ҷуз ин надорам илтиҷо,
Ту навдаи ниҳони худ ба ҷони ман пайванд.

Нумӯи ҷони мо ба завқи килки худ бинмо,
Ба зарҳале нурониям намо тилооганд.

Равам ба ласми дасти ту, замона они ту,
Биё, ба ламси дасти худ дари фаноро банд 

Мабош, гӯ, гули зардолувони эҳсосӣ,
Маро намо ба шохаҳои деркушо гулбанд. 

2007




* * *



Шамси манӣ, офтоб, рӯи худ аз ман матоб,
Сояравам, соярав, тобу табӣ, тобу тоб.

Рози каломи манӣ, сози саломи манӣ, 
Боз мароми манӣ, оби ҳаёт, обу об.

Шор ба шарёни ман, ҳастиии беҷони ман,
Шурби шараркони ман, ноби набид, нобу 
  ноб.

Хез ба чашмони ман, рез зи мижгони ман,
Без ба домони ман машғалаи обутоб.

Оҳ, ки ман хастаам, воҳ, чи норастаам,
Дар дили зангӯлаам, хоби хапу хобу хоб.

То ки шакароб занам бар рухи ту аз ҳубоб
Дар раги худ, баҳри ман, набзи маро 
  кобу ёб!
  2007




* * *

Дар ғайби ту ниёзу нози мост бепадар,
Ашке ғариб дар нигоҳи мост бепадар.

Тифли ҳазор орзуи мост бенасиб,
Дасти ҳазор ҳавсала бепост бепадар.

Сӯзи тамуз зад ба устухони тирамаҳ,
Сози баҳор чун ҳути сармост бепадар.

Рози ҳазор оини шукуфтанӣ туӣ,
Ҳар роз гунгу ишва бесадост бепадар.

Оби ҳаёт деҳ, ки бар ҷони худ барам,
Бо Суҳроб ин ки норавост, э падар!

То бозубанди бозуи уммед бастаам,
Кай шонаам зи панҷаат ҷудост, - 
  бепадар!...
  2007



 * * *

Атри фаранг заҳида аз домани ақоқӣ,
Гӯӣ, ватан гузида дар домани ақоқӣ.

Бар шохаи ҳавасҳо вобаста қалби моро,
То аз ҳаво бурида гулпирҳани ақоқӣ.

Як шаҳр бар димоғаш дуди ҳавас нишаста,
То шӯълае ҷаҳида аз гулхани ақоқӣ.

Гаҳ мебарад шамолак гесуи атри ӯро,
Аз чор сӯ вазида бар хирмани ақоқӣ.

Дар ҷилвагоҳи ҳастӣ мисли парӣ нишаста,
Чун ҳеҷ кас надида ёсумани ақоқӣ.

Бӯи ҷигар кашонам дилшуда аз ҳавое,
Бӯи дигар шамида дар гулшани ақоқӣ.

То шарҳа – шарҳа гаштам бо шарҳи 
қиссаҳоям,
Гӯӣ зи ҷон бурида дар ҳовани ақоқӣ.

Бӯи висол наёрад то бар димоғ, фардо
Дасти касе надида бар домани ақоқӣ.


--
-D

ДАЛФИНВОРӢ

Шунавидам, ки ӯ
Мерақсад дар об,
Мехонад,-
ҳавасафзои ман аст!

Аммо ман, ки шиновар нестам,
  меғарқам...
Даври ман мерақсад,
Даври ман мехонад:
"Ту дигар бол бикушо,
Пой биҷунбон,
ки шиновар бошӣ
то ба кай ғарқ 
дар андешаи ёвар бошӣ?
Ки биёяд ба хаёли туву 
  соҳил бирасонад...
Ёварат ман,
Дигар ҷуфти туам.
Ту парандозӣ пар андоз,
Парафшонӣ биёмӯз дар об,
Чун дигар чун бирасем бар соҳил?!"

Бояд омӯхт аз ӯ,
ки чи сон чарх бизанӣ
 андар ин саҳмгин обон.
Ту нигаҳ кун
 чи орому чи мавзун
  ва латиф мерақсад,
Аз ҳама моҳии анбар беҳтар,-
Далфини ман!
  2008


* * *
Ту моҳии анбар нестӣ,
  ки дар шариати обҳои саҳмгин 
  шиновар аст,
Ту як далфини раққос 
 дар мавҷҳои озодӣ,
Ҳар ки мафлуҷ дар об аст,
 ту ба шодӣ
  ба рақс мекашӣ,
Аммо чи гарон мечархад
  моҳии анбар...
Аз ин ҳавос нигаронам,
  ки бар ту нигаронанд.
Маро ба рақс бихону бираҳон,
Бо муҳаббат ту, ки мечархӣ...
  2008
* * *
- Далфинвор 
Дар мавҷи андешаҳоям мечархӣ,-
Зеботарин дастхуши авқотамро
  рӯи об мекунӣ… 

Ба бозувонат, ки қасам хӯрдаӣ,
Мушакҳои шодиямро
  ҳамеша варзиш диҳӣ;
Ҳайронам, ки чи гуна
Далфини ормонамро
Ба рақс овардаӣ,
Дар ҳавзаи ашк,
  ба рақси шодӣ?!
- Ба тавони ошиқона,
Ба поси хотири марвориди ишқ,
Ба поси хотири марвориди ишқ,
Ки ҳама бол заданҳои дигар
Ранги мадҳуш рафтан
Ва ҷонбозист
Дар соҳили беоб.
  2008




* * *
Исми ӯ Далфин аст,
Дар обҳое, ки ман ғарқ мешавам,-
Дар кӯли чашмонам,-
Бо кӯлбори пошхӯрдаи ниёзи раҳоӣ
 дар муштҳои вошудаи ман,
Бо гӯшборҳое аз насиҳат 
 дар гӯши пурношудаи ман, 
Бо тамоми харобиҳоям,
 ки дар мурдоб варамидаанд,
Аммо 
Дар истинос бо садои ӯ 
Зи шикаст раҳида,- ворамидаанд.
Дар истинос бо садои ӯ,
  орамидаанд…
Исми ӯ Далфин
 дар оби ҳаёт аст.
  2007



--
-D

Мӯише дар шонаи килк










   



 






ҚУРБОНӢ
Овардаӣ:
Қурбонии лабҳоятро 
  дар сано,
Қурбонии гуноҳатро 
дар фохтаи нигоҳ,
Ба дӯши панҷа тифли ашкатро...

Дили дасти ту сафед,
Дасти ту мӯъҷизае,-
Яди байзои Худованд!
Ту устухони соқаву бозуро
Барои гармии гулхандаи гулхан 
  гузоштаӣ,
Маро ҳам,
Маро ҳам гумоштаӣ,
Ки як-як ниҳам устухонамро,
Вақте ки сангҳои дилро ба ҳам задаем.

Мо ҳама бояд сангҳои дилро ба ҳам  
  занем,
Устухонҳоямонро рӯи ҳам бигзорем,-
Барои гармии оташи ҷовиди муҳаббат.
Қурбонии табҳоро,
Қурбонии лабҳоро биёварем.
Лоақал ду фохтаи арзи саломро
Ба саломхонаи фариштагон равона
  кунем... 
   
СОАТИ ОХИРИН

Соати охирин аст.
Бояд боварамро бо худ бигирам
Ва умедамро ба ҷайби дил...

Бояд тамоми шаб роҳ равам
Бо васвасаи шайтонаробаи саҳар,
Таъхир накунам.
Дар аз дарун бастааст!
Оҳ, на!
Калид
Дар тиҳигоҳи аъмоқи ман уфтодаст!!
Барқи чашмонам хомӯш,
Бояд ба расми бобоӣ машъали дилро
  бияфрӯзам...
Деворҳо соатамро месоянд
  дар кафи хокӣ.
Бояд бадар шавам, бадар,-
Соати охирин аст.

Ёд дорам, к-абадият
 дасти маро мепурсид.
Биравам,
Лаҳза - лаҳза ҳамели ҳастиямро
Бар қадаш овезам,
Бо манаш омезам...
Куҷост калид дар ин тиҳигаҳ?! 2008
 ХУРШЕДИ ТАНҲОӢ

Ман ғуруби хуршеди танҳоиямро медонам
Медонам,
Ки дар сӯи фардои ин сайёра 
  дамодами як танҳоист.
Аммо 
Моҳи мӯҳлати ҳиҷрон то ба ҳол
Нимаст чун ҳилол.
Нимаст қалби ман дар маътали висол
Торик сарат, ҳон!
Кай чашми моҳи мӯҳлати ҳиҷрони моро
Бо ашки шодӣ пур мекунӣ?
Кай чашми моҳи мӯҳлати дидори моро
Равшан менамоиву масрур мекунӣ?
  2009

АДОЛАТИ ОЗОДӢ

Ба ман ин шариат
Аз осмонҳо фарз аст,
Ки озодист,
Ман тамоми ин моҳ озодам.
Тамоми моҳ масти шароби хаёлам,
Тамоми рӯз бар кулчаи хуршед даст 
  мезанам,ки ҳалол аст.
Агар ин моҳ бувад мӯҳлати парҳез,
  ҳанӯз ҳилол аст!
Ман ин мӯҳлатро ба сол пурра мекунам.
Зеро ҳар рӯз нокомилам,
ҳар рӯз ноодилам,
ҳар рӯз хатокор…
Тамоми рӯз бар кулчаи хуршед 
даст меёзам,-
Бар рӯзиям дар рӯза,-
Ба ман ин шариат
Аз осмонҳо фарз аст,
Ки адолати озодист.  
2009

ҲАҚИҚАТИ РӮЗ

Худованд шабро сафед накард.
То ҳақиқати рӯз рӯшан бошад.
Танҳо чароғи ҳикмати Моҳро бар зулмати
  он овехт,
То бидонем, ки бадру ҳилоли таҷаллӣ дар
  ҳаракати мост.
 
Мо чу Моҳ наздик ба Заминем-
Сарду сиёҳ…
Чӣ мешуд, агар дили Офтоб наметапид?!
Чӣ мешуд, агар ба Моҳ наметобид?!
Чӣ мешуд, агар касе намегуфт:
- «Дӯстат дорам!»?  
  2009


ЛУТФИ ХУРШЕД

Дилат дар уқёнусҳо
  об мешавад барои мо.
Ва ту дар дили баҳрҳо
  қаҳрҳоро мегудозиву
  бухор мекунӣ.
То бо соиқаҳои сӯзон
 бар соябонҳои абрӣ
  рахна мезанӣ.
Ва метаровад, метаровад
 таровати борони раҳмат
  ба рӯи мо.  
Соябонҳои абриро мебандӣ
Ва шамсияро боз мекунӣ.
Мо намеёбем, 
ки дар пушти сояҳомон паноҳ ёбем. 
Ту, ки дилӣ тамом,
Аз тирагиҳомон мегузарӣ.
Хуршедро мефиристӣ,
Ки меояд
Ва сараввал кулоҳашро мебардорад
  бар салом.

  2007





   

 БА ШАҲЗОДА

Модарат фаввораи орзуҳост,
Кафи дастони дуояш кабӯтарбоз,
Модарат шохаи пурэҳсоси ҷавонасоз...

Ту тоҷи булӯрин бар сари ин фаввораӣ,
Атласи рангинкамонҳоро инъом гирифтаӣ.

Ту он кабӯтарҳои таманноро
 ба сути шавқ
  дурҳо парронида,-
Болотар аз гумбазҳои сабзи Самарқанд,
Бигӯ, ай дӯст, куҷо расидаӣ?

Мо ҳам фаввораи орзу гаштаем
Ва кафи дасти дуомон кабӯтарбоз,
Бо ҳавои парвоз.

Бигӯ,
Бигӯ, ай паррандаи рӯзномасоз,
Осмон он ҷо ҳам сиёст?
Борони нафсу шаҳват беибо боро?
Ту бо пари хеш 
  кадом калимаро
  хоҳӣ такрор
  бинвисӣ?
Аз ман намепурсӣ?
Аз мо, ҳавопаймоён...
Метарсам ...
Метарсам,- аз ин борон
  аз он осмон.

Нигар,
Само аз дуди дудмони мо гулӯгир аст!

Метарсам, ки шавқи парвозро 
дар синаи осмонам 
  фурӯ биншонам.
Ва натавонам 
бо килки пари хеш
  мукаррар нависам
  аз ҳарфи "Ишқ"...

Модаратро гӯ,
Кабӯтарбозӣ кунад.
Бигӯ, фавворавор кабӯтарбозӣ кунад. 

  2007










БА МАНЗУРА

Ба ӯ гуфтам,
Ба саршортарин духтар, аз покизагӣ,
Ба пурбортарин духтар, аз ҳаёву утуфат,
 ҳушёртарин, аз андешаву завқ,
Манзуртарин, аз латофат,
Мармузтарин, аз ормон.

Ба ӯ гуфтам, ки вой,
 мардумаки мардони мо мурдааст! 
Мардони биноро аз кадом бино пайдо 
кунем?!

То содадухтарони садоқат, самимият, вафо;
Содадухтарони дур аз найранг,
 дур аз дабдаҳои пӯк,
 дур аз тафохурҳои беҳуда,
 дур аз риё;
Содадухтарони мураккабро,¬ аз покизагӣ,
 аз ҳаёву утуфат,
 андешаву хаёл,
 аз шавқу завқ,
 аз ормонҳои воло, бонӣ кунанд.
Содадухтарони мураккабро, пуштибонӣ  
  кунанд,
То соқаҳои рӯйиш
  гулдухтарону гулписарони тозаустухон
  бар биёварад,
То аз гиребони замон
 бӯи маъсумият
  сар бароварад.
  2008
 
МИНУИИ САБЗИШ
Сабзинаи арча...
Чи хуне ба рагонаш,
Ки ҳамасола ҷавон аст?!
Ҳама зангори ниҳонаш,
  ки дар рӯш аён аст,
  ба чи шуста?
Бехазон,
Вораста, - аз он хок, ки руста.
Шаби милоди Масеҳ
Тоҷ бар сар,-
Ба шаҳриёрӣ расида
 зи минуии сабзиш...
  2008


ДАР ПАХТАЗОРОН
Таҷрибае сӯфиёна 
 дар пахтазорон софист:
Вақте донишҷӯёна
 ҷисматро ба риёзат мекашӣ,-
Дар домани саҳро
Доман –доман аташро 
Бар тоқати фарсо, мекашӣ,
Ва дар сояи ҳаловат
  як косаи нилобии осмонро менӯшӣ.
Сипас, дар ғуруби орамиш
Таҳи як тарона
 аз дилҷӯшӣ
чарх мезанӣ, чарх мезанӣ,чарх.
  2008

ШАРОБИ ДЕР

Шароби тозаро
 дар машке нимадошт
  мӯъҷиза бинмо,
  зи оби ҷони мо.
Боракаллоҳ,
Агар туро гӯянд:
- «На об ин аст,
Шароби ноб ин аст,
Ниҳодӣ дер чаро 
  ба хони мо?!»
  2008
   
 ЛОЛА

Ин лола зи тухми бефано рӯида
Ва ба хун шуста шуда.
Агараш бод
  косаи коми варо 
  мешиканад,
Зарфи тиллоии имон-ш
Холис аз ҳар тиллост,
  комил аз заъф.
Чу баҳор кӯзагар аст,
Метавонад, ки дигар
биниҳад бар кафи ӯ
Ҷоми коме
зи шароби абадият...
  2007

 НӮШДОРУ
Ниқор мегирам аз нафс
Дар иҷтиҳоди гурдофаридона
Бо сӯҳроби ақлу ҳисс.
В-агар захм гирам, 
Барои нӯшдору
Баҳри як тан зан
Сӯи сарои султон 
месипарам раҳ.
Дилам мегӯяд,
Ки дар ин роҳ
Аз рустами ҳар пиндор бигзарам.
Дилам мегӯяд,
Ки наҳаросам ва навмед набошам:
Нӯшдору он ҷост! 
  2007


ПАЗМОНӢ
Cӯзанаквор
Дар обсабзаҳои чашми ман
Тухм гузоштаӣ.
Ва рӯи шохаи мижгон
Ҷои поятро
Вогузоштаӣ...

Туро ин субҳ
Дар шабнами мушаъшаи хоҳиш
Бар рӯи барге аз соқаи ларзони изтироб
Гармтар аз офтоб
  пазмонам.
  2009

БЕҲТАРИН ШЕЪР
Беҳтарин шеърамро
Бар дастҳоят насб намудаӣ
Ва дар сари кӯҳи ормонҳо
Оташ задаӣ.
Ту –
Гулбуттае дар хобиву рӯъё,-
Обӣ, обӣ, обӣ.
Ман –
Бар буттаи оташ
 бӯтаи аташам,
То нашкофӣ
 чашмаи чашмонатро
Чӣ гуна пур шавам,
Агар нахонӣ,
Чӣ сон гӯё?!
  2008

 
ПУШТИ ПУШТА

"Аламбардорони миллат" бебайрақанд,
Бе байрақи сафеди сулҳ.
Дар асбҳои ҷаҳл месипаранд раҳ.
В-аз дасти деви нафс
  ҷонҳояшон
  кушта мешавад.
Номҳояшон
 ҷовидонӣ
  пушти пушта мешавад. 
  2007

¥ОЛО

Солхӯрдагон мегӯянд сарҷунбон:
"Дар замони мо чунин буд,
Дар замони мо чунон..."
"ҳоло" даврони кист?
Агар сол хӯрам, хоҳам гуфт:
"Акнун замони ман оғоз мешавад,
Даврон хоҳам ронд..." 
  2007

РОЗЕ АЗ «КУҶО»
Эзади дӯстдор!
Он роз, ки ҳанӯз ба чашмам начамидаст,
Ба лаби суфраи гӯшам нанишаста
Ва нишонии дили ман зи "куҷо" меҷӯяд,
Дар куҷоҳо рӯёст,
Дар кадомин лаб гӯё, 
Тапанда дар дили кадом рӯъёст,
Куҷо равам, ки муҳайёст,
Куҷо равам,
Эзади дӯстдор?! 
  2007






МУҲР
Муҳри танҳоим 
  дар заҷр
  ҳаҷри туст.
Мезанам онро
Ба пои номаи дил,
Ба рӯи сафҳаи сина,
  ки бинвишта:
"Ҳикмати танҳоиям
  бинмой дар ҳамсоягӣ
  хуллас, хулоса"
  2007

ГАНҶИ ИМОН
Ганҷи муҷаллоро 
Дар зарфи гилӣ мебарам.
Роҳравон
 туро мавъиза мекунам
  ба як соя.
Ва дар бисмиллоҳ мегӯям:
"Ба номи ишқ,
  ки дар гавҳари хун
  хулқҳоро тарбият кард..."
 
  2007
 




МЕЪРОҶИ ЗАНОНА
Рӯи шонаи дарахт,
Пушти девор
Ва рӯи ин мизи кор,
Ҳар ҷой, ки овехтанист,-
Дори шонаи туст,
То сари гаронамро 
Барои гиристан овезам,-
Дар интиҳои заъф
  даст ёбам
  меъроҷи занонаро.
  2007

 АЗ ХИЗОНАИ САМОВӢ
Нигоҳи солимат
Мисоли ходими барқ
Ба ноқили раги тақво
Вуҷуди ҷудатро
Аз имтиёзи ҳамешагии рӯшанӣ
  баҳравар сохта. 
Ба ҳақ, чашмат ин хазина
  аз хизонаи самовӣ охта! 
  2007


 АЗ ПАРТГОҲ
Эй биё,
бар хобгоҳи ман биё,
Ман фиканда бар тани танҳоӣ-
бар партобгоҳи ман биё.
Эй биё, девонавор,
Ҳар чи аз ман парт шуда 
 дар партгоҳи чоҳи хомӯшӣ,-
Пуртабассум
 ҳамчу дастоварди ноёбе
  бурун ор. 
По фуруд ор бар ҳарими хобгоҳам,
То ҳарамгоҳи вуҷуди тозаат берун биёр... 
  2008 
 
БОЗУБАНДИ УМЕД
Ман ба бозувонаш сар супурдаам
Ва дар оғӯши ӯ асирам.
Медонам:
Бо тоби бозувонаш 
шабпараҳои яъсамро мегурезонад,
Дона – дона завлонаҳои дардамро, 
  мерезонад.
То ин ки қимати озодиямро баршуморам.
Шодиямро 
Аз инҳисори ормонҳо
  дарбиёрам.
Ман тамоми умедамро 
бар бозувонаш бастаам
Ва дар асораташ растаам.
  2006.



АТАШҲОИ ДАРГИРИФТА

Ишқи ту боронест,
Ки бориданист
бар аташҳои даргирифтаи ман,
Меборад, меборад…
Ва бо дастҳои оби ҳаёт 
Ба марзи синаи ман
Гули оташ мекорад. 
  2006 

 



ИМРӮЗИ НОРАСИДА

Метавон тамоми фардоҳоро тай кард,
Тамоми интизориҳоро таҳаммул.
Барои фардое,
  ки охирин аст
  ва нахустин.
Барои фардое, ки идомаи имрӯзи
  ҷовидонагист,
Мо фардоро, -
  кайҳост, ки оғоз кардаем,
Магар имрӯзро, ки норасида
  анҷом ёфтааст.
  2006

 
 ГАРДОЛУДИ ҲАВАС
Ҳаваси ҳудҳуд шудан,
Палоси роҳ- роҳ ба роҳи ту андохтан
Ва бо ҳар муждаи хуш
 тоҷи ифтихор бар сари ту охтан,
Дерест, 
Чу занбӯри асал
Шохаҳои ёсуманиро
 намуда гардолуд.  
2008

НОНИ САМАРҚАНДӢ
Чӣ тазоде!
Ҳоло
Гандуми меҳр камёбу гаронбаҳост,
Аммо,
Нонвои даҳр,
Ягона нони самарқандиро,
 ки сард менашавад он,
 Яксон ба деҳу шаҳр,
  намудааст арзон!
  2008
 







ХИШОВА
Кош мешуд қалбҳоро шудгор кард,
Тухми садоқатро кошт.
Ва навбарашро ягона кард.
Кину бухлу ҳасодатро
Хишова карду бардошт.

Кош мешуд ситораи офтобро
аз бурси осмон гусехт,
Ва ба мехи синаи хонаи торики ман
  овехт…
Кош метавонистӣ
тирезаҳои маро аз соярав кӯчонӣ,
Ва ба офтобрӯя бинишонӣ.
Кош...
  2008
 
МАВСИМИ ДАРДОЛУ

Мавсими пухтани зардолу
Дар манзили имрӯзии мост.
Фардо 
Мавсими рехтани дардолу
Дар зери дили пост.  
  2007





ҶӮЙВОРӢ БА ҶӮЙБОР
Ҳеҷ сайёде дар ҷӯи ҳақире, ки ба гувдоле мерезад,марвориде сайд нахоҳад кард. (Фурӯғ)  
На!
На он буд марвориди ишқ,
Ки маро дар садафи оғӯшат
Менамуд қатраи об.
Набудам ғаввос, оре,
Намедонистам,
Ки марвориди ишқ
Набувад дар ҷӯйбор,
Ки ту ҷӯйвор будӣ...
2008
  
НАМОД
Намои чашми ӯ
Оғози номаест
 ба лавни сабз.
Намои дидаам
Ду чакраи чакида аз сиёҳист,
Ду нуқта
 дар идомаи нома
чу рамзи «сӯҳбат боқист».

Ту нуқтаи саввум 
 дар ин ошиқонаӣ,
К-оғоз мекунӣ
 анҷомро,  
ай ишқ! 2009
   
  ПАСАНДОЗ
Агар орзуямро набишканад,
Агар фари судаамро фаррух насозад,
Агар натавонам бозубандро ба бозувонаш
  бандам,
Бисоти ормонҳоямро мекушоям,
Борониямро мегирам.
Ва тикаи шодиямро пасандоз менамоям
  барои фардо.
2009

БЕНАМОЗИҲОИ ҲАВАС
Хаёли рӯи ту,
Рӯъёи ту
андар ҳарими хонаи чашмам
  ҳама сӯ мекашад тасвир.
Зулайхои ҳавасҳои маро
  дар шабгуми коме 
  намояд пир. 
Худоё, бенамозиҳои ӯро деҳ татҳиру
  раҳояш кун,
Ниёзе дораду бо оби ишқи пурсафои худ
  равояш кун!
  2006
ПАЗИРОӢ
Ман аз қабурғаҳои ту рӯидаам,
Ва дар шонаҳои ту н – орамида
  мӯидаам.
Ман аз оби рӯи ту костаам
Ба авҷи ҳар ниёз, ки хостаам.
Маро бар салиби шонаҳоят бикаш,
То бо гуноҳи мардумакони дидаам
  бимирам.
Ва ё бар самимияти нигоҳат бихон,
То дар мавҷи сафояш таъмид бигирам.
Маро бо оташаке дар хонаи қалбат
  пазиро бош. 2006
 
ҚУИ ИШҚ
Ишқ дар ҳавзаи чашмони ту қуяст.
В-аз ду раҳ метавон шикораш кард:
Ба ҳақиқат,
Ба маҷоз.
Ба маҷозаш ба пари коҳи каҳе менарасем
(Мепарад қуи парандоз).
Ба ҳақиқат- ба парвоз,
Ки нишонии нишон аст.  
  2006

РОЗИ ОФАРИНИШ
Ва занеро ниҳод бунёну 
  ба бар кашид.
Зи шонаҳои ту на,
  ки аз об.
Зи азоб, зи тирагӣ
ба чирагӣ...
Ва бозувонашро
 бар сари ҳарими ӯ
  чу соя дарфиканд.
Либоси бевагӣ зи ӯ
ба номи хоси ҷовидонагӣ
 бадал намуд-
  бадар намуд,-
Чу бар никоҳи худ гирифт –
  ба бар кашид.  
2006





 


ХОНАЕ ҲАСТ
Хонае ҳаст,
К-аз тасаввури ҳузурам мешавад гарм,
В-аз хаёли инъикосам оинеш дар худ 
  намеғунҷад.
К-аз фиғони интизориҳо
  гулӯи тугмаи бобаш гирифта,
В-аз эҳтирос
мешавад тирезаҳояш бозу гаҳ баста.

Хонае ҳаст,
Ки сахт аз баҳри ман
мезанад, гӯӣ, дилаш гум-гум,
Ва андар роҳи ӯ
қалби ман шабгум. 
Биё, то ахтар афрӯзем...

Хонае ҳаст,- 
Дар ҳисори ормонаш дар ин сармо
Ман ба оташдони дил
Шохаҳои хушки ҳасратро фиканда,
гарм месозам вуҷудамро. 2006


ТАЪМИДИ МОҲ

Аз тамошои Замин маҳтоб
Мешавад пур,
Мешавад пир.
Сӯҳбаташ дар баҳри чашми меҳрамвоҷат
Мешавад даргир.
Мекашӣ ӯро ба хеш:
Чакра – чакра мечакад маҳтоб.
Ва ту бо фавҷ- фавҷи чашмаи нерӯ
Мекуниаш ғарқ-
Мекушӣ сархуш
Мекушӣ хуш!
Рӯз
Рӯзе,
Оқибат рӯзе
Фаркани маҳтоб
Қатра –қатра мезаҳад дар об:
Мебарорад сар
Аз зулоле як ҳилол –
Нағмапардоз – нағмаи иқбол!

Ва чун андар нигоҳи ту-
Розгоҳи ту
Сӯҳбати мо мешавад даргир,
Суоле аз ту дорам, ки "Ту Яҳёӣ ?
Кӣ ҳастӣ пас оё
Аҳуроӣ 
Ва ё Исо?..." 2006
 
ДАР САМАРҚАНДИ ДИЛАМ
Дар Самарқанди дилам хуррам кафи
  хокест,
Ки тар чун хоки Тарлох аст;
Зи файзи чашмаҳои обшорон,
Зи файзи чашмҳои меҳрборон,
Зи файзи лолаи қалби нигоре,
Тапишҳои дили уммедворе,
Дуои сабзи дасти шохсорон.

Дар Самарқанди дилам
 дар гардани покосмонаш
Аз ҷалолу ҳашмати масҷиду меҳробу
  мадорис
  в-аз манор
Як чалипое ё гӯӣ, ки тӯморест овезон…

Дар Самарқанди дилам
 як мушт тарлохест,
Ки волотар 
ва гӯётар бувад 
аз кӯзаҳои пуштаи Афросиёб! 2008

  1. Афросиёб – номи ҳозираи шаҳри тоисломии Самарқанд.
  2.Эҳтимол калимаи «Тайлоқ» (зодгоҳи банда) аз решаҳои «тар» (нам) ва «лох» (замин) таркиб ёфта бошад.

ФАСЛИ НОБУДӢ
   
  Ман аз овони гаҳвора аҷаб пиронахӯ будам, 
Гузашт айёми пириям, кунун фасли шубобам деҳ.
(Фарзона)


Надонам кай ба охир мерасонам фасли пириро,
Ҷавониро кашонам то зи нобудӣ сари оғоз.
Ниҳоли килки ту бар сафҳаи барги вуҷуди ман
Тароватро, саодатро, шағафро то кунад эҷоз.

Надонам кай зи шодӣ мистари рагҳои ман пайдо
Шавад дар пӯсти нозукам ба пои номаҳои шавқ.
Ки кай ман меравам аз худ дар оинаи худӣ,
Ки кай бахшоӣ моро дар ҳузури хеш ҳоли завқ..

Надонам кай ба охир мерасад ин фасли нобудӣ...
 
  2007
 
   


САРТОРИКИ ҲАВАСҲО

Хатоҳояшро ҳак хоҳад кард, ба хок,
Гунаҳҳояшро нақш хоҳад зад, бар об,
Гузаштаҳояшро ба ёди бод хоҳад андохт.
Ва сарторики ҳавасҳояшро
Дар тоби ситорае хоҳад гудохт.
Тухмаи меҳрро дар моҳ хоҳад кошт.
Ва дидагонашро рӯшан хоҳад кард ,
Тифли эҷодашро
 Дилшод ном хоҳад гузошт.
  2008


 










--
-D

Пораҳои сапедтора



  ПОРАҲОИ САПЕДТОРА

* * *
Килки нигоҳатро
Бар меҳбари чашмам бибар
Ва савгандномаи садоқати ишқро
Дар синаи ман мӯҳр бизан. 
2006
* * *
Шурби шодиро 
Дар зарфи ҳамеша менӯшам,
Ки аз хуни хуршедии туст
  зарҳалаш. 
2006
* * *
Ишқро 
Дар чашмонаш обӣ,
Дар нигоҳаш рӯшан
Ва дар дилаш ба хун полудаӣ,
Ки ин кафорати гуно-ст... 
2006
* * *
Чандин чаҳормоҳа ҷорӣ шуду 
ба меод расидаам.
Ҳон, муфтии осмон!
Гунгу торикам аз танҳоӣ,-
Мешавад оё
  бо Бахт
  дубора издивоҷ кунам? 
2007
* * * 
Ҳувайдост
Рӯи ҳар он чи ниҳону пайдост
Нақши номи ту,
Ки теморе сувайдоист
  тӯмори диламро.
Ман киям?
Захми чашмони касон чӣ?! 
2007

* * *
Дурдасти осмон
Дар дидагонат дастрасанд.
Аммо
 зи сахтиҳои замин
  ту дастнорас...
2007



--
-D

10 мая 2010 г.

Az majmuai "Yak qalam rushnoi"

ТАРЧУМАХО АЗ АШЪОРИ ШУАРОИ ГАРБ


  (Барои маслихати муфидашон
 дар тарчумаи шеърхо ба тарчумон
ва шоири самаркандй Акбар Пирўзй, 
хусусан ба устоди забони англисй 
Роберт Клайн ташаккур баён мекунам.)




  
ФРЭНСИСИ ЭССИСИИ МУКАДДАС
ДУОГУ БАХРИ ОСОИШ ВА МУХАББАТ

Худовандо, бисоз асбоби осоиши худ  
  манро,
Бифармо, то бикошам чои кина тухмахои 
  ишк;
Ба чои ранчу озор- авфу бахшоиш,
Ба чои шубхаву шак -тухмаи имон,
Ба чои ноумедихову яъс- уммед,
Ба чои тирагихо равшаноиро,
Ва шодиро ба чои тухмаи хирмон.
 
Аё раббам, бифармо, то набошам ин 
  кадар толиб,
Тасаллоро, магар бошам тасаллибахш,
Факат худро, магар то дигаронро беш
  бошам аз паи фахмиш.
Магар то дигаронро беш шавам  
  дўстдортар аз хеш

Азеро дар хамин бахшоиши моён бувад 
  бахшиш
Ва омурзида хастем мо дар омурзиш.
Ва дар марг аст хаёти човиду зоиш.

ST. FRANCIS Of ASSISI (1182-1226)
PRAYER ON PEACE AND LOVE

Lord, make me an instrument of your peace,
Where there is hatred, let me sow love;
...where there is injury, pardon;
...where there is doubt, faith;
...where there is despair, hope;
...where there is darkness, light;
...where there is sadness, joy;

O Divine Master, grant that I may not so 
much seek
...to be consoled as to console;
...to be understood as to understand;
...to be loved as to love.

For it is in giving that we receive;
...it is in pardoning that we are pardoned;
...and it is in dying that we are born to 
  eternal life.
  
****
ВИЛЬЯМ ШЕКСПИР
СОНАТАИ 17

Байтхоямро кй хохад кард бовар окибат рузе,  
То фарохам гашта аз таърифи арзиши сазоворат.  
Асли хуснатро набитвонад, ки бинмояд зи ту аммо,  
Байтхои ман, ки хамчун турбате андар ба худ дорад.  
Метавонистам агар гирам ба тасвир хусни чашмонат,  
Дар шумори бехтарини бехтарон зебоии зотй.  
Шоядам ояндагон гуянд, ки «ин шоир чй каззоб аст,  
Кай тавонад чехраи хокй шавад ранги самовотй».  
Ин мабодо, то шавад беэътино чун харзагуи пир  
Зардгун авроки ашъорам, ки харчи хаст, моли туст.  
Ё шавад бехуда хамчун харзахои шоире мачнун,  
То нагуянд «як навои кухнае-андозае аз уст»
Аз казо мебуд агар фарзанди ту андар хаёт, албат,  
Менамудй зиндагй дар байти ман, дар насли 
  фарзандат.

WILLIAM SHAKESPEARE(1564-1616)
SONNET 17
Who will believe my verse in time to come,
If it were fill'd with your most high deserts?
Though yet, heaven knows, it is but as a tomb
Which hides your life and shows not half your parts.
If I could write the beauty of your eyes 
And in fresh numbers number all your graces, 
The age to come would say 'This poet lies:
Such heavenly touches ne'er touch'd earthly faces.'
So should my papers, Yellowed with their age
Be scorn'd like old men of less truth than tongue,
And your true rights be term'd a poet's rage.
And stretched metre of an antique song:  
But were some child of yours alive that time,
You should live twise; in it and in my rhyme.
  
****
  КРИСТИНА РОЗЕТТИ
  ЗОДРУЗ


Дили ман гуиё мурге хушилхон,
Нихода лона андар шохи шодоб.
Дили ман гу, дарахти пурбари себ.
Хамоил шохаш аз боре беосеб.
Кашад то накшае алвон бар мавч
Бувад дил заврак андар бахри ором.
Бувад хушхол калбам нисбати ин,
Азеро омада суям дилором.

Биёро маснад аз абрешиму пар,
Бипушон махмале лоики султон.
Анору кафтарон хаккокй бинмо,
Ва товусонро хам ба сад чашмон.
Давонаш зархалу ангур - симгун,
Ба баргонаш,- гули манзури султон.
Азеро зодрузи умри ман аст,
Чу суям омада, ин суй чонон.


  CHRISTINA ROSSETTI(1830-1894)
  BIRTHDAY

My heart is like a singing bird
Whose nest is in a watered shoot;
My heart is like an apple tree
Whose boughs are bent with thickset fruit;
My heart is like a rainbow shell
That paddles in a halcyon sea;
My heart is gladder than all these
Because my love is come to me.
Raise me a dais of silk and down;
Hang it with vair and purple dyes;
Carve it in doves and pomegranates,
And peacocks with a hundred eyes;
Work it in gold and silver grapes,
In leaves and silver fleurs-de-lys;
Because the birthday of my life
Is come, my love is come to mе.
  
****
  РОБЕРТ БЭРНС
САДБАРГИ АРГУВОНЙ


Вах, чи ишке, к-аргувонй мисли гул
Дар тамузе чилвагар аз нав ба ноз.
Вах, чи ишке, дар хавое дилнишин
Гўиё ширин ба ракс андар ба соз.
 
То сапеду хушгилй ту, он кадар 
Ман гирифторам амик бар ишки ту.
Чони ман, як умр махбуби манй,
То бихушкад оби дарё, оби чу.

То бихушкад оби бахру чу, дилам,
Сангхоро об бинмояд чу шед.
Чони ман як умр махбуби манй,
То даме з-умр аст пайдо, эй умед:

Хуш бимонй, дилбари танхои ман,
Хуш бимонй андар ин фосила, хуш.
Боз хохам гашт сўят, ишки ман,
Дах хазорон гар манозил, хайрхуш!
  
  A Red, Red Roze
O, my Luve's like a red, red rose,
That's newly sprung in June.
O, my Luve's like a melodie
That's sweetly play'd in tune.

As fair as thou, my bonnie lass,
So deep in luve am I;
And I will love thee still, my dear,
Till a' the seas gang dry.

Till a' the seas gang dry, my dear,
And the rocks melt wi' the sun:
I will love thee still, my dear,
While the sands o' life shall run:

And fare thee well, my only luve!
And fare thee well, a while!
And I will come again, my luve,
Tho' it ware ten thousand mile.  
  
  ****
ЭМИЛИ ДИККИНСОН
БИЁ ОХИСТА-ОХИСТА


Биё,
Охиста-охиста,
Адан (боги бихишти ман),
Лабонатро,
 лабони нотакрори туро
Мебусаму
Шармида 
 аз ёсуманонат мечашам кадре.
Ба сони оруе хаста,
Ба даст оварда дер гули умедашро,
Зада пар-пар бо виззос
 ба даври ошёни хеш,
Намуда шахд зам бо шахд, дар оташ,
Ва чон дода
Дар ин мархамаш
 охиста-охиста!


EMILY DICKINSON(1830-1886)
COME SLOWLY

Come slowly,
Eden
Lips unused to thee.
Bashful, sip thy jasmines,
As the fainting bee,
Reaching late his flower,
Round her chamber hums,
Counts his nectars -alights,
And is lost in balms!

 ****
ЭНН БРЭДСТРИТ 
БА ШАВХАРИ АЗИЗУ ДУСТДОШТААМ

Будй ду дил замоне як, замони мо шудй бешак,
Хабиби зан шудй гар мард, хамоно ту будй бешак.
Агар будй хамеша завчае хушхоли марди худ,
Киёси ман намо, эй зан, агар битвонй бахти худ.
Ба сони кони тилло, балки болотар аз он ишкат,
Ва ё аз махзани Машрик, волотар зи хар сарват.
Чунон аст ишки ман,- конеъ нахохад сохт дарёхо,
Ва не дигар, вале ишкат каноат медихад танхо.
Чунон аст ишки ту, чоно, ба посухаш чихо гўям,
Самоят сарфарозихо намояд, ин дуо гўям.
Биё, холо намоем устуворй дар мухаббатхо,
Замоне зиста битвонем, напояд дер умри мо.

ANNE BRADSTREET (1612-1672)
TO MY DEAR AND LOVING HUSBAND

If ever two were one, then surely we.
If ever man were lov'd by wife, then thee.
If ever wife was happy in a man,
Compare with me, ye women, if you can.
I prize thy love more than whole Mines of gold
Or all the riches that the East doth hold.
My love is such that Rivers cannot quench,
Nor ought but love from thee give recompetence.
Thy love is such I can no way repay.
The heavens reward thee manifold, I pray.
Then while we live, in love let's so persever
That when we live no more, we may live ever.
  







--
-D