9 августа 2010 г.

ғазалвораҳо

Бар наҷоти ман садоятро фирист,
Ҷазбаи одамрабоятро фирист.
                                 (Фарзона)
Бӯи ҷон,яъне,ки райҳонат фирист,
Дар ақоқиатри домонат фирист.

Ҳамзабони савсаниҳои ғамам
Ёсамини рози пинҳонат фирист.

Мавҷ андар мавҷи оби ҷӯ биё,
Ҳулбаворӣ то ба ҷононат фирист.

Боварамро бар шутури осмон
Муждае бо фатҳи осонат фирист.

Иксире бар коркарди хулқи ман
Дар мисоли зарри ҳамсонат фирист.

Ишқ дар мизи мудаввар з-офтоб
Мебарорад бонг: «Инсонат фирист!»
   
                                                 2009


* * *
Эй дӯст, эй дӯст, мавлои сонӣ,
Дар ҷон ҷоӣ, дар ҷои ҷонӣ.

Дар сӯхтани ман, дар сохтани ман
Беустухонӣ, беустухонӣ.

Борон борон бар киштаҳоям,
Дар боми ҷонам кун новадонӣ.

Аз беҳавоӣ то бар раҳоӣ
Зангӯлае зан бар бекаронӣ.

Аз ноумедӣ то муттакое
Бар ҷовидонҳо дар комронӣ.

                                             2009

   
  * * * 
Чу Зӯҳрасту маро сайёра дорад,
Хаёлаш бар сарам паргора дорад.

Буридам аз висолаш дар таматтӯъ,
Маро дар фурқаташ парвора дорад.

Набигзорад равам, озод бошам,
Маро дар банди худ ҳамвора дорад.

На бигзорад фалак бо ӯ бимонам,
Маро бар даври худ овора дорад.

«Дилам дар ошиқӣ як чора дорад,
Ки худро ҳамчу санги хора дорад».

Наосад бар асои санги хоро -
Зи дасташ хора ҳам фаввора дорад!
                                                    2009

 Байт аз Мавлавӣ.

   
 
Эҳдо ба устод Шавкат Шукуров  

          To ба матлуб расидан корест,
          Қосидон, дурии раҳ тӯморест.
                                            (Бедил)
 
Дидан навишта дар раҳи устод туморро,
Мижгон ба ҷой то фурӯ нишонд ғуборро.

Аз нофаи ғизоли ғазал мушк то рабуд,
Аз такягоҳи обила овард виқорро.

Дар баҳ-баҳи ғазалсароиҳош бишканад
Хуршед ба чашми обии шабнам хуморро.

То бедилона зиставу бедил набудаем,
Афрӯхтаем ба санг санги қалби ёрро.

Тумори обила-ш зи балои адам кашад
Пои балокаше, сари фурсатшуморро.

                                                   2007

* * *
Ранг бизан содаро, сурати Аржанг соз,
Эй кабуд андар кабуд, бо худат ҳамранг соз.

Занг бизан, данг-данг ё чу калисои шаҳр
Ғулғула афкан, ба зангхории ман ҷанг соз.

Санг бизан тингу тинг, танг бикун тангу танг,  
Танг дар оғӯши худ бо ҳама фарсанг соз.

Пардаи розат дар он пардаи соз андарун
Чанг бигир, дар навот нағмаи оҳанг соз.

Нақш мазан рӯи об, нақша макаш рӯи хок,
Сурати ҷони маро лавҳаи харсанг соз.

Бо тани танҳоиям тобу тавоноӣ ку?
Тоб мазан, бар табат толибу ҳамранг соз.

Эй ту басе ақлу ҳуш, эй ту басо отифа,
Ову ба ҳамсангият тoза бафарҳанг соз! 

                                                    2008

* * *

Хуршедсуроғ омадам андар талаби ту,
Бо ҳадяи як бӯсаи пайғом ба лаби ту.

Дар машраби ту бодасифат ранг биёрам,
Дар хуни ту софӣ шаваму дар тааби ту.

Ту тоҷи саодат ба сари маснади оҷӣ,
Ҳам барраи нуре ба дили гурги шабӣ ту.

Рӯшан дили моро бикун аз партави ҳуснат,  
Кӯшо ба расидан ба мақоми заҳаби ту.

Дар маснади яктоиву пайдоиву пинҳон
Ё раб, чи рабӣ ту, чи рабӣ ту, чи рабӣ ту! 

                                                       2007








* * *

Ранги ту бар ман задаст, доғи ту бар 
ҷони ман,
Эй шарари хуни ту дар раги имони ман.

Шодии комили ман, ҳасрати соҳили ман,
Эй малакут, эй шаробкосаи паймони ман!
 
Бин, ки ҷаҳон мезанад ханда ба шайтони фан,
Пушти ту, эй марҳамат, пушти ту, раҳмони 
ман.

Сода бувад, кӯдакист моли раҳоварди ман,
Дарс бигӯ, ҳудҳуди мулки Сулаймони ман.

Рашки ту бар ман бувад чашмаи чашмони 
  санг,
Ҷуз ту аз они киям? Они манӣ, они ман! 
2007





* * *

Ба маҳрамони рози навбаҳориям дилбанд,
Шукуфасо ба қайди сабзшохаҳо побанд.

Зи боғбони худ ҷуз ин надорам илтиҷо,
Ту навдаи ниҳони худ ба ҷони ман пайванд.

Нумӯи ҷони мо ба завқи килки худ бинмо,
Ба зарҳале нурониям намо тилооганд.

Равам ба ласми дасти ту, замона они ту,
Биё, ба ламси дасти худ дари фаноро банд 

Мабош, гӯ, гули зардолувони эҳсосӣ,
Маро намо ба шохаҳои деркушо гулбанд. 

2007




* * *



Шамси манӣ, офтоб, рӯи худ аз ман матоб,
Сояравам, соярав, тобу табӣ, тобу тоб.

Рози каломи манӣ, сози саломи манӣ, 
Боз мароми манӣ, оби ҳаёт, обу об.

Шор ба шарёни ман, ҳастиии беҷони ман,
Шурби шараркони ман, ноби набид, нобу 
  ноб.

Хез ба чашмони ман, рез зи мижгони ман,
Без ба домони ман машғалаи обутоб.

Оҳ, ки ман хастаам, воҳ, чи норастаам,
Дар дили зангӯлаам, хоби хапу хобу хоб.

То ки шакароб занам бар рухи ту аз ҳубоб
Дар раги худ, баҳри ман, набзи маро 
  кобу ёб!
  2007




* * *

Дар ғайби ту ниёзу нози мост бепадар,
Ашке ғариб дар нигоҳи мост бепадар.

Тифли ҳазор орзуи мост бенасиб,
Дасти ҳазор ҳавсала бепост бепадар.

Сӯзи тамуз зад ба устухони тирамаҳ,
Сози баҳор чун ҳути сармост бепадар.

Рози ҳазор оини шукуфтанӣ туӣ,
Ҳар роз гунгу ишва бесадост бепадар.

Оби ҳаёт деҳ, ки бар ҷони худ барам,
Бо Суҳроб ин ки норавост, э падар!

То бозубанди бозуи уммед бастаам,
Кай шонаам зи панҷаат ҷудост, - 
  бепадар!...
  2007



 * * *

Атри фаранг заҳида аз домани ақоқӣ,
Гӯӣ, ватан гузида дар домани ақоқӣ.

Бар шохаи ҳавасҳо вобаста қалби моро,
То аз ҳаво бурида гулпирҳани ақоқӣ.

Як шаҳр бар димоғаш дуди ҳавас нишаста,
То шӯълае ҷаҳида аз гулхани ақоқӣ.

Гаҳ мебарад шамолак гесуи атри ӯро,
Аз чор сӯ вазида бар хирмани ақоқӣ.

Дар ҷилвагоҳи ҳастӣ мисли парӣ нишаста,
Чун ҳеҷ кас надида ёсумани ақоқӣ.

Бӯи ҷигар кашонам дилшуда аз ҳавое,
Бӯи дигар шамида дар гулшани ақоқӣ.

То шарҳа – шарҳа гаштам бо шарҳи 
қиссаҳоям,
Гӯӣ зи ҷон бурида дар ҳовани ақоқӣ.

Бӯи висол наёрад то бар димоғ, фардо
Дасти касе надида бар домани ақоқӣ.


--
-D

Комментариев нет:

Отправить комментарий