9 августа 2010 г.

Мӯише дар шонаи килк










   



 






ҚУРБОНӢ
Овардаӣ:
Қурбонии лабҳоятро 
  дар сано,
Қурбонии гуноҳатро 
дар фохтаи нигоҳ,
Ба дӯши панҷа тифли ашкатро...

Дили дасти ту сафед,
Дасти ту мӯъҷизае,-
Яди байзои Худованд!
Ту устухони соқаву бозуро
Барои гармии гулхандаи гулхан 
  гузоштаӣ,
Маро ҳам,
Маро ҳам гумоштаӣ,
Ки як-як ниҳам устухонамро,
Вақте ки сангҳои дилро ба ҳам задаем.

Мо ҳама бояд сангҳои дилро ба ҳам  
  занем,
Устухонҳоямонро рӯи ҳам бигзорем,-
Барои гармии оташи ҷовиди муҳаббат.
Қурбонии табҳоро,
Қурбонии лабҳоро биёварем.
Лоақал ду фохтаи арзи саломро
Ба саломхонаи фариштагон равона
  кунем... 
   
СОАТИ ОХИРИН

Соати охирин аст.
Бояд боварамро бо худ бигирам
Ва умедамро ба ҷайби дил...

Бояд тамоми шаб роҳ равам
Бо васвасаи шайтонаробаи саҳар,
Таъхир накунам.
Дар аз дарун бастааст!
Оҳ, на!
Калид
Дар тиҳигоҳи аъмоқи ман уфтодаст!!
Барқи чашмонам хомӯш,
Бояд ба расми бобоӣ машъали дилро
  бияфрӯзам...
Деворҳо соатамро месоянд
  дар кафи хокӣ.
Бояд бадар шавам, бадар,-
Соати охирин аст.

Ёд дорам, к-абадият
 дасти маро мепурсид.
Биравам,
Лаҳза - лаҳза ҳамели ҳастиямро
Бар қадаш овезам,
Бо манаш омезам...
Куҷост калид дар ин тиҳигаҳ?! 2008
 ХУРШЕДИ ТАНҲОӢ

Ман ғуруби хуршеди танҳоиямро медонам
Медонам,
Ки дар сӯи фардои ин сайёра 
  дамодами як танҳоист.
Аммо 
Моҳи мӯҳлати ҳиҷрон то ба ҳол
Нимаст чун ҳилол.
Нимаст қалби ман дар маътали висол
Торик сарат, ҳон!
Кай чашми моҳи мӯҳлати ҳиҷрони моро
Бо ашки шодӣ пур мекунӣ?
Кай чашми моҳи мӯҳлати дидори моро
Равшан менамоиву масрур мекунӣ?
  2009

АДОЛАТИ ОЗОДӢ

Ба ман ин шариат
Аз осмонҳо фарз аст,
Ки озодист,
Ман тамоми ин моҳ озодам.
Тамоми моҳ масти шароби хаёлам,
Тамоми рӯз бар кулчаи хуршед даст 
  мезанам,ки ҳалол аст.
Агар ин моҳ бувад мӯҳлати парҳез,
  ҳанӯз ҳилол аст!
Ман ин мӯҳлатро ба сол пурра мекунам.
Зеро ҳар рӯз нокомилам,
ҳар рӯз ноодилам,
ҳар рӯз хатокор…
Тамоми рӯз бар кулчаи хуршед 
даст меёзам,-
Бар рӯзиям дар рӯза,-
Ба ман ин шариат
Аз осмонҳо фарз аст,
Ки адолати озодист.  
2009

ҲАҚИҚАТИ РӮЗ

Худованд шабро сафед накард.
То ҳақиқати рӯз рӯшан бошад.
Танҳо чароғи ҳикмати Моҳро бар зулмати
  он овехт,
То бидонем, ки бадру ҳилоли таҷаллӣ дар
  ҳаракати мост.
 
Мо чу Моҳ наздик ба Заминем-
Сарду сиёҳ…
Чӣ мешуд, агар дили Офтоб наметапид?!
Чӣ мешуд, агар ба Моҳ наметобид?!
Чӣ мешуд, агар касе намегуфт:
- «Дӯстат дорам!»?  
  2009


ЛУТФИ ХУРШЕД

Дилат дар уқёнусҳо
  об мешавад барои мо.
Ва ту дар дили баҳрҳо
  қаҳрҳоро мегудозиву
  бухор мекунӣ.
То бо соиқаҳои сӯзон
 бар соябонҳои абрӣ
  рахна мезанӣ.
Ва метаровад, метаровад
 таровати борони раҳмат
  ба рӯи мо.  
Соябонҳои абриро мебандӣ
Ва шамсияро боз мекунӣ.
Мо намеёбем, 
ки дар пушти сояҳомон паноҳ ёбем. 
Ту, ки дилӣ тамом,
Аз тирагиҳомон мегузарӣ.
Хуршедро мефиристӣ,
Ки меояд
Ва сараввал кулоҳашро мебардорад
  бар салом.

  2007





   

 БА ШАҲЗОДА

Модарат фаввораи орзуҳост,
Кафи дастони дуояш кабӯтарбоз,
Модарат шохаи пурэҳсоси ҷавонасоз...

Ту тоҷи булӯрин бар сари ин фаввораӣ,
Атласи рангинкамонҳоро инъом гирифтаӣ.

Ту он кабӯтарҳои таманноро
 ба сути шавқ
  дурҳо парронида,-
Болотар аз гумбазҳои сабзи Самарқанд,
Бигӯ, ай дӯст, куҷо расидаӣ?

Мо ҳам фаввораи орзу гаштаем
Ва кафи дасти дуомон кабӯтарбоз,
Бо ҳавои парвоз.

Бигӯ,
Бигӯ, ай паррандаи рӯзномасоз,
Осмон он ҷо ҳам сиёст?
Борони нафсу шаҳват беибо боро?
Ту бо пари хеш 
  кадом калимаро
  хоҳӣ такрор
  бинвисӣ?
Аз ман намепурсӣ?
Аз мо, ҳавопаймоён...
Метарсам ...
Метарсам,- аз ин борон
  аз он осмон.

Нигар,
Само аз дуди дудмони мо гулӯгир аст!

Метарсам, ки шавқи парвозро 
дар синаи осмонам 
  фурӯ биншонам.
Ва натавонам 
бо килки пари хеш
  мукаррар нависам
  аз ҳарфи "Ишқ"...

Модаратро гӯ,
Кабӯтарбозӣ кунад.
Бигӯ, фавворавор кабӯтарбозӣ кунад. 

  2007










БА МАНЗУРА

Ба ӯ гуфтам,
Ба саршортарин духтар, аз покизагӣ,
Ба пурбортарин духтар, аз ҳаёву утуфат,
 ҳушёртарин, аз андешаву завқ,
Манзуртарин, аз латофат,
Мармузтарин, аз ормон.

Ба ӯ гуфтам, ки вой,
 мардумаки мардони мо мурдааст! 
Мардони биноро аз кадом бино пайдо 
кунем?!

То содадухтарони садоқат, самимият, вафо;
Содадухтарони дур аз найранг,
 дур аз дабдаҳои пӯк,
 дур аз тафохурҳои беҳуда,
 дур аз риё;
Содадухтарони мураккабро,¬ аз покизагӣ,
 аз ҳаёву утуфат,
 андешаву хаёл,
 аз шавқу завқ,
 аз ормонҳои воло, бонӣ кунанд.
Содадухтарони мураккабро, пуштибонӣ  
  кунанд,
То соқаҳои рӯйиш
  гулдухтарону гулписарони тозаустухон
  бар биёварад,
То аз гиребони замон
 бӯи маъсумият
  сар бароварад.
  2008
 
МИНУИИ САБЗИШ
Сабзинаи арча...
Чи хуне ба рагонаш,
Ки ҳамасола ҷавон аст?!
Ҳама зангори ниҳонаш,
  ки дар рӯш аён аст,
  ба чи шуста?
Бехазон,
Вораста, - аз он хок, ки руста.
Шаби милоди Масеҳ
Тоҷ бар сар,-
Ба шаҳриёрӣ расида
 зи минуии сабзиш...
  2008


ДАР ПАХТАЗОРОН
Таҷрибае сӯфиёна 
 дар пахтазорон софист:
Вақте донишҷӯёна
 ҷисматро ба риёзат мекашӣ,-
Дар домани саҳро
Доман –доман аташро 
Бар тоқати фарсо, мекашӣ,
Ва дар сояи ҳаловат
  як косаи нилобии осмонро менӯшӣ.
Сипас, дар ғуруби орамиш
Таҳи як тарона
 аз дилҷӯшӣ
чарх мезанӣ, чарх мезанӣ,чарх.
  2008

ШАРОБИ ДЕР

Шароби тозаро
 дар машке нимадошт
  мӯъҷиза бинмо,
  зи оби ҷони мо.
Боракаллоҳ,
Агар туро гӯянд:
- «На об ин аст,
Шароби ноб ин аст,
Ниҳодӣ дер чаро 
  ба хони мо?!»
  2008
   
 ЛОЛА

Ин лола зи тухми бефано рӯида
Ва ба хун шуста шуда.
Агараш бод
  косаи коми варо 
  мешиканад,
Зарфи тиллоии имон-ш
Холис аз ҳар тиллост,
  комил аз заъф.
Чу баҳор кӯзагар аст,
Метавонад, ки дигар
биниҳад бар кафи ӯ
Ҷоми коме
зи шароби абадият...
  2007

 НӮШДОРУ
Ниқор мегирам аз нафс
Дар иҷтиҳоди гурдофаридона
Бо сӯҳроби ақлу ҳисс.
В-агар захм гирам, 
Барои нӯшдору
Баҳри як тан зан
Сӯи сарои султон 
месипарам раҳ.
Дилам мегӯяд,
Ки дар ин роҳ
Аз рустами ҳар пиндор бигзарам.
Дилам мегӯяд,
Ки наҳаросам ва навмед набошам:
Нӯшдору он ҷост! 
  2007


ПАЗМОНӢ
Cӯзанаквор
Дар обсабзаҳои чашми ман
Тухм гузоштаӣ.
Ва рӯи шохаи мижгон
Ҷои поятро
Вогузоштаӣ...

Туро ин субҳ
Дар шабнами мушаъшаи хоҳиш
Бар рӯи барге аз соқаи ларзони изтироб
Гармтар аз офтоб
  пазмонам.
  2009

БЕҲТАРИН ШЕЪР
Беҳтарин шеърамро
Бар дастҳоят насб намудаӣ
Ва дар сари кӯҳи ормонҳо
Оташ задаӣ.
Ту –
Гулбуттае дар хобиву рӯъё,-
Обӣ, обӣ, обӣ.
Ман –
Бар буттаи оташ
 бӯтаи аташам,
То нашкофӣ
 чашмаи чашмонатро
Чӣ гуна пур шавам,
Агар нахонӣ,
Чӣ сон гӯё?!
  2008

 
ПУШТИ ПУШТА

"Аламбардорони миллат" бебайрақанд,
Бе байрақи сафеди сулҳ.
Дар асбҳои ҷаҳл месипаранд раҳ.
В-аз дасти деви нафс
  ҷонҳояшон
  кушта мешавад.
Номҳояшон
 ҷовидонӣ
  пушти пушта мешавад. 
  2007

¥ОЛО

Солхӯрдагон мегӯянд сарҷунбон:
"Дар замони мо чунин буд,
Дар замони мо чунон..."
"ҳоло" даврони кист?
Агар сол хӯрам, хоҳам гуфт:
"Акнун замони ман оғоз мешавад,
Даврон хоҳам ронд..." 
  2007

РОЗЕ АЗ «КУҶО»
Эзади дӯстдор!
Он роз, ки ҳанӯз ба чашмам начамидаст,
Ба лаби суфраи гӯшам нанишаста
Ва нишонии дили ман зи "куҷо" меҷӯяд,
Дар куҷоҳо рӯёст,
Дар кадомин лаб гӯё, 
Тапанда дар дили кадом рӯъёст,
Куҷо равам, ки муҳайёст,
Куҷо равам,
Эзади дӯстдор?! 
  2007






МУҲР
Муҳри танҳоим 
  дар заҷр
  ҳаҷри туст.
Мезанам онро
Ба пои номаи дил,
Ба рӯи сафҳаи сина,
  ки бинвишта:
"Ҳикмати танҳоиям
  бинмой дар ҳамсоягӣ
  хуллас, хулоса"
  2007

ГАНҶИ ИМОН
Ганҷи муҷаллоро 
Дар зарфи гилӣ мебарам.
Роҳравон
 туро мавъиза мекунам
  ба як соя.
Ва дар бисмиллоҳ мегӯям:
"Ба номи ишқ,
  ки дар гавҳари хун
  хулқҳоро тарбият кард..."
 
  2007
 




МЕЪРОҶИ ЗАНОНА
Рӯи шонаи дарахт,
Пушти девор
Ва рӯи ин мизи кор,
Ҳар ҷой, ки овехтанист,-
Дори шонаи туст,
То сари гаронамро 
Барои гиристан овезам,-
Дар интиҳои заъф
  даст ёбам
  меъроҷи занонаро.
  2007

 АЗ ХИЗОНАИ САМОВӢ
Нигоҳи солимат
Мисоли ходими барқ
Ба ноқили раги тақво
Вуҷуди ҷудатро
Аз имтиёзи ҳамешагии рӯшанӣ
  баҳравар сохта. 
Ба ҳақ, чашмат ин хазина
  аз хизонаи самовӣ охта! 
  2007


 АЗ ПАРТГОҲ
Эй биё,
бар хобгоҳи ман биё,
Ман фиканда бар тани танҳоӣ-
бар партобгоҳи ман биё.
Эй биё, девонавор,
Ҳар чи аз ман парт шуда 
 дар партгоҳи чоҳи хомӯшӣ,-
Пуртабассум
 ҳамчу дастоварди ноёбе
  бурун ор. 
По фуруд ор бар ҳарими хобгоҳам,
То ҳарамгоҳи вуҷуди тозаат берун биёр... 
  2008 
 
БОЗУБАНДИ УМЕД
Ман ба бозувонаш сар супурдаам
Ва дар оғӯши ӯ асирам.
Медонам:
Бо тоби бозувонаш 
шабпараҳои яъсамро мегурезонад,
Дона – дона завлонаҳои дардамро, 
  мерезонад.
То ин ки қимати озодиямро баршуморам.
Шодиямро 
Аз инҳисори ормонҳо
  дарбиёрам.
Ман тамоми умедамро 
бар бозувонаш бастаам
Ва дар асораташ растаам.
  2006.



АТАШҲОИ ДАРГИРИФТА

Ишқи ту боронест,
Ки бориданист
бар аташҳои даргирифтаи ман,
Меборад, меборад…
Ва бо дастҳои оби ҳаёт 
Ба марзи синаи ман
Гули оташ мекорад. 
  2006 

 



ИМРӮЗИ НОРАСИДА

Метавон тамоми фардоҳоро тай кард,
Тамоми интизориҳоро таҳаммул.
Барои фардое,
  ки охирин аст
  ва нахустин.
Барои фардое, ки идомаи имрӯзи
  ҷовидонагист,
Мо фардоро, -
  кайҳост, ки оғоз кардаем,
Магар имрӯзро, ки норасида
  анҷом ёфтааст.
  2006

 
 ГАРДОЛУДИ ҲАВАС
Ҳаваси ҳудҳуд шудан,
Палоси роҳ- роҳ ба роҳи ту андохтан
Ва бо ҳар муждаи хуш
 тоҷи ифтихор бар сари ту охтан,
Дерест, 
Чу занбӯри асал
Шохаҳои ёсуманиро
 намуда гардолуд.  
2008

НОНИ САМАРҚАНДӢ
Чӣ тазоде!
Ҳоло
Гандуми меҳр камёбу гаронбаҳост,
Аммо,
Нонвои даҳр,
Ягона нони самарқандиро,
 ки сард менашавад он,
 Яксон ба деҳу шаҳр,
  намудааст арзон!
  2008
 







ХИШОВА
Кош мешуд қалбҳоро шудгор кард,
Тухми садоқатро кошт.
Ва навбарашро ягона кард.
Кину бухлу ҳасодатро
Хишова карду бардошт.

Кош мешуд ситораи офтобро
аз бурси осмон гусехт,
Ва ба мехи синаи хонаи торики ман
  овехт…
Кош метавонистӣ
тирезаҳои маро аз соярав кӯчонӣ,
Ва ба офтобрӯя бинишонӣ.
Кош...
  2008
 
МАВСИМИ ДАРДОЛУ

Мавсими пухтани зардолу
Дар манзили имрӯзии мост.
Фардо 
Мавсими рехтани дардолу
Дар зери дили пост.  
  2007





ҶӮЙВОРӢ БА ҶӮЙБОР
Ҳеҷ сайёде дар ҷӯи ҳақире, ки ба гувдоле мерезад,марвориде сайд нахоҳад кард. (Фурӯғ)  
На!
На он буд марвориди ишқ,
Ки маро дар садафи оғӯшат
Менамуд қатраи об.
Набудам ғаввос, оре,
Намедонистам,
Ки марвориди ишқ
Набувад дар ҷӯйбор,
Ки ту ҷӯйвор будӣ...
2008
  
НАМОД
Намои чашми ӯ
Оғози номаест
 ба лавни сабз.
Намои дидаам
Ду чакраи чакида аз сиёҳист,
Ду нуқта
 дар идомаи нома
чу рамзи «сӯҳбат боқист».

Ту нуқтаи саввум 
 дар ин ошиқонаӣ,
К-оғоз мекунӣ
 анҷомро,  
ай ишқ! 2009
   
  ПАСАНДОЗ
Агар орзуямро набишканад,
Агар фари судаамро фаррух насозад,
Агар натавонам бозубандро ба бозувонаш
  бандам,
Бисоти ормонҳоямро мекушоям,
Борониямро мегирам.
Ва тикаи шодиямро пасандоз менамоям
  барои фардо.
2009

БЕНАМОЗИҲОИ ҲАВАС
Хаёли рӯи ту,
Рӯъёи ту
андар ҳарими хонаи чашмам
  ҳама сӯ мекашад тасвир.
Зулайхои ҳавасҳои маро
  дар шабгуми коме 
  намояд пир. 
Худоё, бенамозиҳои ӯро деҳ татҳиру
  раҳояш кун,
Ниёзе дораду бо оби ишқи пурсафои худ
  равояш кун!
  2006
ПАЗИРОӢ
Ман аз қабурғаҳои ту рӯидаам,
Ва дар шонаҳои ту н – орамида
  мӯидаам.
Ман аз оби рӯи ту костаам
Ба авҷи ҳар ниёз, ки хостаам.
Маро бар салиби шонаҳоят бикаш,
То бо гуноҳи мардумакони дидаам
  бимирам.
Ва ё бар самимияти нигоҳат бихон,
То дар мавҷи сафояш таъмид бигирам.
Маро бо оташаке дар хонаи қалбат
  пазиро бош. 2006
 
ҚУИ ИШҚ
Ишқ дар ҳавзаи чашмони ту қуяст.
В-аз ду раҳ метавон шикораш кард:
Ба ҳақиқат,
Ба маҷоз.
Ба маҷозаш ба пари коҳи каҳе менарасем
(Мепарад қуи парандоз).
Ба ҳақиқат- ба парвоз,
Ки нишонии нишон аст.  
  2006

РОЗИ ОФАРИНИШ
Ва занеро ниҳод бунёну 
  ба бар кашид.
Зи шонаҳои ту на,
  ки аз об.
Зи азоб, зи тирагӣ
ба чирагӣ...
Ва бозувонашро
 бар сари ҳарими ӯ
  чу соя дарфиканд.
Либоси бевагӣ зи ӯ
ба номи хоси ҷовидонагӣ
 бадал намуд-
  бадар намуд,-
Чу бар никоҳи худ гирифт –
  ба бар кашид.  
2006





 


ХОНАЕ ҲАСТ
Хонае ҳаст,
К-аз тасаввури ҳузурам мешавад гарм,
В-аз хаёли инъикосам оинеш дар худ 
  намеғунҷад.
К-аз фиғони интизориҳо
  гулӯи тугмаи бобаш гирифта,
В-аз эҳтирос
мешавад тирезаҳояш бозу гаҳ баста.

Хонае ҳаст,
Ки сахт аз баҳри ман
мезанад, гӯӣ, дилаш гум-гум,
Ва андар роҳи ӯ
қалби ман шабгум. 
Биё, то ахтар афрӯзем...

Хонае ҳаст,- 
Дар ҳисори ормонаш дар ин сармо
Ман ба оташдони дил
Шохаҳои хушки ҳасратро фиканда,
гарм месозам вуҷудамро. 2006


ТАЪМИДИ МОҲ

Аз тамошои Замин маҳтоб
Мешавад пур,
Мешавад пир.
Сӯҳбаташ дар баҳри чашми меҳрамвоҷат
Мешавад даргир.
Мекашӣ ӯро ба хеш:
Чакра – чакра мечакад маҳтоб.
Ва ту бо фавҷ- фавҷи чашмаи нерӯ
Мекуниаш ғарқ-
Мекушӣ сархуш
Мекушӣ хуш!
Рӯз
Рӯзе,
Оқибат рӯзе
Фаркани маҳтоб
Қатра –қатра мезаҳад дар об:
Мебарорад сар
Аз зулоле як ҳилол –
Нағмапардоз – нағмаи иқбол!

Ва чун андар нигоҳи ту-
Розгоҳи ту
Сӯҳбати мо мешавад даргир,
Суоле аз ту дорам, ки "Ту Яҳёӣ ?
Кӣ ҳастӣ пас оё
Аҳуроӣ 
Ва ё Исо?..." 2006
 
ДАР САМАРҚАНДИ ДИЛАМ
Дар Самарқанди дилам хуррам кафи
  хокест,
Ки тар чун хоки Тарлох аст;
Зи файзи чашмаҳои обшорон,
Зи файзи чашмҳои меҳрборон,
Зи файзи лолаи қалби нигоре,
Тапишҳои дили уммедворе,
Дуои сабзи дасти шохсорон.

Дар Самарқанди дилам
 дар гардани покосмонаш
Аз ҷалолу ҳашмати масҷиду меҳробу
  мадорис
  в-аз манор
Як чалипое ё гӯӣ, ки тӯморест овезон…

Дар Самарқанди дилам
 як мушт тарлохест,
Ки волотар 
ва гӯётар бувад 
аз кӯзаҳои пуштаи Афросиёб! 2008

  1. Афросиёб – номи ҳозираи шаҳри тоисломии Самарқанд.
  2.Эҳтимол калимаи «Тайлоқ» (зодгоҳи банда) аз решаҳои «тар» (нам) ва «лох» (замин) таркиб ёфта бошад.

ФАСЛИ НОБУДӢ
   
  Ман аз овони гаҳвора аҷаб пиронахӯ будам, 
Гузашт айёми пириям, кунун фасли шубобам деҳ.
(Фарзона)


Надонам кай ба охир мерасонам фасли пириро,
Ҷавониро кашонам то зи нобудӣ сари оғоз.
Ниҳоли килки ту бар сафҳаи барги вуҷуди ман
Тароватро, саодатро, шағафро то кунад эҷоз.

Надонам кай зи шодӣ мистари рагҳои ман пайдо
Шавад дар пӯсти нозукам ба пои номаҳои шавқ.
Ки кай ман меравам аз худ дар оинаи худӣ,
Ки кай бахшоӣ моро дар ҳузури хеш ҳоли завқ..

Надонам кай ба охир мерасад ин фасли нобудӣ...
 
  2007
 
   


САРТОРИКИ ҲАВАСҲО

Хатоҳояшро ҳак хоҳад кард, ба хок,
Гунаҳҳояшро нақш хоҳад зад, бар об,
Гузаштаҳояшро ба ёди бод хоҳад андохт.
Ва сарторики ҳавасҳояшро
Дар тоби ситорае хоҳад гудохт.
Тухмаи меҳрро дар моҳ хоҳад кошт.
Ва дидагонашро рӯшан хоҳад кард ,
Тифли эҷодашро
 Дилшод ном хоҳад гузошт.
  2008


 










--
-D

Комментариев нет:

Отправить комментарий