9 августа 2010 г.

ДАЛФИНВОРӢ

Шунавидам, ки ӯ
Мерақсад дар об,
Мехонад,-
ҳавасафзои ман аст!

Аммо ман, ки шиновар нестам,
  меғарқам...
Даври ман мерақсад,
Даври ман мехонад:
"Ту дигар бол бикушо,
Пой биҷунбон,
ки шиновар бошӣ
то ба кай ғарқ 
дар андешаи ёвар бошӣ?
Ки биёяд ба хаёли туву 
  соҳил бирасонад...
Ёварат ман,
Дигар ҷуфти туам.
Ту парандозӣ пар андоз,
Парафшонӣ биёмӯз дар об,
Чун дигар чун бирасем бар соҳил?!"

Бояд омӯхт аз ӯ,
ки чи сон чарх бизанӣ
 андар ин саҳмгин обон.
Ту нигаҳ кун
 чи орому чи мавзун
  ва латиф мерақсад,
Аз ҳама моҳии анбар беҳтар,-
Далфини ман!
  2008


* * *
Ту моҳии анбар нестӣ,
  ки дар шариати обҳои саҳмгин 
  шиновар аст,
Ту як далфини раққос 
 дар мавҷҳои озодӣ,
Ҳар ки мафлуҷ дар об аст,
 ту ба шодӣ
  ба рақс мекашӣ,
Аммо чи гарон мечархад
  моҳии анбар...
Аз ин ҳавос нигаронам,
  ки бар ту нигаронанд.
Маро ба рақс бихону бираҳон,
Бо муҳаббат ту, ки мечархӣ...
  2008
* * *
- Далфинвор 
Дар мавҷи андешаҳоям мечархӣ,-
Зеботарин дастхуши авқотамро
  рӯи об мекунӣ… 

Ба бозувонат, ки қасам хӯрдаӣ,
Мушакҳои шодиямро
  ҳамеша варзиш диҳӣ;
Ҳайронам, ки чи гуна
Далфини ормонамро
Ба рақс овардаӣ,
Дар ҳавзаи ашк,
  ба рақси шодӣ?!
- Ба тавони ошиқона,
Ба поси хотири марвориди ишқ,
Ба поси хотири марвориди ишқ,
Ки ҳама бол заданҳои дигар
Ранги мадҳуш рафтан
Ва ҷонбозист
Дар соҳили беоб.
  2008




* * *
Исми ӯ Далфин аст,
Дар обҳое, ки ман ғарқ мешавам,-
Дар кӯли чашмонам,-
Бо кӯлбори пошхӯрдаи ниёзи раҳоӣ
 дар муштҳои вошудаи ман,
Бо гӯшборҳое аз насиҳат 
 дар гӯши пурношудаи ман, 
Бо тамоми харобиҳоям,
 ки дар мурдоб варамидаанд,
Аммо 
Дар истинос бо садои ӯ 
Зи шикаст раҳида,- ворамидаанд.
Дар истинос бо садои ӯ,
  орамидаанд…
Исми ӯ Далфин
 дар оби ҳаёт аст.
  2007



--
-D

Комментариев нет:

Отправить комментарий