9 августа 2010 г.

Пораҳои сапедтора



  ПОРАҲОИ САПЕДТОРА

* * *
Килки нигоҳатро
Бар меҳбари чашмам бибар
Ва савгандномаи садоқати ишқро
Дар синаи ман мӯҳр бизан. 
2006
* * *
Шурби шодиро 
Дар зарфи ҳамеша менӯшам,
Ки аз хуни хуршедии туст
  зарҳалаш. 
2006
* * *
Ишқро 
Дар чашмонаш обӣ,
Дар нигоҳаш рӯшан
Ва дар дилаш ба хун полудаӣ,
Ки ин кафорати гуно-ст... 
2006
* * *
Чандин чаҳормоҳа ҷорӣ шуду 
ба меод расидаам.
Ҳон, муфтии осмон!
Гунгу торикам аз танҳоӣ,-
Мешавад оё
  бо Бахт
  дубора издивоҷ кунам? 
2007
* * * 
Ҳувайдост
Рӯи ҳар он чи ниҳону пайдост
Нақши номи ту,
Ки теморе сувайдоист
  тӯмори диламро.
Ман киям?
Захми чашмони касон чӣ?! 
2007

* * *
Дурдасти осмон
Дар дидагонат дастрасанд.
Аммо
 зи сахтиҳои замин
  ту дастнорас...
2007



--
-D

Комментариев нет:

Отправить комментарий