9 августа 2010 г.

Шоир андар синаи миллат чу дил


Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барин ҷумҳуриҳо соҳибистиқлол гардиданд, ки худ як хушбахтии бузурге буд. Шодем, ки дар ин даврони хушбахтии бузург зиндагӣ ва кор мекунем. Баробари пош хӯрдани ҳукумати шӯравӣ идеалҳои он низ ба партов рафтанд. Мо ба ҷомеаи тамоман дигар ва ба ҳар ҳол прагматикӣ рӯ ниҳодем. Дар чунин ҷомеа инсонҳо аксар барои сарватҳои маънавӣ не, балки барои сарватҳои моддӣ мекӯшанд. Як сабаби асосии дар кишварҳои капиталистӣ камфурӯш будани китоби шеър ҳамин аст, ки бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд онон натавонистаанд ин камбудро барҳам зананд.
Аммо дар Ӯзбекистону Тоҷикистон баръакси ин ҳолро мушоҳида мекунем. Яъне шеърнависӣ бо прагматӣ шудани ҷомеа кам намешавад. Эҳтимол сабаби ин вазъи нишотовар қудрати азими анъанаи назмсолорӣ дар адабиёти ин ҷумҳуриҳо будагист, ки дар саргаҳи он нобиғаҳое чун одамушшуаро Рӯдакӣ ва султони ғазал Навоӣ дар мақоми ҷовидонӣ истодаанд. Ба ин сабаб хоки Самарқанд ҳанӯз ҳам бӯи қадами ин нобиғаҳои назмро дорад, ҳанӯз ҳам тухми гулҳои дар гулистони адаб коридаи онон гум нашудаанду ҳар баҳор сабзида, бо рангу накҳати тоза димоғамонро болида месозанд. 
  Шоира Дилшоди Фарҳодзод яке аз боғбонҳои ҷавонест, ки дар ин гулистон порае аз гулзори назми худро барпо кардааст ва он қадар гулҳои гуногуни хушрангу хушбӯй сабзонидааст, ки ҳар як соҳибзавқ беихтиёр офарин хоҳад гуфт.
Дар халқ мегӯянд, ки «пашша зиёд шавад, сол вазнин меояд, агар ору зиёд шавад, сол ба хушӣ хоҳад гузашт». Ман мегӯям, ки агар дар ҷомеа шоир зиёд шавад, ҳанӯз умед ҳаст, ки инсоф, инсондӯстӣ, самимият тантана хоҳад кард. Бино бар ин аҳли фаҳмро бо тавлиди боз як шоири худшиносу дилогоҳ ва ватандӯст табрик мегӯем.
  Имрӯз шоир китобашро бо маблағи гароне аз ҳисоби худ чоп мекунад. Агар навиштани шеър ҷоннисорӣ бошад, ин тарафаш боз як қаҳрамонист. Ва ин ҷоннисориву қаҳрамонӣ ба Дилшод низ муборак бод!
Рисолати шоирӣ ба навъе рисолати пайғамбарист. Дар замоне, ки ҳама чиз ба пул хариду фурӯш мешавад, шоир чизҳое меофарад, ки онро бо ягон миқдор зару зевар харидан наметавон. Хонандаи закӣ аз маҷмӯаи мазкур хеле аз ин арзишҳои бебаҳоро пайдо хоҳад кард.
Инак, хонандаи азиз, дар дасти шумо китобест иборат аз варақҳои китоби дили шоир, ганҷи бебаҳои ӯ, ки барои шумо ирсол мекунад. Бикӯшед, ки ҳарфҳои бемонанди ӯро бифаҳмед. «Як қалам рӯшноӣ» - и ӯ ба роҳи дилатон рӯшаноӣ физояд!  
  Адаш ИСТАД,
 нависанда.



--
-D

1 комментарий:

  1. salam doosti aziz . webloge zibayi dared. man irani hastam va modati ast ke dar hale tamrin alefbaye sirilik o tajiki hastam . az khandan e matalebe shoma besyar lazat bordam

    ОтветитьУдалить