23 января 2009 г.

Рози замонаҳо,Фирорӣ, Пунбаки эҳзон

Рози замонаҳо
Баҳри шунидан
рози ниҳониам,
анбози ман, ҳанӯз,
ту мардӣ мекунӣ.
Дардо, зи қисмато,
бо ман, -заифае
андар камоли яъс –
на мардӣ мекунӣ.
Меёзӣ дасти ишқ
бо шӯълашеърҳо
бар қутби сарди ман
то пиряхони ғам
Бунёд барканӣ.
Аммо зи дури дур
бо сад тоби нур
ту сардӣ мекунӣ.
То кашф мешавам
бар мардумони ту
тарсам, ки мемирад
шавқи ситораат.
Ай ноқае зи нур,
бо шӯълаи умед
даври чи, ай абас
саргардӣ мекунӣ!
Бигзор марову рав
роҳи сапедаро
думболааш, нигар :
фавҷи шукуфаҳо!

Шояд барҳадар
бо бахти хуфтаам-
ялдои сардмизоҷ,
набарде мекунӣ.
Шояд дар ин бисот
рози замонаҳост,
то рӯзе фош кунам
бар аҳли оламат,
Баҳри шунидани
рози занонаам,
ай хоҷаам, ҳанӯз
ту мардӣ мекунӣ.

Фирорӣ
Маро ба оғӯш каш, эй ҳасрати намзада зи ашк,
Ба рашки он биёбони хушку сардоғӯш.
Маро канора гир, эй соҳили шодком зи васл,
Ба рағми оби талхи матрук, монда аз нӯш.

Фирорӣ меравам зи ҳарими висоли ӯ,
Навозишам куну ай бод, печ бар вуҷуди ман.
Нигар сапедаро, ки зинда мешавад ба ишқи нав,
Тулӯи тоза дорад ин ғуруб дар вуҷуди ман.

Фирорӣ меравам зи ҳарими висоли ӯ,
Аз ин қафаси пуршиканҷи бемисоли ӯ…


Пунбаки эҳзон
Ноқаи хуршедро бо бори ишқ
Дар биёбони саробҳо тохтам.
Дар раҳи ишқат аз он чи сохтам,
Бурдаам ҳар он қадар , ки бохтам.
Оини оинаро то бигзинам,
Синаро дар ғуссаҳо бигдохтам.
Ҳамчу Яъқуб бар фарози шохсор
Пунбаки эҳзони худро охтам.
Дар ҳисори гӯшагир пурорзу
Юсуфи Канъониро бишнохтам.
Таъбири рӯъёи фардои туро
Масрафи фардои ҳиҷ пардохтам.

--
-D

Комментариев нет:

Отправить комментарий