23 января 2009 г.

Дарди зодан
Обистани моҳтоб шудаву шаб
Эҳсос кунам дардҳояшро.
Аз баҳри тулӯи шамс такопӯю
набардҳояшро.

З-эҳсоси гарми тобиши хуршед.
Андар тани шаб мечакад широб.
Бо печиши нороҳатӣ бар ҷонаш
вораста зи хоб.

Андешаҳо кунад, ки фардо чун
Оғоз шавад матлаи уммед.
Фориғ зи анову дард механдад
ҷониби хуршед.

«Африштаҳои хуби осмонӣ
Аз файзи файзи худо насиба бахшоед,
То нури саодати вуҷудашро
аз ишқ барафзоед».

Маҳтоб ба печу тоб асту дард
Як нола нисоре ба сабо карда.
Модар, худ огаҳӣ, худо чи дард
бар мо раво карда.

…Хуршед оқибат раҳо гардид
З-он домани намноки хунолуда.
Шаб осуду бар остини сабзаҳо
ашкаш биполуда…

Дар пои сахраҳо
Сар мениҳам ҳар шом бар болини бозу
Мурдоб тӯл мекашад дар пои сахраҳо…
Ай сахра, сахраҳо! Охир ку рахнаҳо?
Бархезам аз ин тангнои сози зиндагӣ.

Талотуме ниҳон , талотуме хамӯш,
Гӯё, ки кӯламу осуда мурдоб.
Мавҷе зи баҳри зиндаӣ бар пои ман наҷаст,
То вокушоям силсилаи банди бандагӣ.
Дар шарқ бандагист,
ҳар ҷой, ки худост,
Дар шарқ бандагист,
дар сояи бузурги кадхудо!
Танҳо на шарқ, балки шаш ҷиҳат
З -андозаи мардона матое буридааст…
Ман дил надидаам дар сояи сина,
Ман хор чидаам зи паси гули бӯсаҳо…

Талотуме ниҳон, талотуме хамӯш,
Мавҷе, ки мезанам, то сатҳи пойбанд.
Як ғунчаи шодӣ нашкуфт дар лабам,
Обсабзаи шодоб аст мижаҳои манн.

Дар ҳолаи тилой никоҳам маро шикаст,
Ангушти худнамоии манн аз сароб раст.
Ҳарчанд саркашам, аммо чу сар кашам,
Андар салиби ишқу вафо бетаноб баст.

Ман зодгори зиндагӣ мардина мебинам,
Гарчи ба нози зан нозукӣ мекунад,
Зоди гарони мардзеб ниҳодаву бар ман,
Муштоқи дилрабоиву фаттонагии ман, -
номардӣ мекунад.

Ман офаридагор мардина мебинам
Чун офаридаҳош дархури зан наяст,
Гарчи ба шими мӯд ҳазор ҷилва мекунад.

Дар шарқ бандагист, ҳар ҷой, ки худост,
Дар шарқ бандагист, дар сояи бузурги кадхудо…

Сар мениҳам ҳар шом бар болини бозу
Мурдоб тӯл мекашад дар пои сахраҳо…

--
-D

Комментариев нет:

Отправить комментарий