29 января 2015 г.

Шеърҳои охирин

1.Бемужда менишинам аз ту хате наояд,

Чун бебаҳор барге, к-ӯ дергаҳ напояд.

Холии бесадое чун лонаи парасту,

Бо ёди як баҳоре, к- "аз дай кай барояд?"

Танҳо туӣ, ки наздик бо ин ҳама ҷудоӣ,

Онгуна, к- ин ҷудоӣ андар ҳисоб н - ояд.

Ҳар гаҳ, ки менависӣ, пур мешавам зи вожа,

Ин лонаи парасту аз нав ба гуфтан ояд.

Бо ман навис, эй дӯст, бемуждаам маяфган,

Бигзор бепаёмӣ аз баҳри мо барояд!

                                      ….

 

2.Биё, хоҳар, зиндагӣ мекунем,

Фироре аз ин бандагӣ мекунем.

Нафас мекашем аз таҳи дил саҳар,

Ки ишқро варзандагӣ мекунем.

Ки имрӯз фардои мо мешавад,

Агар нек зиндагӣ мекунем.

Пас аз камнамоию бетобиҳо

Намоён тобандагӣ мекунем.

Напарҳезем аз ишқи фархундапай,

Паёпай фархундагӣ мекунем.

Баҷасоратӣ нест шармандагӣ,

Гурез аз шармандагӣ мекунем.

Чу ин зиндагонӣ арӯсии мост,

Ба тӯи худ барандагӣ мекунем.

Чу нест арӯсии вақт дерпой,

Ба домоди бахт зиндагӣ мекунем...

 

 

3.Кунун нозҳои банда бехаридор аст,

Ки гашт аз фурӯшу вақти гашти бозор аст.

На, ман зи рӯи ғалат бурдамаш ба ҷое, ки он

Фурӯшгоҳи хӯрданиву латтабозор аст.

Касе на дил мехарад чу гурдааш набувад

Ба гурдӣ доғ аз ҷигар барад, ки хунхор аст.

Чи рӯзҳо, ки диламро ба мурда афкандам,

Ба пеши ҳар кӣ гузашту дидам, ки нодор аст.

Вале миёни ин фусурдагӣ ниёзи басӯз

Уруҷ мекунад миёни шаб, ки бедор аст.

Намурдааст шавқи ман ба ин дарундорӣ,

Агар навозӣ ба лутфаш, нигар, ки ҳушёр аст.

Ҳамели ашки худамро худам харидорам,

Ки дона донаҳои роздори пиндор аст.

Ҳазор шукр бозуи шоҳи мардонро,

Ҳамон ҳамешагӣ ягона нозбардор аст.

Равам, борзадаи ҷон ба пош андозам,

Агарчи муштарим нест, боз харидор аст...

 

 

4. НАҚШИ ТУ ДАР ШЕЪРИ МАН

                                   (Барои наққошзане амрикоӣ)

 

Оҳҳояшро,

ҳамчу хорҳо, аз роҳ,

пурдард мекашид

ва бар сари маслубе дар синаи ман

                                               мегузошт, -

Шаҳомати дардҳоямро мефузуд

ва сарбаландии хушҳолиро дар лаҳзаҳоям ҳақир менамуд, -

Наққошзане,

Ки мӯйҳои қаламашро

Бар шонаҳои салиби мусаввара меафканд...

 

Маслуберо дар тахтаи вуҷудам ба танг меовард

Чу мехҳоро дар синаҳоям сахттар мекӯбид

бо оҳҳои кабуд...

 

Чу абрувони ҳайраташ ранги камон мешуд,

Ҳатто фоҷиа дар назарам сода буд...

 

Тасаввуроташро

бо хаёле атласӣ

тор бар пуд мечид;

Бо минқори қалам

Донаҳои хаёлро

бар даҳони кабӯтаркоғазҳо мебурд

Ва сурати саодатро

дар болҳояшон ба парвоз меовард...

 

Офтобро, ба якрангӣ, тоза мекашид.

Вале ранги осмонро

            ҳар гуна таъбир менамуд.

Ҳар оҳ, ки мекашид,

Ба сурати заъфаронам ранги осмонӣ мезад.

Ва маслуберо,

ки бар марги фаромӯшӣ маҳкум буд

                                               дар синаи ман,

Дар ашкҳо

            дубора эҳё мекард, -

                        дар тоблуе хушранг

                                   ва қобҳояш шикаста аз қаҳқаҳаи шодӣ ...

 

 

         5. Куҷо садои ман фурӯ рафта,

        Ки бе садову гуфтугӯ рафта?

         Чаро замоне паст мехезад,

         Чу мавҷхез зи оби ҷӯ рафта?

         Гулӯй мефишонаму афсӯс, -

         Зи ман ба тарфи нобасӯ рафта.

         Магар хароб шуда саропардаш,

         Баланду паст пардаҷӯ рафта?

         Даҳонбастаро ақиқи Яман

         Чи сон ба қаъри дил фурӯ рафта?

         Магар зи ҳамсадош дур афтод, -

         Ба бесадоӣ рӯ ба рӯ рафта?

         Ҳазори дарди нағмахон - ниҳон,

         Ки ноумед зи ҳоюҳӯ рафта.

         Ва боз чун ҳамешагӣ нолам:

          «Ки эй азизи орзу рафта!

         Биёй ҳамсадо, ҳамовозам,

         Ба пардашини обирӯрафта.

         Биё, ки гӯӣ бар Закарёят,

         Агарчи нестам ба ӯ рафта.

         Ки бар наҷоти хеш чора кунам,

         Дигар ба ғайр, - чораҷӯ рафта.

         Биё, каломи одамисозе,

         Биё, ба ҷони аз нумӯ рафта.

         Навоз ҷони ман ба шаккари ной,

         Биё, садои аз гулӯ рафта!»

 

 


--
-D

Комментариев нет:

Отправить комментарий