14 апреля 2017 г.

Вақте менависам, инсони беҳтарам

 Пас аз хондани мусоҳибае, ки акнун мехоҳам лаззати мутолиаи онро бо шумо ба ҳам бубинам, амин гаштам, ки маҳз «аниси кунҷи танҳоӣ», яъне китоб, метавонад ҳар касеро, ки мехоҳад ба «фурӯғи субҳи доноӣ» ноил гардад, ба муродаш бирасонад ва ӯро дар зиндагӣ комёб нардонад.
Мусоҳибон Шаҳзода Назарзода ва Анзурати Маликзод дастпарварони Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳастанд ва аз овони донишҷӯӣ дар талаби илму дониш кӯшиши зиёд доштанд. Маҳз муҳаббати беҳадашон ба китоб ҳамчун манбаи маърифату ободии маънавӣ боиси камоли онон дар ҷодаи илму адаб ва фарҳанг гаштааст, - яке олими варзидаи нуктасанҷи пуркору пурбор ва дигаре шоиру адиби заҳматкаши номдор.
Сӯҳбате, ки манзури хонандагон мегардад, дар мавзӯи муҳими рӯз — китоб ва аҳамияти он, тарғиби китобхонӣ, муаммоҳои насри имрӯза ва дигар, доир ба заҳмату дастовардҳо, ормонҳои адиби ҷавони самарқандӣ Шаҳзода Назарзода фароҳам омада, ки дар осораш аз орзуву омоли зан ва модар нақл мекунад. Воқеан, имрӯз, ки раисҷумҳури кишвар Шавкат Мирзиёев дар баромадҳои худ маҳз боло бурдани маданияти китобхониро ҳамчун яке аз омилҳои маърифатнок гардонидан, аз доми ҷаҳолат раҳо кардан ва пешгирии бадахлоқии ҷавонон медонанд, тақдими ин мусоҳиба кори нек дониста шуд.
Чун сухан аз вазъи насри тоҷик ва пайравӣ аз анъана ва таҷрибаҳои эҷодии шахсиятҳои бузурги адабие чун устод Садриддин Айнӣ меравад, ки фардо зодрӯзаш дар кишвар таҷлил мегардад, ва дастовардҳои насри муосири тоҷик аз ҷониби меросбаронаш дар симои Шаҳзода дар мақола баён мешавад, дар фурсати муносиб хонандагони осори устод, пайравони муносиби ӯ ва умуман дӯстдорони шеъру адабро бо ин рӯзи фархунда табрик мегӯям. Бигзор рӯҳи ин абармарди бузурги инсонпарвар ҳамеша дастгири меросбарони сазовораш бошад!
Фурсати муносибе дорам барои табрики дӯсти гиромӣ бонуи фарзона Анзурати Маликзод, ки низ 15 апрел зодрӯз доранд. Аз номи дӯстон ин зани волофарҳанги боҳимматро зодрӯзашон муборак бод мегӯям. Дар зиндагӣ ҳамеша комрон ва дар ҷодаи илму фарҳанг комёб бошанд! 


МУСОҲИБА



ШАҲЗОДАИ САМАРҚАНДӢ: «Вақте менависам, инсони беҳтарам»



Шаҳзодаи Самарқандӣ (Назарова) соли 1975 дар Самарқанд таваллуд шудааст. Шоир, нависанда ва рўзноманигор аст. То кунун аз ў се китоби шеър бо номҳои «Сабри санг» (с.1998), «Исёни рўҳ» (с.1999) ва «Дар сояи сафар» (с.2004) ва се китоби наср бо номҳои «Синдроми Стокголм» (новелла, с.2011) дар Париж, «Замини модарон» соли 2013 дар Лондон ва соли 2015 дар Душанбе, ахиран романи «Регистон»-аш (с.2016) дар Лондон ба чоп расидааст. Айни замон ў муқими Ҳоланд мебошад. Бо ў мусоҳибае оростем, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.



- Огоҳӣ ёфтем, ки романи «Замини модарон» ғолиби озмуне шудааст. Шуморо қаблан бо ин бурди адабӣ табрик мегўем. Лутфан ба хонандагони ҳафтанома бигўед, ки он чӣ гуна ҷоиза асту ба чӣ гуна асарҳо сазовор дониста мешавад? Ин роман дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ҳам дар шакли китоб ба чоп расид ва хонандагони тоҷик аз он огоҳ ҳастанд.
-Пеш аз ҳама мамнун аз Шумо Анзурати азиз, ки ин фурсатро ба ман додед. Чашнвораи Китоби УруОсиёи Бози Бритониё (Open Eurasia Book Forum and Literary Festival), ки солона дар Ландан баргузор мешавад ва имсол дар ин ҷашнвора 1400 нависанда аз 43 кишвари дунё ширкат карданд. Баргузоркунандагони ин ҷашнвора ҳамроҳ бо интишороти Ҳертфордшейри Бритониё ва Иттиҳодияи Эҷодкорони УруОсиё ва Созмони Осиёи Миёнаи Боз, 32 ҳазор доллари Амрикоӣ ҷоизаи пулиро байни осори бартари сол ва нависандагон ба унвони ҷоиза тақсим карданд. Ин осори бартари сол то охири соли 2017 ба забони англисӣ тарҷума ва дар бозори ҷаҳонии китоб арза хоҳад шуд. Ҷоизаи аввал ба нависандае аз Туркманистон, ҷои дувум ба нависандае аз Узбекистон ва ҷои савум ба ду нависанда аз Русия эҳдо шуд. Аммо ҷоизаи ҷудогонаи 5000 долларӣ, ки солона ба беҳтарин нависандаи зани сол тааллуқ мегирад, имсол насиби ман шуд. На танҳо барои романи «Замини Модарон», балки барои «Синдроми Стокҳолм», «Регистон» ва тамоми эҷодҳои дар мавзўи зан анҷом додаам ва насри мутафовите, ки ба кор бурдаам. Соли оянда бар асоси ин ҷоиза мунтахабе аз корҳои дар мавзўи зан анҷом додаам ба забони ангилисӣ тарҷума хоҳад шуд ва дар дастраси хонандагони ҷаҳон қарор хоҳад гирифт, ки ин муваффақиятро пеш аз ҳама мансуб ба адабиёти тоҷик медонам ва сониян, ба тамоми занон ва модарони тоҷик, ки ба ман эътимод мекарданд ва дарди дилу ғуссаи рўзгорашонро гуфтанд ё мустақиман шоҳид будаам, ки тавонистам дар романҳоям ба кор бигирам.
Бале, романи «Замини модарон» аввал дар Ландан ба хатти форсӣ чоп шуд ва пас аз он дар маҷаллаи муътабари адабии мо «Садои Шарқ», бо лутфу инояти устоди азиз Баҳманёр бознашр шуд.

- «Замини модарон»-ро яке аз қуллаҳои насри тоҷикӣ дар оғози садаи бисту як донистаанд. Сирри комгории Шумо дар иншои роман дар чӣ буд?
- Пеш аз ҳама мутолиаи зиёд ва омўхтан аз дигар нависандагони бузург ва дар ниҳоят гуфтани ҳарфе, ки танҳо нависандае бо таҷрибаҳои фардии ман метавонист бинависад. Такрор накардани дигарон ва дар айни ҳол гуфтани дарди кўҳнаи мо бо забону баёни нав. Навиштани «Замини модарон» кори осон набуд. Чунки пешипоафтодатар аз мавзўи модар ва зан мавзўе намешиносам ва дар айни ҳол медонистам, ки ин мавзўъ бо ин ки ба калишаи умумӣ табдил шудааст, ҳамеша сарсарӣ ва мардона баррасӣ шуда, хостам ҷомаи хокистарӣ ва одати маъногумкардаи “Биҳишт зери қудуми модаронро” бидаррам ва тасвири воқеии онро вориди ҳунар кунам ва гуфтмони ҷадид дар ин мавзўъ шурўъ кунам, сахт кўшидам ки аз дарун ин мавзўъро бозтоб диҳам аз жарфнои нохудогоҳ ва шараёни ноаёни зан дар сарзамини мардонаи мо. Ҳоло бо бурди ин ҷоиза шояд метавонам бигўям, ки каме ҳам бошад муваффақ шудаам.

- Воқиан роман дорои чанд хатти сюжаи ҷолибе мебошад, ки рўйдодҳои сиёсиву иҷтимоии замони шўравиро дар ҳамбастагӣ бо меҳнати сангину бардавори мардум, хоса, занон хеле хуб ва бо забону шеваи баёни марғуб таҷассум кардааст. Сониян, медонем, ки Шумо қаблан шеър мегуфтед ва бо шеър вориди дунёи адабу ҳунар шудед. Аммо ҳоло мебинем, ки бештар наср менависед ва ё шояд ба қавли устод Садриддин Айнӣ «чорчўбаи назм бароятон тангӣ карда» бошад?
- Ба назари ман ҳар касе, ки аз сари ниёзи амиқи дарунӣ вориди адабиёт мешавад, дар як ҷой намемонад, мехоҳад ҳамаи арсаҳои маҳбубашро имтиҳон кунад. Ин гуна ҳунарманди ҷўянда ёбандаи ҷоддаҳои ҷадид хоҳад буд ва ҳатман забон ва садои хоси худ хоҳад буд. Намедонам ман то чи ҳад муваффақ шудам, аммо медонам, ки вақте осори устод Айнӣ мехондам, ба худ фикр мекардам, ки оё ман ҳам метавонам ва дар 10 -12 солагӣ романе шурўъ карда будам бо номи «Бухорои Шариф», ки дар пайравии «Ҷаллодони Бухоро» буд ва аммо шеър ҳам мегуфтам, дар замоне ки роман наменавиштам, шеър мегуфтам ва ҳамаро месўзондам ё бархеро ҳам модарам наҷот медод ва ҳанўз ҳам ҷое бояд бошанд. Вақте вориди Донишгоҳ шудам, дидам ҳама тақрибан дар факултаи забон ва адабиёти тоҷикии шаҳри Самарқанд шеър мегўянд ва онҷо бо маҷмўаи Фурўғ ва Сипеҳрӣ ошно шудам, ки боз маро ба самти шеър равона кард, чун дилам мехост навоварӣ кунам мисли онҳо. Аммо вақте Содиқ Ҳидоят ва Муҳаммадзамони Солеҳро хондам ва ҳам бо сокинони Сармаддеҳи азизамон ошно шудам, ба фикри наҷот додани насри тоҷикӣ афтодам аз банди кўҳнагӣ. Ҷавон будем ва фикр мекардем, ки метавонем ҷомиаро зеру рў кунем. Аммо танҳо соли 2007 вақте аввалин зарбаи рўзгорро хўрдам, тавонистам аввалин новеллаамро бинависам, «Синдроми Стокҳолм», ки нависандагони маъруфи Эрон ба он баҳои бисёр баланд доданд. Мисли Иброҳими Гулистон, Аббоси Маъруфӣ, Насими Хоксор, Иброҳими Набавӣ, Шаҳрнўши Порсипур, Озито Каҳрамон, худораҳматӣ Ризо Донишвар, ки эътимод ба навиштанам афзоиш пайдо кард.

Ёдам ҳаст устод Адаш Истад дар даврони донишҷўиам мегуфтанд, ки истеъдоди ман дар наср навистан аст, аммо ман ҷавону саркаш будам ва ҳарфҳои устодро ҷиддӣ намегирифтам ва фикр мекардам, танҳо мехоҳанд маро ташвиқ кунанду халос. Замоне, ки рў ба ғурбат овардам ва дидам, ки шеър дардамро таскин намедиҳад ва сангинии синаам рўз то рўз афзунтар мешавад, шеър гуфтанро канор гузоштам ва ғарқи хабарнигориам шудам, ки нонамро солҳо буд аз он тариқ ба даст меовардам. То замоне, ки бемор шудам ва дар Амстердам се моҳ замингир будам ва инҷо эҳсос кардам, ки бояд ҳарфи дил ва ҳарфи муҳимме бо худ бизанам, то сабук бишавам ва новеллаи «Синдроми Стокҳолм» ингуна навишта шуд ва ман лаззати навиштанро кашф кардам. Навиштан барои худдармонӣ ва бозофаринии ватани дурафтода ва фарзанди назода ва дўстони ғайбзада. Барои ин аст, ки навиштан барои ман касб нест шеваи зиндагист.
Аммо шеър дар насри ман ҳамчунон зиндааст барои ин ки наметавонам бигўям аз шеър даст кашидаам, балки ба ҷои шеъри заиф насри қавӣ навиштан омўхтаам. Ғурбат омўхт, рўзгор раҳнамоӣ кард. Чун дидам дар наср намешавад кўтоҳ гуфту фирор кард, балки бояд то таҳи хиёбон биравӣ ва ба поён бирасонӣ роҳи шурўъкардаро. Дар шеър хонаҳои гўгирдӣ месохтам, аммо дар наср қаср месозам. Яъне кори сангину камаршиканеро анҷом медиҳам, то аз зеҳни ҳамеша фаъол ва ҳамеша дар ҳоли фикрам фирор кунам. Вақте менависам инсони беҳтарам. Ба назарам, агар ниме аз шоирони мо наср менавиштанд вазъи забони мо низ ҳарчи зудтар беҳбуд меёфт ва мардум ба ёд меоварданд, ки ҷумлаи форсии тоҷикии солим бигўянд ва фонди луғавии худро ѓанӣ созанд.

- Воқиан Шумо дар наср бештар тавоноии ҳунарӣ нишон дода тавонистед. Наср нисбат ба шеър имкони бештари баёни ҳолату ҳавои қаҳрамонҳоро дорад?
- Дар тўли солҳое, ки машғули омўзиш ҳастам ба ғайр аз мутолиа, риштаҳои дигарро низ омўхтам. Мисли тадвини филм, коргардонӣ, тадвини садо ва хабарнигорӣ ва ҳамаи инҳо ҳамроҳ бо он алоқаи зиёде ки ба шеър нишон додам дар оғози роҳ, шояд ба ман ёрӣ кард, ки битавонам дар наср сабки хоси худро зуд пайдо кунам. Вагарна намешавад ба танҳоӣ нишаст ва ба қавли худамон зўр зад, ки насри хубу бартар ба даст орӣ. Романнависӣ иқтизо мекунад, ки ҳамаи дарси рўзгорро ба кор гиред, ҳамаи он чиҳил ҳунареро, ки ба мо аз кўдакӣ талқин мекунанд омўзем, ҳамаи он дидаҳо ва шунидаҳо, ҳамаи он адолат ва беадолатиҳо, ишқу ошиқиҳое, ки кардему накардему шоҳид будем ё набудем ва ҳатто нафрату кинаву костиҳое, ки пеши роҳи ҳамаи мо ҳастанд, ҳамаро бояд ба кор гирифт. Намешавад гуфт, ки наср ин имконро дорад ва шеър надорад. «Шоҳнома» -ро ба ёд биёред. «Маснавӣ» -и Мавлавиро ва он марсияи пирии устод Рўдакиро. Аммо инсон бояд битавонад пеши худ тасмим бигирад, ки бар рўи кадоме аз ин ҳунарҳо сармоягузорӣ кунад беҳтар аст. Дар шеър, дар наср, дар рассомӣ ё дар хонандагӣ ва ё улум. Ҳамаи инҳо роҳҳои мутавофити ибрози андеша ва таҷрибаҳо метавонад бошад ба тарзи худ ва шеваи мутафовит.

Барои ман наср ҷавоб дод. Чи гуна ташхис додам? Аз он ки вақте «Синдроми Стокҳолм» -ро дар авҷи афсурдагӣ навиштам, шифо ёфтам ва ба ин фикр кардам, ки ҳунаре, ки метавонад офаринандаашро шифо бахшад ҳатман ҳикмате дорад, танҳо бояд кашфаш кард, то худ кашф бишавӣ. Ҳар шеъре, ки дарди худи шоирро таскин надиҳад, дарди дигаронро низ наметавонад таскин диҳад, пас чаро бояд чунин шеър гуфт? Аввал ниёзи барои навиштанро бояд ба даст овард ва агар ниёз воқиан вуҷуд дорад ва метавонад дардҳои ниҳони нохудогоҳи ҳунармандро берун резад, бояд ҷиддӣ гирифта шавад. На ин ки об надорем, пас шеър гўем, ё барқ надорем, пас ғазал гўем, занамон рафт, шеър гўем, ба мо хиёнат шуд, шеър гўем, шикоят кунем. Шояд дар ин мавридҳо беҳтар бошад, ки аризаи эътирозӣ бинависад ҳар ҳунарманд ва зеҳни худро раҳо кунад барои ҳунари воқеӣ. Яъне маҳалле барои шиор гуфтан ва ё расонаи шахсӣ буда, ки тамоми ниёзҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва рўзмарраамонро дар он талош кардаем бигўем. Аммо мебинем, ки на ҳамеша ҷавоб медиҳад.
Устод Айнӣ дуруст дарк мекунад, ки наметавонад ба мардуми тоҷик аз тариқи ғазалнависӣ сарфу наҳв, навиштан ва хондан омўзад. Барои ҳамин рўзнома роҳ андохт. Мо ҳам шояд рўзноманигори хубу беҳтари дарунамонро бо шоирии заифу иҷбориву сохтакориҳоямон хафа мекунем. Ин интихоби шахсии мост ва худ дар хилвати худ бо худ агар содиқ бошем, мефаҳмем, ки оё шоир ҳастем? На ин ки вазну қофия медонем ё чанд маҷмўа чоп кардем, балки “Оё ман шоир ҳастам?” Ва агар посух орест, ки чи хуб, аммо дар ҳазорон ва даҳҳо ҳазорон маврид посух манфист, аммо афрод идома медиҳанд. Зеро мо мунтақидони ростгўву нотарсу бобок бисёр кам дорем, то ин вазифаро бар уҳда бигиранд ва кори ҳунармандро каме ҳам бошад сабук кунанд. Барои ҳамин мо ҳама ба қавли худамон таги шоир мондаему аммо кам шеър аз бар ҳастем ва мисрае кам гуфта мешавад, ки дар ёдҳо монад. Агар ин гуна аст чаро насрро имтиҳон накунем? Чаро гузоришнависиро, филмсозиро, садобардориро, рассомиро?

- Ба андешаи Шумо чаро имрўз аксарият худро ба ҷодаи шоирӣ мезананду як андоза зўракӣ шеър мегўянд?

  • Ба назари ман дар тамоми ин муддате, ки дар ҳавзаи адабии Самарқанду Бухоро, Тошканду Душанбе ва Хуҷанд дидам, далели аслӣ ин буда, ки аз тариқи шеър гуфтан ҷавонон ва ҳатто бознишастаҳо зуд ва ба осонӣ ба сафи равшанфикрон ворид шудаанд, ба иззату эҳтироме расидаанд, чун мардуми мо ҷамъомади шоиронро дўст медоранд. Шоир гўед, ёди Рўдакӣ меафтанд ва эҳтиромеро ба Рудакӣ қоил ҳастанд ба онҳо пешкаш мекунанд. Ин гуна аст, ки мо шоир бисёр дорем ва шеъри ноб кам.
Коре, ки дар наср намешавад кард. Ду се сол тўл мекашад, то романе навишта шавад ва ҳафтаҳо тўл мекашад, то аз аввал то охир хонда шавад аз ҷониби хонанда. Кори роман кори фарсояндааст ва аз ин ҷост, ки бисёре аз он фирорӣ ҳастанд. Корест, ки то воқеан иштиёқи воқеӣ надошта бошед ба сўяш намеравед. Мисли он аст, ки байни ронандагӣ ва маъданканӣ ҳатман ронандагиро интихоб мекунед. Романнависӣ кори маъдан аст. Сангин, сиёҳ ва камдаромад. Барои ҳамин касе суроғи он меравад, ки аз қабл бидонад дар ҳақиқат сарвате дар он минтақа мавҷуд аст, он сарвати дарунӣ ва маънавии мо, ки аз роҳи кандукови рўҳу ҷони инсон мешавад ба даст овард.
- Бинобар ин сабаб ҷавонон камтар ба наср рў меоваранд ва қариб ки аз байни ҷавонон имрўз насрнависи ҳирфаӣ надорем ё хеле кам дорем.

- Агар нависандагони имрўзи мо пуштибонии бештар медоштанд ва китобҳояшонро ҳамроҳ мегирифтанд ва аз мактаб ба мактаб мерафтанд ва рўнамоӣ мекарданду пораҳои онро мехонданд ва онро муаррифӣ мекарданд, фарҳанги романхонӣ дубора байни мо эҳё мешуд дар миқёси миллӣ. Чизе, ки мутаассифона ҳоло нест.
Агар Баҳманёр, Гулрухсор, Адаш Истад, Салим Аюбзод ва боз даҳҳо дигар нависандагони хуби мо битавонанд дар шумораҳои зиёд на 500 ё 1000 нусха, корҳои худро байни ҷавонон муаррифӣ кунанд ва бо хонандагони худ рўбарў шаванд, ҳам барои корҳои ояндаи онҳо ва ҳам барои афзоиши хонанда дар минтақа муфид хоҳад буд.
Инҷо дар Урупо ҳама, пиру ҷавон, донишгоҳӣ ё корманд, ҳама дар канори ҳам дар нақлиёт ва дар истгоҳҳо ва дар китобхонаҳо ва кофейҳо роман мехонанд. Ҳавасам меояд, гиряам мегирад, ки мо чаро чунин нестем. Аммо шикояту нолаву якдигарро муқассир донистан фоида надорад, мо бояд ҳар кадом саҳме бугзорем, китобе мехонем, дар борааш ба дигарон гўем, ба дигарон диҳем, ҳамхон кунем, нақд кунем ва мебинем, ки мо танҳо нестем ва садҳо нафар мисли мо фикр мекунад, аммо дар танҳоӣ ва дар хилват.
Аммо ин гуна ҳам нест, ки мо хонанда надорем ва ҷавонон китоб намехонанд. Инро вақте фаҳмидам, ки худам даст ба кор шудам ва роман ба бозор додам. Бовар кунед, аз тамоми гўшаву канори дунё ҷавонони тоҷик тамос мегиранд ва мехоҳанд барояшон китоб бо дастхат ё тавзеҳоти худам бифиристам, ки фалон ҷо манзурам чи буда ё китоби баъдиам кай чоп мешавад, чун ҳар серо хондаанд ва барои дўстонашон ҳам харидаанд ва мунтазири кори баъдии ман ҳастанд. ҷавонони бистсола маро ташвиқ мекунанд, ки бинависам, чун онҳо мунтазиранд. Ва ин беҳтарин навъи ташвиқи нависанда аст. Яъне мо хонанда дорем, аммо бояд онҳоро бишносем ва бо онҳо дар тамос бошем, то хуни роман ва насри замони худро пайдо кунем. Зеро забони баёни донишҷўи имрўз бо забони баёни донишҷўи солҳои ҷавонии мо бисёр фарқ кардааст. Агар бо ҷавонон дар тамос набошем пас чи гуна метавонем мушкилоти онҳоро баён кунем. Аз як тараф эътироз мекунем, ки намехонанд.
Аммо бале, медонам, бисёриҳо ҳастанд, ки бидуни ин ки китобҳои ахиран навиштаи устодони насри моро хонда бошанд, мегўянд мо нависанда надорем. Ин гуна афрод бечоранолонеанд, ки аз ҳақиқат ё огоҳ нестанд ё метарсанд даргири ҳақиқат бишаванд. Роҳи осон меҷўянд ва бо инкор фикр мекунанд кори худро сабук кардаанд.
- Шояд наср навиштан як андоза аз адиб тафаккури амиқу донишу ҳунари бештаре тақозо менамояд?

- Бале. Ин гуна ҳам ҳаст. Аммо бибинед, ки ҳамаи мо модарбузургу падарбузурге дорем, ки таҷрибаҳои рўзгори моро, қарни моро мушоҳида кардаанд ва ҳатман рўзона ба мо мегўянд ва мо ҳам иттиноъ ё дорем ё надорем. Манзурам, мешавад аз таҷрибаҳои дигарон истифода кард. Мутолиа кард. Аммо гоҳе фикр мекунам, вақте касе аз навиштаҳои Гогол, Достоевский, Чехов, Горкий, Булгаков, Солженитсин, Айнӣ ва Айтматов дурӣ ҷуста ва то ба ҳол онҳоро нахондааст, дигар аз кӣ метавонад омўзад. Аммо медонед, бояд роҳеро пайдо кард ки ҷавонони мо инҳоро ва боз даҳҳо нависандаи дигарро, садҳо нависандаи дигарро бихонад, то битавонад ба қадри нависандаҳои худ бирасад. Ин замоне муяссар мешавад, ки мо солона ҳадди аққал 100 намуна китоб аз адабиёти ҷаҳон тарҷума ва мунташир кунем. Мо агар инҳоро ба забони русӣ хонем, русӣ навиштанамон хуб мешавад, аммо агар ба забони модарии худ бихонем, он вақт дар забони модарии худ ба қавли худамон “усто” мешаванд.
То замоне, ки аз нависандагони бузург қадрдонӣ нашавад ва наҳзати омўхтани ихтиёрӣ ва китобхонӣ роҳ наюфтад, ҷавонони мо сардаргум ва сарсону ҳайрон дар айни ҷавонӣ пир хоҳанд шуд, саллаву асо ба даст хоҳанд гирифт ва хулосаи калом афсурда хоҳанд шуд ва даст ба коре ҳам нахоҳанд зад. На барои давлат, на барои миллат, на барои хонавода ва ҳатто фарди худашон. Мо чунин ҷавонони “талафшуда” кам надорем.
Аммо фоҷиаи дигар ин аст, ки забони мо ҳанўз иштибоҳоти сарфу наҳвӣ дорад ва ин ҳам аз он аст, ки мо аз тариқи мутолиа метавонем, забони худро сайқал диҳем, омўзем ва ғалатҳои дигаронро низ бибинем. Вақте устодони забон худ ғалат доранд ва ё бар сари ғалатҳои забонии даврони шуравӣ пофишорӣ мекунанд, камтар ҷавонон мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки ин ё он назари устоде созанда на, балки сўзанда аст.

  • Воқиан дуруст гуфтед, ки дар наср арсаи фаъолият барои забону намоиши ҳунари нигорандагӣ васеътар аст, яъне нависанда тобишҳои гуногуни маъноии вожагони забонро метавонад аз забони қаҳрамонони асар бештар ба намоиш гузорад.

  • Дуруст, нависанда бояд таърихи тамоми вожаҳо ва тобишҳои маъноии онро бидонад ва нависана бояд ҳамзабон битавонад дар қолаби қаҳрамони худ биравад. Шоир бишавад, шубон бишавад, пизишку оҳангар, муҳоҷир, сарбозу ронанда, шарру фаришта ҳам бояд бишавад, агар кор чунин иқтизо дорад. Ва шеваю услуби баёни ҳар яке аз инҳоро бояд бидонад ва дар мавриди худ ба кор андозад.

- Чӣ бояд кард, ки насли ҷавон бештар ба наср рў биёварад.
- Ин корро аз донишгоҳҳо бояд шурўъ кард. Барои мисол ба тамоми факултаҳои тарҷумонии донишгоҳ дастур додан лозим, ки агар мехоҳанд мадраки худро ба даст оранд, пас бояд як номгўй аз адабиёти ҷаҳонро бар асоси забоне, ки омўхтаанд, ба забони модарии худ баргардонанд ва донишгоҳ мунташир кунад, хазинааш ҳам ба фонди Донишгоҳ равад. Аз ин роҳ мо мушкили надоштани китобро ҳал мекунем. Солона чанд донишҷўи мутарҷим дорем, ба ҳамон миқдор китоби хонданӣ аз адабиёти ҷаҳон хоҳем дошт. Дар факултаҳои забон ва адабиёт низ бояд ба донишҷўҳо чунин имкон фароҳам кард.
Ҳар касе метавонад роҳҳои ҳалли худро дошта бошад, аммо ман фикр мекунам, ки бояд ҷавонони мойил ба навиштанро ё ононеро, ки шеърҳое менависанд дар замони фароғати худ, ба навиштани достонҳои кўтоҳ-ҳикоя даъват кард. Ман орзу дорам дар шаҳри Самарқанд, Бухоро, Хуҷанду Панҷаканд озмунҳо ва маҳфилҳое доир ба маҳорати нависандагӣ роҳ андозам ва биравам аз тамоми рустоҳо ва шаҳрҳои дурдасти ватан истеъдодҳоро кашф кунам. Зеро медонам, ки ҳастанд. Аммо ҳоло ки чунин имкон надорам аз роҳи дур шурўъ кардаам корҳое анҷом диҳам ва он ҳам, гирдоварии ҳикояҳои кўтоҳи ҷавонони тоҷик аст. Дўстони азиз кўмак мекунанд. Устодони донишгоҳ ҷавонони боистеъдодро ба ман муаррифӣ мекунанд ва ман беҳтарин корҳоро гирд овардаам ва соли оянда дар як маҷмуъа дар Урупо мунташир мекунам, ки шояд ташвиқ бишаванд ва бештар фаъолият кунанд.
Аз ҳамин ҷо мехоҳам эълом кунам, ки агар ҳар ҷавони тоҷик, ки мехоҳад хикояҳояш дар ин маҷмўа ҷой бигирад, лутфан барои ман бифиристад ҳикояҳояшро.

- Аз ҷавонҳо киро мешиносед?

- Ҳамин парерўз дўстам Дилшоди Фарҳодзод, шоири хуби мо дар Самарқанд, бароям чанд намунаи ҳикоя фиристод, ки байнашон ду ҳикоя аз як нависандаи ҷавон буд бо номи Фаридуни Фарҳодзод. Ин ду ҳикоя нишон медод, ки ў метавонад нависандаи хубе бишавад, агар даст ба манобеи зиёд пайдо кунад ва пур кор кунад ва бо таҷрибаи асотиди адабиёти ҷаҳон ошно бишавад. Умедбахш ҳастанд ин гуна ҷавонон. Аммо мутаассифона ман ҳанўз онҳоро намешиносам.

- Романи наватон «Регистон»-ро низ ба итмом расонидаед. Дар бораи ин роман як ду сухан ба хонандагони тоҷик мегуфтед.

  • Романи «Регистон» ҳамзамон бо ҷоизаи “Беҳтарин нависандаи сол” дар Ландан мунташир шуд ва ҳамон ҷо рўнамоӣ кардам, ҳамроҳ бо маҷмўаи шеърҳое, ки ба забони англисӣ навиштаам. Ба забони англисӣ алоқаи хунӣ надорам, барои ҳамин гоҳе шеъраке бо ин забон менависам, аммо романи Регистон се сол ва ҳатто каме бештари вақти маро ба худ банд кард ва мисли корҳои қаблиам, лаззати бисёр ба ҷо гузошт. Романест бардошти ҳунарӣ аз таърихи иҷтимоӣ ва сиёсии мо, тоҷикони Самарқанд дар тобистоне, ки шўравӣ фурў рехт. Мисли ҳамеша қолабшиканӣ кардаам. Бештар аз ин чизе намегўям, чун ҳамаро навиштаам, ҳоло бояд мунтақидону хонандагони азиз бардошти худро аз он бигиранду бо дигарон дар миён бугзоранд.

    Барои сўҳбат ташаккур!
- Мамнун аз ин фурсати нодире, ки дар ихтиёри ман гузоштед.

Суҳбаторо Анзурати Маликзод


 





Комментариев нет:

Отправить комментарий