29 ноября 2013 г.

ШУКРОНА

Имрӯз дар тамоми иёлоти муттаҳидаи Амрико рӯзи шукргузориро ҷашн мегиранд, ҳар кас ба ҳар гуна, баъзеҳо ба шукронаи ин зиндагии хубу фаровон назди Худо, баъзеҳо ба сифати як иди пуршукӯҳ, баъзеҳо танҳо ба хурсандии ҳамватанон ҳамроҳ мешаванд. Ин ҷашн таърихи беш аз дусадсола дорад ва аз замоне боқист, ки аввалин сафедпӯстон ба хоки Амрико саҳван қадам гузоштанд ва байни мардуми таҳҷоии ин ҷо қарор гирифтанд. Чун соли аввал сахтиҳои зиёд дида, бештари онҳо маҳв шуданд, соли дигар ҷон ба саломат бурдагон ба Худо шукронаҳо гуфтанд ва аз ҳамон сол эътиборан ин рӯзро ба хотири зинда мондан ва чун рамзи шукрона аз марҳамати Худованд ҷашн мегиранд.

Хуб, ин ба ман чи иртибот дорад? Ё магар алоқае надорад? Ман ҳоло бо ин мардум аз як ҳаво нафас мекашам, аз нону намакашон мечашам. Чаро миёни онҳо гашта, аз таъриху маданияташон бехабар нишинам? Ба ҳар ҳол, миёни амрикоиҳо зиста, дар бораи ин кишвар баъзе тасаввуротам дигар шуд. Яъне амрикоиҳо фақат онҳое нестанд, ки дар филмҳо мебинем, ё ба мо талқин кардаанд. Онҳо ҳам дар синаҳошон дил доранд, дар суханҳояшон самимият, дар чашмҳояшон ҳарорат... Бале, кишвари бузург аст ва мардуми гуногунмиллату гуногунхислат дорад ва ман ба ин хотир, ки ин ҷо миёни одамони накӯкор ва дӯстони меҳрнигор будам, имрӯз дар назди Худо шукргузор ҳастам.

...Мусофират савдоест, ки аз ту чизе меситонад ва дар ивазаш чизе медиҳад. Чизҳое, ки аз дастам рафт, бедареғу бодареғ рафт. Он чи ба даст овардам ва мояи ғаму шодӣ медонам, на он аст, ки аз ман бештар интизор доранд, балки он чи ғайриинтизорист, шеъргунаҳоямро дар назар дорам, ки дар ин муддат гуфтаам...

Бемужда менишинам аз ту хате наояд,

Чун бебаҳор барге, к-ӯ дергаҳ напояд.

Холии бесадое чун лонаи парасту,

Бо ёди як баҳоре, к- "аз дай кай барояд?"

Танҳо туӣ, ки наздик бо ин ҳама ҷудоӣ,

Онгуна, к- ин ҷудоӣ андар ҳисоб н - ояд.

Ҳар гаҳ, ки менависӣ, пур мешавам зи вожа,

Ин лонаи парасту аз нав ба гуфтан ояд.

Бо ман навис, эй дӯст, бемуждаам маяфган,

Бигзор бепаёмӣ аз баҳри мо барояд!

….

Аз баҳор бебаҳра, аммо меҳргон мепарварам,

Аз барои нойи ҷонам устухон мепарварам.

Меканам чоки ҷигарро, хун мехӯрам басе,

Ҳар чӣ мефармояд ин дил, ман ҳамон мепарварам.

Хоксорӣ мекунам, гардун ба бодам медиҳад,

Ман ҳаводори Ваям, то осмон мепарварам.

Ӯ, ки асрори аён аст, менамояд ноаён,

Чанд розе, ки намоён аст, ниҳон мепарварам?

Мекунад ҳамвор роҳамро магар Яҳёи шавқ,

Ман агар Исии ишқамро ба ҷон мепарварам?

….

Васвасае дар дили ман зодааст,-

Санг, - ба роҳе, ки маро мебарад.

То набияндозамаш аз роҳи хеш,

Роҳи маро то ба куҷо мебарад?

Ӯ, ки фитодаст, куҷо мебарад?-

Менигарад, то ки бар ӯ бархӯрӣ.

Санги ҳаво асту ҷило медиҳад,

Бархӯрӣ бо ӯ, ба замин бархӯрӣ.

   ….

Дигар безорам аз гуфтори беҳарфу ҳиҷои лаб,

Ба ҳарфе ташнаам андар миёни хушкиҳои лаб.

Шикастам чун қалам андар лаби ранги таманное,

Зи берангӣ, вале хун мекашонам бар намои лаб.

Ту хоҳӣ як каломи сода бошу хоҳӣ раббонӣ,

Ба гӯши ҷони ман май рез бо он мастиҳои лаб.

Шунидан чандинам омӯхтӣ, гоҳи гуфтанам омад,

Бинеҳ анвои ҳарфи худ ба коми бенавои лаб.

Калиди заррини асрори симини ниҳони ман,

Тилисме дорам андар синаву қуфле барои лаб.

Биё, бишкофашу букшо, ҳадиси пурсадоямро,

Раҳо кун аз гирифторӣ, ки бозояд зи нои лаб.

Раҳо аз ин радиф бинмо, ало, эй Вожаи воло,

Маро озод намой аз гуфтугӯ андар қафои лаб.

Аз ин лаб то ба он лаб, ё аз ин сӯ то ба он бесӯ

Лаболаб ташнаам аз оби ту, ай муддаои лаб!

                            ....

Марг, биё, ёвари дилҷӯи ман,

Рост нарав, каҷ набиё,- сӯи ман!

Чин ба ҳам барзада абрӯи ман,-

Оинаи туст магар рӯи ман?

Ин ҳаваси омаданат дар дилам

Мезанадам ханда, ки ман бисмилам.

На, кӣ туро гуфт, ки шитобон шавӣ,

Дар шаби андеша дурахшон шавӣ?!

На, кӣ туро гуфт, ки падидор шавӣ,

Бо шаби навмедии ман ёр шавӣ?!

Чист, ки ангехтааст шавқи ту,

Яъс биёварда магар завқи ту?!

Ман, ки дурӯғ гуфтаму маргам сазост,

Дар талабам омаданат носазост.

Гӯш накун нолаи зори маро,

Ҳам манигар ҳоли низори маро.

Модари бемарди мадоро манам,

Баҳри худам сахраи хоро манам.

Заъф чу дар сахра низорам кунад,

Ёр дусад қувва нисорам кунад.

Кӯдаки ман силии об мехӯрад,

Дар лаби дарёи сароб мехӯрад.

Хушкидааст синаи ман, ку асо,

Дар назарам мавҷ занад чашмасо?!

Марг, агар охири ин роҳӣ ту,

Мегирадам рӯзе маро оҳи ту.

Дар ту ниҳон бошад агар он ҳаёт,

Мераҳам аз зиндагӣ андар мамот.

Лек маро фурсати зистан бидеҳ,

Шеъри маро гоҳи навистан бидеҳ.

Вом бидеҳ фурсати шодӣ маро,

Дар бари фарзанд нишоте маро.

Ман, ки ҳаётам ба мамот мерасад,

Менигарам,- то ба наҷот мерасад.

Сӯи ту бо чашми хумор меравам,

Дар талаби нози нигор меравам.

                           ....

"Дӯстат дорам" чу ҳамвор мекунад набзи маро,

Ман талабгорам варо дар роҳи ноҳамвори хеш.

Ҳарфи содасту, вале бингар, ки созандаст чунон,

Аз чӣ медорӣ дареғ онро ту дар гуфтори хеш?

"Дӯстат дорам" бигӯ, ҷонам зи рӯи дӯстӣ,

Ё иҷозат деҳ, ки онро ман ба такрор оварам.

Ту намедонӣ, ки аз беишқӣ ман фарсудаам,

Боварам бош бар паёми сабзи ишқе, боварам!

Комментариев нет:

Отправить комментарий