8 сентября 2012 г.

ПУР АЗ БЎИ СЕБ…

ПУР АЗ БЎИ СЕБ…

(Мулоҳизае чанд оиди маҷмўаи дастҷамъии шоирони сурхондарёӣ - «Сарводаи Сурхон» (Тошканд, соли 2011)) 

 

Себ ҳам хотира дорад? Оё дуруст аст, ки дар зеҳни худ лавҳаҳои зиндагиро ҳифз менамояд ва бўяш, ҳангоме ки мегазӣ, эҳсосоти туро бармеангезад, хотираҳои гузаштаро дубора зинда мегардонад?

Дар ёди башарият себе боқист, ки  ҳангоми ба ёд овардан бори хиҷолат бо худ мекашонад. Шояд Саидаи Синавӣ ҳангоме ки «чун он шабе, ки бод пур аз бўи себ буд» мегўяд, ба ҳамин чиз ишора мекунад, ба себе, ки хўрданаш мамнўъ буд? Ё себе, ки дар нигораҳои мусаввирон рамзи зиндагонист…

Умуман, шоири ҳунарманд метавонад ашёро ба хости дили худ мазмун бахшад, ҳамон гуна, ки Хусрав ягонагиву монандиро дар хилқати себу сўфӣ талқин мекунад, дар шеъре, ки дар «Сарводаи Сурхон» ҷой дорад…

«Сарводаи Сурхон» фарогири намунаҳои ашъори шоирони ҳавзаи адабии Сурхондарё буда, нашри он аз ҷониби алоқамандон ва дўстдорони адабиёти тоҷикӣ дар Ўзбекистон бо фараҳмандӣ ва мамнуният истиқбол шуд. Дар он аз эҷодиёти 84 нафар эҷодкорони солҳои пешазинқилобӣ ва баъд аз он, ҳамчунин замони истиқлол, ки дар ҳамин сарзамин зиста ба муназзам кардани каломи бадеӣ ҳиммат гуморидаанд, намунаҳо оварда, инчунин маълумоти мухтасари тарҷумаиҳолӣ низ дода шудааст.

Дар нисбати баёзи ҷавоншоирони самарқандӣ («Армуғони Самарқанд», Тошканд, соли 2011), ки каме пештар аз китоби мавриди гуфтугў ба табъ расида буд, «Сарводаи Сурхон» аз ҳисоби миқдори шоирон дар он ҳаҷман бузургтар аст. Аз ин рў таҳияи ин маҷмўа бо худ заҳмати зиёд доштааст, ки ин масъулиятро мураттибон Олимҷон Давлатов ва Хусрав Саъдуллоҳ бо ҳамият ба дўш гирифтаанд. Онҳо  кўшидаанд дар шарҳи ҳоли шоирон мухтасар, вале дақиқу саҳеҳ маълумот биёваранд.

Таҳти сарлавҳаи «Ашъори танинандози тоҷикони Сурхон» ба тарзи фишурда  сарсухани профессор, раиси маркази фарҳангии тоҷикони Ўзбекистон Ҳасан Қудратуллоев  ҷой дорад. Донишманди маъруф доир ба афзалият ва имкониятҳои падидовардаи истиқлол нисбати тоҷикони ин сарзамин, чунончи таҳсил дар мактабҳои миёна ба забони модарӣ, мавҷудияти марказҳои миллӣ, эътибор ба фарҳангу адабиёти тоҷикӣ дар ин кишвар сухан ронда, мегўяд, ки «… дар Ўзбекистон беш аз 220 шоирони тоҷик ҳастанд, ки дар ду-се соли охир беш аз 20 китоби назмии худро ба нашр расонидаанд… Дар давоми бист соли охир наздик ба 200 маҷмўаи шеъру ҳикояҳои шоирону нависандагони тоҷик ба нашр расида, мавриди омўзиши ҳаводорони шеъри тоҷикӣ қарор гирифтааст… Адабиёти навини тоҷикии Ўзбекистон имрўз дар қатори адабиёти навини Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон барои ҷаҳониён муаррифӣ мешавад ва намояндагони он асолати аҷдодиву ватании худро дар навиштаҳояшон ҳифз мекунанд». Инчунин гуфта мешавад, ки  намояндагони адабиёту фарҳанги воҳаи Сурхон ба воситаи навиштаҳои худ дар пешрафти адабиёту фарҳанги ватани худ мекўшанд саҳмгузор бошанд.

Дар ҳақиқат, ҳавзаи адабии Сурхондарё аз фаъолтарин марказҳои адабӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ба туфайли ашъори эҷодкорони номдораш дар замони мо эътибору шўҳраташ афзудааст.

 Маълум мегардад, ки шоирони сурхондарёӣ баробари ихтисос доштан ба касбу ҳунари гуногун ҳамчун кишоварзӣ, санъат, ҳуқуқшиносӣ, омўзгорӣ, рўзноманигорӣ, олимӣ, тарҷумонӣ ва ғайра майли зиёди шеър гуфтан ҳам доранд ва баъзе аз намояндагони шеъри ин воҳа аз шоирони иқтидорманди ҷумҳурӣ  ба ҳисоб мераванд ва аз тариқи нашри шеър дар матбуот ва маҷмўаҳои дастҷамъии ҳамзабонони хориҷӣ шўҳрати бархе  ҳатто берун аз кишвар ҳам рафтааст. Боиси таҳсин аст, ки бештар аз 30 нафар шоирони дар баёз ҷойгирифта соҳиби маҷмўаҳо, (ҳатто аз панҷ ва беш аз он (Асадуллоҳ Исмоилзода, Ҷаъфар Муҳаммад)) буда, дар радифи шоирони мард 17 нафар бонувони соҳибқалам низ ҷой доранд, ки ин ҳодиса нишонаи завқи баланду шеърпарварии занони ин сарзамин аст. Саидаи Синавӣ, Зебуннисо Ҷўраева, Барнои Саломиён ва Нисо Хўҷамшукурова маҷмўаи шеър ҳам доранд.

Дар миёни шоирон нафарони зуллисонайн  ҳам ҳастанд, чунончи, Мулло Мирзо Умар, Нусратулло Шоймардонов, Иззатуллоҳи Кенҷа, Исматулло Ҳалимов,  Ҷаъфар Муҳаммад, Нисо Хўҷамшукурова. Ин ҳодиса нишон медиҳад, ки анъанаи ба ду забон шеър гуфтан дар байни шоирони сурхонӣ ҳам маъмул аст.

Дар ҷараёни мушоҳида намунае, ки дар он аломатҳои шеъри бачагона мавҷуд аст, дар ашъори Масъуд Хўҷаев ба чашм расид. Хуб мешуд агар шеъри кўдакон дар эҷодиёти ў рушду такомул ёбад, зеро  минбаъд дар адабиёти тоҷикзабони Ўзбекистон анъанаҳои шеъри бачагонаро бояд идома ва сайқал бахшид. Шеърҳои Иброҳим Акрамов ҳам, ки дар шакли чортоӣ ва тарҷеъбанд навишта шудаанд, бо мазмуни насиҳатӣ, ситоишиву ифтихорӣ доштан ва баёни содааш шеъри бачагонаро мемонад. Дар адабиёти тоҷикзабони Ўзбекистон дар байни эҷодкорони ҷавон шоирони бачагон ангуштшуморанд ва ягона ҷавоне, ки дар ин ҷода устувор гом мениҳад, Дилрабо Насимист.

Бояд изҳор намуд, ки сатҳи ҳунарии шоирони маҷмўаи мавриди баррасӣ мутафовит аст. Ин ҳолат аз муносибати шоирон ба мафҳуми «шеър» бармеояд. Масалан, барои баъзе аз шоирон шеър баёни ҳунармандонаи таассурот ва бардошт аз чизе, муддао ва мақсад бошад, барои баъзеи дигар шеър танҳо воситаи ифодаи дарду розҳои ниҳонӣ, дар қолаби муназзам гуфтани розу ниёзҳост. Баъзеҳо ҳавасмандона ба шеър наздик мешаванд. Аз ин ҷиҳат хонанда ҳам шеъри ҳар шоирро ба таври мухталиф қабул ва рад мекунад.

Ҳамон гуна ки ишора рафт, соҳибқаламони дар ин маҷмўа ҷо доштаро метавон бо назардошти замони зисташон ба гурўҳҳои мутааллиқ ба ибтидои асри 20, шоирони ба истилоҳ «даврони шўравӣ» (на «шоирони шўравӣ») ва замони истиқлол дастабандӣ намуд. Аммо таъкид бамаврид аст, ки шоирони калонсол, ки айёми ҷавонӣ ва оғози эҷодашон ба замони шўравӣ рост меояд, аксаран баъди истиқлол имкони нашри маҷмўаро пайдо намудаанд ва дар миқёси ҷумҳурӣ шўҳраташон афзудааст.

Махдуми Абдуманнон, Домулло Муҳаммадюсуфи Маъюсӣ, Домулло Сўфии Ҳисорӣ, Мулло Дўст Нодири Бойсунӣ, Махдуми Ҳисомуддин, Ваҳҳоби Хўҷасиддиқӣ, Мулло Мирзо Умар дар шумори шоирони гурўҳи авваланд ва қисме аз онҳо дар мадрасаҳои Бухорову Самарқанд таълим гирифтаанд. (Сазовори таҳсин аст, ки Хусрав Саъдуллоҳ ашъори боқимондаи Домулло Муҳаммадюсуфи Маъюсӣ (2003) ва Домулло Сўфии Ҳисориро (2006) дар шакли китоб манзури хонандагон гардонидааст.) Ҳамду наъти паёмбар, ирфон, шарҳи ҳол, ошиқона, ғами ҳиҷрон дар ғурбат, нома ба модар, панду насиҳат мавзўи асосии ашъори ин шоирон буда, завқу салиқа ва сабки эҷодии онҳо барҷо будани услуби анъанавии назми мумтозро дар ашъори онҳо нишон медиҳад. Масалан, дар як ғазали Домулло Сўфии Ҳисорӣ мазмуни ирфонӣ баёни нисбатан мавҳумро бо истифодаи кинояву маҷоз тақозо намуда, калимаҳои «дарс», «тафаккур», «фарзу суннат», «суханҳои дақиқан илми динӣ» ба шеър рўҳияи хоса бахшида, шеър муҳити илмии мадрасаро ба ёд меандозад:

              Аз тафаккур устухонам сўхт дар савдои дарс,

              Дидаам хун мешавад дар домани саҳрои дарс.

              Фарзу суннатро баён месозад ин устози ман,

              То ба фардои қиёмат мешавад ғавғои дарс.

              Аз суханҳои дақиқан илми динӣ шод шуд,

              Мавҷ зад дар синаи ман ҷўшиши дарёи дарс…

Бо вуҷуди ин, забони ашъори шоир оммафаҳм аст. Умуман, ашъори ин даста дар жанрҳои рубоиву дубайтӣ, ғазал, мухаммасу мусаддас, маснавию қитъа фароҳам омадаанд.

Ашъори шоирони дастаи дуввум ҳам аз назари шакл ва ҳам аз ҷиҳати мазмун ва домани мавзўъ гуногунранг ва пурвусъат аст. Дар ин намунаҳо риояти анъана ва майлу рағбат ба навоварӣ мушоҳида мегардад. Тараннуми ишқ, маъшуқ, ситоиши шахсиятҳои маҳбуб ва маъруф, панд, ахлоқ, ватандўстӣ, ифтихори миллӣ, васфи модару падар, шукрона аз истиқлол ва ғайра аз мавзўъҳое ҳастанд, ки дар рубоиву дубайтӣ, ғазал, мухаммас,чортоӣ ва шеърҳои нави онон ифода ёфтаанд. Татаббўъ ва тазмин ба мисраву абёти бузургони сухан чун Шамси Табрезӣ, Махфӣ, Ҷомӣ, Толиби Омулӣ, Соиб, Иқбол дар ашъори баъзе шоирон, чунончи, Абдубарот Қодирӣ, Абдуллоҳи Раҳмон, Исматулло Ҳалимов ва чанди дигар ба чашм мерасад.

Шеъри ҳаҷв ҳам дар миёни ашъори шоирон мавқеъ дорад, аз ҷумла дар эҷодиёти Абдуқаҳҳори Муҳаммад, Абдушукур Қодирӣ, Саидумар Раҳимзода, Давлати Қурбон. Воқеан, ҳаҷв услуби хосаро доро буда, забонаш одатан содаву оммафаҳм аст. Дар шеъри ҳаҷвӣ баён бояд чунон сурат ёбад, ки сухан нишонрас гардад. Шеърҳои Ваҳҳоби Хўҷасиддиқӣ ва Палвон Шоимов аз назари услуб ва баён хусусияти халқӣ дошта, шеърҳои шоири дувум хело содаанд. Абдуқаҳҳори Муҳаммад шеърҳои хуби ҳаҷвӣ дорад:

              …Баъди чанде дарди сўзиш боз омад бар миён,

              Дарди беҷо се сатил аз оби чашмонам гирифт.

              Гарчи оби рўди чашмонам саропо хушк шуд,

              Дард маҳкамтар қапид, аз решаи ҷонам гирифт.

              …Болғаборон кард духтур сиву ду дандони ман,

              Ҷои як дандон охир кулли дандонам гирифт.

Сулаймони Хоҷаназар, Равшани Эҳсон, Холбой Ҷалил, Абдуллоҳи Раҳмон аз намояндагони барҷастаи ин сарзамин буда, асосан аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар назми тоҷик маъруфият пайдо намудаанд. Инҳоро метавон эҷодкорони сара ва шоирони асил номид, зеро ашъори онҳо аз ҷиҳати асолати ҳунарӣ бартарият дошта, аз назари миқдор ҳам бештар аст, ҳамчунин ба шеъру шоирӣ муносибати ҷиддӣ доранд. Гузашта аз ин аллакай ашъори ин шоирон аз ҷониби баъзе муҳаққиқон мавриди таҳқиқоти илмӣ ҳам қарор гирифтааст.

Агар қиёсан бингарем, дар эҷодиёти Ҳамроқул Даврони самарқандӣ, ки дар шумори шоирони куҳансоли кишвар қарор дошт, рубоисароӣ авҷ гирифта бошад, дар дафтари эҷоди шоирони сурхондарёӣ дубайтӣ мавқеи зиёд дошта, Сулаймони Хоҷаназар ва Абдуллоҳи Раҳмон дар ин ҷода тавфиқ ёфтаанд. Чунончи, Сулаймони Хоҷаназар дар бораи қисмати шоирӣ чунин дубайтӣ сурудааст:

              Қаламсоӣ маро охир қалам кард,

              Дили бедарди ман пур аз алам кард.

              Чу санги осиё гаштам ба гирдаш

              Дареғо, суда-суда карду кам кард.

Ҳанўз аз овони донишҷўӣ дар хотир дорам – яке аз ҳамсабақони сурхониам таъкид мекард, ки «назми мо аз оҳангу садои мардона пур аст, дар гузашта шеъри занон ҳам бо шеъри мардон дар як радиф истода, аз назари услуби баён монандӣ дошт ва дар камтарин ҳолат шеъри хосаи «занона», ки аз ниҳонхонаи дили зан бармеомад, суруда мешуд. Бояд дар ин фазо шеъри занонаро инкишоф дод».

Шеъри зан дар назми мо мисли пардаи сўи дигари саҳнаи ҳаёт аст, ки нимкушода аст. Аммо боиси хурсандист, ки занони сурхондарёӣ бо тавонмандӣ ҷилваҳои ин саҳнаро воменамоянд ва шеъри занонаро инкишоф медиҳанд. Ҳимматашон он қадар аст, ки бо вуҷуди ғаму ташвиши рўзгор, касби пурзаҳмати омўзгорӣ, ки қариб аксарияташон бо ин кор машғуланд, дар роҳи эҷод бори сухан ҳам мекашанд. Дар ашъори онҳо мавзўъҳои анъанавии васфу ситоиши ватан, табиат, волидон, ишқ ва ғайра пайгирӣ мешавад ва дар ин ҷараён ҳар яке маҳорати худро намоён мекунанд. Шеърҳои Ўғулой Ҷўрабоева, Саидаи Синавӣ, Маъсума Бобокалонова, Зебуннисо Ҷўраева, Шаҳнозаи Сулаймон, Сурайё Раҳмонова ва чанде дигар саршор аз меҳру муҳаббат, назокат ва латофати занона аст. Шеърҳои Саидаи Синавӣ аз ҷиҳати мўҳтаво ва шакл ҷаззобияти бештар дорад, масалан ба ин шеър менигарем, ки аз назари услуб шеъри «Эй шеърҳои ман»- и Фурўғро ёдрас менамояд:

              Эй чашмаи шифоии покизаи дилам,

              Эй ҷўи нури Худованди меҳрубон.

              Эй хуни гарми ман,

              Эй шеъри носурудаи эҳсоси безабон.

              Ду боли офтобиям охир ато кунед,

Аз ман маро ба ҷониби гардун раҳо кунед.

Як моҳтоби ғамзадаам дар замин, дареғ,

Дар осмон маро,

То ҷовидон маро

Сайёраи тараннуми пур аз зиё кунед.

Пур аз садо кунед…

     Дар ин шеър, ки моломоли эҳсосоти қалби сафохоҳ аст, ба рағми шеъри Фурўғ, ки дар он шеър ба «саҳнаҳои дард» монанд карда мешавад, дар ин шеър «чашмаи шифоии покизаи дил» ва ғайраро метавон «шеъри носурудаи эҳсоси безабон» гуфт.

Дастаи савуми шеърҳо ба шоироне тааллуқ дорад, ки оғози фасли эҷод ва нумўяшон асосан ба солҳои баъд аз истиқлоли ҷумҳурӣ рост меояд. Дар ин гурўҳ метавон номҳои Саидаи Синавӣ, Зебуннисо Ҷўраева, Фозили Шукурзод, Ҷаъфар Муҳаммад, Солеҳи Муҳаммадҷон, Олим Панҷизода, Алишери Аҳтамзод, Шаҳнозаи Сулаймон, Хусрав Саъдуллоҳро ба сифати чеҳраҳои маъруфи назми имрўзаи ин сарзамин муаррифӣ намуд. Бахусус, Ҷаъфари Муҳаммад, Хусрав Саъдуллоҳ ба далели касби маҳорати баланди эҷодӣ саршумори ин гурўҳи эҷодӣ ба ҳисоб мераванд ва ҳатто ашъори онҳо дар миқёси кишвар ҳамчун намунаҳои беҳтарини шеъри муосири порсӣ ба шумор меравад. Аз ҷумла, ашъори Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ бо тозакориҳо дар тасвир ва баён дилнишин аст. Ба ғайр аз ишқу ирфон мавзўъҳои иҷтимоӣ низ дар ашъори солҳои охир дар ғазал ва шеърҳои сафеди шоир ба таври ҷозибанок ифода меёбанд. Дар рубоии зерин, ки дар китоб мукаррар омадааст, рўҳияи ифтихор ва  оҳанги ғам аз марги фоҷаноки Адиб Собир дар мавҷҳои Ому ба ҳам мепайванданд:

              Ҷайҳун, ки фурўбари аламҳои ман аст,

              Бо ў бинишинам, ки ҳамовои ман аст.

              Андар дили ў гўр шуда ҷисми Адиб,

              Яъне ки дар асл гўри бобои ман аст.

Бо гунонгунрангӣ, пурмўҳтавоии худ умед аст, ки ин баёзи эҷодкорони сурхонӣ ба зудӣ дар радифи китобҳои писандидаи аҳли адаб ва муҳаққиқон қарор гирад.

Сарводаҳои ноби шоирони сурхонӣ мисли чашмаҳои ин сарзамин зебову ташнагишикан аст. На танҳо ашъор, балки номи деҳаҳо-зодгоҳи баъзе аз шуаро ҳам барои хонанда ҷолиб аст, чунончи Хуфар, Нилу, Пасурхӣ, Карш, Маланд, Хондиза ва чандин номҳои ғаройиби дигар. Сарводаҳои Сурхон бо ифодаи нағмаҳои ошиқона, ниёзҳои қалбҳои ташна, дарду доғҳо, бо баёни эҳсосоти ширин ва туршиҳои зиндагӣ пур аз бўи себ аст, себе, ки дар нигораҳои мусаввирон рамзи зиндагонист…


--
-D

Комментариев нет:

Отправить комментарий