8 сентября 2012 г.

IDI ISTIQLOLI MILLI MUBORAK!

Дўсту ошноёни азизи тоҷикистониро ба шарафи 21- солагии иди Истиқлоли миллӣ табрик мегўям ва шеъри камарзиши зеринро барояшон тақдим менамоям.

 

 

Шаҳри орзуҳо

Он ҷо дарахти фаввора шодоб,

Содагиву садоқат сероб аст.

Нуриён бинишаста

                гирди мизи мудаввари офтоб

                               ба машварат,

То бори сарпаноҳии сарчашмаҳои сафоро

                ба дӯши кӯҳҳо бигуморанд...

 

Мегӯянд, ки шаҳри азим нест ба вусъат,

Аммо

Сари ҳар қадам –

Азамати садоқату сафост,

Азамати самимият,

Азамати фазлу сахост...

 

Орзуҳоям аз ҳад гузашта,

Ва аз паи симхори имконҳо

Маро садо мекунанд,

Ки бефусӯс бигзарам боре,

Биравам,

Дар сояи дарахти фаввора

Аз самимияту садоқати дӯстон шодоб шавам,

Болотар равам

Ва ба паноҳгоҳи сарчашмаҳои сафо сар дароварам,

Боре равам

Ва қадре бузург шавам дар шаҳри кӯчак,

Ки кӯчактарам дар шаҳри бузург!

 

Мегӯянд, ки шаҳри азим нест.

Аммо

Сари ҳар қадам –

Азамати садоқату сафост,

Азамати самимият,

Азамати фазлу сахост-

Шаҳри азим нест, –

Дунёст!

--
-D

Комментариев нет:

Отправить комментарий