29 июля 2017 г.

“На бисёр навиштан, балки амиқ рафтан дар илм мароми ман аст”


Мусоҳиба

 бо профессори факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд

 устоди адабиётшинос Садрӣ Саъдиев

 

         Рў ба рўи устод нишастам то аз наздик суханҳояшонро сабт кунам. Як-як аз шогирдони факулта Нигораву Хайёму Киромиддин ҳам вориди утоқи муаллимон  шуданд ва ба сўҳбати мо мароқ зоҳир намуданд. Бо гўши ҷон ўро мешунидем.

         Бо ҳарорат, қатъият, содагӣ ва самимият ҳарф мезад. Ин ҳарорат аз ростию қатъият аз дурустии суханҳояш, содагӣ аз бузургии шахсият ва самимият аз сутургии ҳамияташ дар илм буд, ки ў дар ҳақиқат дар ин ҷода аз сарсупурдагон аст.

         Ў сухан мегуфту пеши чашмонам яке аз суратҳои Мавлавӣ - салла дар сар, бо андоми лоғар, дар худ фурўрафта, бо чашмони пурандешаи мармуз ва сараш хамида ба рўи дил, метобид.

Ман аслан сурати устодро ҳанўз дар овони донишҷӯӣ дар саҳифаи аввали дафтари худ  дар шакли нимтана, якпаҳлӯ кашида будам,- ҳангоми дарси тасаввуф. Ва ин сурат ба ман хуш меомад, чунки он хеле зебо ва айни қиёфаи устод дар саҳифа ҷой дошт. Мисли ҳамин сурати чанд устоди дигар, аз ҷумла шодравон Далилӣ, Ҳалимов ва нафарони дигарро кашида будам. Аммо дертар дафтари маърӯзаҳоям аз фанни тасаввуф бо сурати устод гум шуд...

         Соли равон устоди устодони факултаи филологияи тоҷик, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, адабиётшиноси барӯманду забардаст Садрӣ Саъдиев ҳаштодумин зодрӯзи худро пешвоз гирифтанд. Ба ин муносибат мехостам чизе барояшон тӯҳфа кунам, ки маҳсули дасти худам бошад.  Дигар он сурат ҳам аз даст рафтаву наметавонам дар чорчӯбае гузорам ва ба дигарон ҳам нишон диҳам, ки дар ҳақиқат тавонистаам сурати устодро айни худашон ба коғаз кашам. Аҳд кардам, ки бо устод сӯҳбати самимонае тартиб диҳам ва ба ин восита ҳам сурат ва ҳам сирати устодро ба қадри имкон пеши чашми дигарон ба ҷилва орам. Инак, он сӯҳбат пешкаши шумост.

 

-Устод, бо чи орзую умед ба ҷодаи илм қадам гузоштаед?

-Ҳар кас дар зиндаги орзую умеде дорад. Ман вакте ки донишҷўи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд будам, диле пур аз умедҳо доштам. Орзуям ин буд, ки кош мисли олимоне, ки дар риштаи омўзиши таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ фаъолият доштанд, бузург шавам. Бахусус ки дар он замон таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ эътибори бағоят калон дошт ва дар ин ришта Абдулғанӣ Мирзоев машҳур буданд, бо ҳавас ба ин олим ва бо умеди шогирди ў гаштан ба Душанбешаҳр рафтам, ки ҳамчун маркази илмии мўътабаре аҳамият пайдо карда буд. Имкон дошт, ки дар он маскан дар риштаи омўзиши таърихи адабиёти мумтози тоҷик ба кори таҳқиқу тадқиқ пардозам. Аммо муттакое надоштам, ки нақшаҳоямро ба роҳ гузорам. Иттифоқо бо устод Р.Ғаффоров вохўрдам, ки дар он вақт дар байни уламову удабо эътибору нуфузи зиёд доштанд ва маро ба институти тадқиқотии забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ назди олимони намоёни соҳа, кормандони масъули институти шарқшиносӣ  Камол Айнӣ ва Расул Ҳодизода бурда, муаррифи карданду  гуфтанд, ки "шогирди ман аст ва мехоҳад мутахассиси адабиёти классики тоҷик шавад". Бузургон маро хуш қабул карда, худи ҳамон рўз ба кор гирифтанд, чунки ба суханони Р.Ғаффоров дар ҳаққи ман эътимод доштанд.

Ба туфайли хизмати устод ман ба кори дилхоҳ даст задам, аз паи пайдо кардани муродам беҳуда вақт сарф накардам ва беҳуда ба ҳар кў роҳ насипардам, бероҳа нашудам. Бинобар ин ман як умр аз устодам миннатдорам.

-Аз раҳоварди илмие, ки дар ин ҷода ба даст овардед, қаноатманд ҳастед?

-Ба назари ман, дар соҳаи илм кас набояд аз кори худ қаноатманд бошад, новобаста аз он ки дар ин раҳ ба дастовардҳои муҳиме ноил гаштааст.

Бо вуҷуди он ҳама арҷу арзиши баланде, ки дар ин ҷо ба шахсияти илмии ман мениҳанд, худро он қадар олими намоёну пурзўр намедонам. Зеро дар Душанбе олимони бо ман ёрои сарбасар шудан дошта ва аз ман пурқувваттар ҳам буданд. Ман ҳам ҳамеша баробари онҳо меҳнат мекардам. Барои дар он маскани илм мавқеи худро пайдо кардан ва олими ҳақиқӣ гаштан мани бепуштбон мебоист сатҳиву рўякӣ кор накунам, заҳмат кашам ва шабу рўз хонам. Ба ин мақсад бисёр асарҳои тадқиқотии олимони адабиётшиноси Эрону Точикистон, шарқшиносони рус ва Аврупоро доир ба масъалаҳои адабиёти мумтози форсӣ хонда баромадам. Қисми зиёди тадқиқоти онҳоро навишта гирифтаам. Тақрибан 98 дафтари калони рўнавис аз асарҳои олимони гуногун ва девони шоирон доштам, ки бо ҳарфи хурд навишта гирифта будам. Каму беш комёбиҳое, ки дорам, раҳоварде аз ҳамин ҷодаи пурзаҳмати илм аст.

Ман мутахассиси адабиёти дарбор ҳастам, адабиёте, ки мафкураи синфии шўравӣ қабул надошт ва дар он давра ин қисмати таърихи адабиёти тоҷик омўхта намешуд. Шодравон устодам Р.Ҳодизода оғози онро гузошта буданд, маро низ ба ин кор роҳнамун шуданд ва даъват карданд, ки идома диҳам. Он кас ба ман таъкид менамуданд, ки адабиёти дарбор хеле пурмўҳтавост ва сазовори тадқиқи илмист. Ман умри худро ба омўзиши адабиёти дарбор, яъне адабиёти қасидасароӣ бахшидам.

-Ба истиснои Сўзанӣ, дуруст?

-Ҳангоме ки омўзиши ҳаёт ва эҷодиёти Сўзаниро устод Ҳодизода пешниҳод намуданд, ман аллакай бо ҳаёти адабии асрҳои X- XII, шоирони ин давра ва девонҳояшон ошноӣ доштам, минҷумла ба андозае бо Сўзанӣ. Аммо дар рафти тадқиқоти махсус ва амиқи илми дар бобати эҷодиёти ин шоир маълум шуд, ки ў бо  адабиёти дарбор алоқамандӣ надорад, танҳо шоирест, ки дар ҷараёни кўчиши адабиёти дарбор ба муҳити шаҳр, ҳамчун вакили адабиёти шаҳр ном баровардааст.

-Дар ин роҳ асрори илму адабро аз кӣ бештар омӯхтед, кадом олимон ба шумо ҳаққи устодӣ доранд?

-Асрори илмиро аз рўи манбаъҳои ҳои илмӣ омўхтам. Аммо ин кофӣ набуд. Шатранҷии Самарқандӣ, ҳамзамони Сўзанӣ, ки бо қитъанависӣ машҳур аст, байти аҷоибе ба ин маънӣ дорад, ки касе агар дар роҳи илм шогирд набошад,  аз он бебаҳра мемонад, ў мисли мурғест, ки бе хурўс чўҷа бароварда наметавонад.

Ман аз бисёр донишмандон асрори илм омўхтаам. Устоди ман Расул Ҳодизода олими хеле тавоно буданд. Ба тариқи машварат сирру асрори тадқиқоти илмиро омўхтанд. Тадқиқоти илмии худашон дар ин соҳа ҳам барои ман эътибори калон дошт. Аз паси эшон рафтам.

Баъзе чизҳоро аз Абдулғанӣ Мирзоев омўхтам. Он кас ҳамеша таъкид менамуданд, ки "агар сухани илмие гуфтанӣ ҳастед, он қадар ҳуҷҷату санад бояд дар ихтиёр дошта бошед, то шубҳае ба миён наояд. Дар ҳоли надоштани ягон шаҳодати илмию санаде дар тасдиқи суханатон дар илм як одами тасодуфӣ ҳастеду халос". Ман ин сухани устодро маҳкам дар хотир ҳифз намудам.

-Оё боре аз интихоби ҷодаи илм афсӯсу надомат доштаед? Агар ба роҳи илм по намегузоштед, сари кадом ихтисос мерафтед?

-Ман ҳатто боре ҳам фикр накардаам, ки агар бо роҳи илм намерафтам, ки мешудам. Берун аз роҳи илм шояд ба ҳеҷ чиз ноил намегаштам, чунки пуштбоне надоштам. Дар зиндагӣ инсонро ҳатман муттакое лозим аст. Аммо дар соҳаи илм чунин пуштбонро доштам. Раззоқ Ғаффоров бо вучуди он ки забоншинос буданд, маро доиман дастгирӣ мекарданд.

Ман ҳастии худро фақат дар роҳи илм тасаввур мекунам. Характери ман  мувофиқи табиати олим аст - хомўшу фақиру оҷиз. Илм инсонро тасхир мекунад, аз кори дунё бозмедорад. Ўро орому батамкин месозад.

-Бо кадом адабиётшиносони номӣ ҳамкорӣ доштаед ва кор дар ҳамнафасию ҳамройӣ бо кадоме аз онҳо барои шумо муфид ва мояи ифтихор будааст?

-Мудири шўъбаи мо дар институти забон ва адабиёт устод Р.Ҳодизода, ки баробари адабиётшиносӣ номи буданашон бо навиштани осори бадеӣ ҳам шуғл меварзиданд, бисёр одами закӣ буданд. Мо бо онҳо дар навиштани баъзе китобҳо ҳамкориҳо доштем, аз ҷумла китоби дарсии таърихи адабиётро тартиб додем. Як бобашро ман ва ду боби дигарро устод ва Усмон Каримов-рафиқи наздикам навиштаанд. Бо Аҳмад Абдуллоев - олими тезқалам ва сермаҳсул дар нашри оммавии осори классикӣ, дар навиштани рисолаҳо доир ба таърихи адабиёт ҳаммуаллиф будаем.

Ман аслан одами камгапу гўшагир буда, ошнобозиро хуш надоштам, бо вуҷуди ин инсонҳои олиҷанобе ба ман ҳусни таваҷҷўҳ зоҳир менамуданд, бахусус, ҳар рўз, ки академик Муҳаммадчон Шукуров вориди хонаи кориашон мешуданд, маро наздашон даъват мекарданд ва мо дар баъзе масоили адаби машваратҳо доштем.

-Дарвоқеъ, устод, барои мо низ дар ин мавзўъ шунидан шавқовар аст...

Муҳаммадҷон Шукуров дар маҷлисе, ки дар он китоби дар ҳаммуаллифӣ навишташудаи ман ва Аҳмад Абдуллоев - "Адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри XI ва аввали асри XII муҳокима мешуд, гуфта буданд, ки "Саъдиев роҳи нави тадқиқоти илмиро дар адабиёти классикӣ ба вуҷуд овард."

Азбаски рисолаи ман доир ба Сўзанӣ дар омўзиши адабиёти мумтоз кашфиёти калон ҳисоб мешуд, дар Маскав аз тарафи шарқшиносони намоён, аз ҷониби адабиётшиносон ва таърихшиносони тоҷикистонӣ, чунончи ҳамсари Литвинский, эътироф шуд. Зеро дар тадқиқи мавзўи пешгузошта дастовардҳои илмии ононро ба кор андохта будам, - бо истифода аз методи дедуксияи илмӣ. Ғояе, ки дар рисолаи илмиам пеш гузошта будам, ин нукта буд, ки адабиёт аз доираи дарбор ба муҳити васеи шаҳр(Самарқанд) баромад ва дар натиҷаи ин дар риштаҳои гуногуни адабиёт дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Ин кашфиёти калон буд дар соҳаи адабиётшиносӣ.  

Минбаъд Шукуров изҳор доштанд, ки бо каме коркарду илова метавонам онро ба зудӣ барои рисолаи докторӣ омода кунам. Ман, ки фикр мекардам барои рисолаи докторӣ ҳатман мавзўи дигаре бояд тадқиқ шавад, бо таъхири зиёд ба ҳимояи рисолаи докторӣ ноил шудам, вагарна метавонистам бо маслиҳати Шукуров дар муддати ду сол ба унвони докторӣ мушарраф шавам.

Ман худамро шогирди М.Шукуров меҳисобам. Ҳарчанд агар дар ҷое нашунидаам, ки "шогирди ман" гуфта бошанд, аммо дар рафторашон муносибати устод ба шогирд зоҳир мешуд.

ҷодиёти шумо дар ду давраи таърихӣ сурат гирифтааст: якум, дар аҳди шӯравӣ дар Душанбешаҳр ва дуюм, дар замони истиқлолияти Ӯзбекистон дар зодгоҳатон Самарқанд. Эътибор ва аҳамияти ин ду шаҳр дар нубуғи андешаи илмӣ ва нерӯи эҷодии шумо ба чи андозаанд?

-Дуруст аст, ман умри худам ва фаъолияти илмии худамро ба ду давра тақсим мекунам. То соли 1985 дар Душанбешаҳр кор кардам. Дар маркази илмии ин шаҳр олимони бузурге чун Р.Ҳодизода, Р.Амонов, М.Шукуров, Ш.Ҳусейнзода, А.Мирзоев, Р.Ғаффоров, хусусан, Х.Мирзозода  фаъолият доштанд. Ман худро шогирди мактаби ин олимон меҳисобам.

Дар ҳамон давр, ки илми адабиётшиносии тоҷик дар Душанбе мутамаркиз шуда буд, ман ба воя расидам. Аз олимон ва он муҳити адабие, ки маро тарбият намудааст, хеле миннатдор ҳастам. Аниқ аст, агар ман ба Душанбе намерафтам ва ба он муҳити ҳақиқатан илмие, ки мавҷуд аст, намепайвастам, ҳамчун олим ташаккул намеёфтам ва ба илми адабиётшиносӣ ҳеҷ дастоварде наметавонистам ҳадя кунам.

Фаъолияти ман дар давраи дуюм, ки беш аз сӣ сол идома дорад, давому такрори ҳамон фикрҳоест, ки дар давраи аввали фаъолияти эҷодиам шурўъ шудаанд. Дар ин қисмати умр бештар бо таълиму тадрис  машғул будаам. Ҳарчанд  бисёр чиз навиштаам, аз назари савияи илмӣ ҷавобгўи талаботи худам нестанд.

-Шумо фаъолияти илмиро дар кишвари ҳамсоя, яъне Тоҷикистон оғоз намудед ва баъдтар ба зодгоҳ баргаштед. Дар хаёли шумо, агар дар Душанбе мемондед, ҷараёни зиндагӣ ва раванди коратон дар чи самт мебуд ва дар кадом мавқеъ қарор доштед?

Раванди кори ман муайян буд. Омодагӣ доштем барои навиштани таърихи илмии адабиёти форсӣ-тоҷикӣ. Ман аллакай 4 боби ин китобро навишта будам, чунончи таърихи адабиёти Мовароуннаҳри асри XII, маркази адабии Ғазнин ва Лоҳур. Ва дар ҳамин риштаи таърихи илмии академии адабиёт дар шумори яке аз муаллифон ба ҳисоб мерафтам. Баъди нооромиҳо дар Душанбешаҳр он дастнависҳоро ба устод Ҳодизода супорида омадам ва аз тақдири онҳо акнун хабаре надорам.

Мумкин буд ба узвияти АФ Тоҷикистон қабул шавам. Ҳатто агар гумон буд ин кор содир шавад, ба ҳар ҳол наздикони ҳамсоли ман ҳар гоҳ ба ман гўшзад мекарданд. Ба ин иллат содир шуданаш дар гумон буд, ки бар замми дар ин шаҳр муҳити илмӣ пойдор буданаш, маҳалгароӣ пинҳонӣ дар авҷ буд. Масалан, як шахсияти барўмандеро мисли Мирзозода, ки самарқандӣ буданд, ҳатто ба номзадии академия интихоб накарданд ва аз директории Институти ба номи Рўдакӣ сабукдўш намуданд. Ба академия пайвастани олими бузурги бухороӣ М.Шукуров низ ногузир ва ба мушкилӣ ба амал пайвастааст.

Ман аз ҷиҳати расмӣ ягон мартаба пайдо карданро дар назар надорам, аммо дар илм шояд метавонистам ба мақоме баландтар бирасам.

-Дар замони шӯравӣ дар соҳаи илму ҳунар асарҳое офарида шуданд, ки ба сиёсати замон ҳамоҳангӣ доштанд ва бо мурури замон арзиши ғоявию бадеияшон коста гашт. Оё шумо ҳам дар байни навиштаҳоятон чизҳое доред, ки боиси таассуфатон гашта бошад, ки «чаро чунин гуфтам...»?

-Бале, ман ҳам олими ҳамон давра будам ва ногузир дар осори ман ҳам ин камбудӣ метавонист ҷой дошта бошад. Дар тадқиқоти доир ба Сўзанӣ, хусусан, дар тадқиқи адабиёти тоҷик дар асри XVI бештар кор аз назари иҷтимоигароӣ тадқиқ гаштааст. Ин камбудӣ дар осори Шукуров, Ҳодизода, хусусан Мирзозода ҳам, ки ҳама дар ҳамон давра ташаккул ёфтаем, ба назар мерасад. Олудагиҳо аз иҷтимоигароӣ  иллати хоси адабиётшиносии давраи шўравист.

-Кадомин асари илмии худро дастоварди арзишманд дар соҳаи адабиётшиносӣ медонед?

-Ҳарчанд ман рисолаи докториро дар мавзўи "Равияҳои асосии тараққиёти адабиёти тоҷик дар асри XVII" бо муваффақиятҳои калон ҳимоя кардаам, дастоварди муҳимми ман дар илми адабиётшиносӣ кори номзадиам дар мавзўи эҷодиёти Сўзанӣ маҳсуб мешавад. Он пеши рисолаи номзадии ман ҳеч аст. Рисолаи доир ба Сўзанӣ таълифшудаи ман дар ҳақиқат кашфиёти илмӣ буд.

-Боре майл ба тадқиқи насри мумтоз доштаед? Агар не, чаро?

- Ман дар ин ақида ҳастам, ки агар муҳаққиқ фаъолияти илмии худро ба як соҳа равона кунад, ба комёбиҳои бештар ноил мегардад. Дар акси ҳол олим дар илм бисёр чизро бохта, аксари умри худро беҳуда талаф мекунад. Иқтидору тавоноии илмияшро ба нестӣ мебарад. Дар замони мо, ки дифференсиасияи илмҳо ҳукмрон аст, илми адабиётшиносӣ ҳам дар ду равия омўхта мешавад – адабиёти мумтозу муосир. Муҳаққиқе, ки ба омўзиши якчанд соҳа майл дорад, сатҳикорӣ мекунад ва дар он чи меомўзад, амиқ намеравад. Талаби илм аз олим ин аст,  ки масъалаи дар пеш гузоштаро амиқ омўзад ва сатҳикорӣ накунад.

- Вазъи инкишофи илми адабиётшиносии тоҷик дар Ўзбекистон чи гуна аст?

Ҷараёни зиндагӣ ҳатман ба муҳити илмӣ таъсиргузор аст. Зиндагӣ дар ин ҷо хеле мураккаб аст, аз ин назар роҳ ёфта тавонистан ба илм дар ин ҷо ба мушкилӣ муяссар мешавад.

Ба назари ман, илми адабиётшиносӣ дар Самарқанду Сурхондарё, Тошканд як дараҷа иқтидор дорад ва мумкин аст, ки иқтидорашон афзояд. Ҳарчанд ки аз рўи имкон ба дараҷаи муҳити илмии Тоҷикистон намерасад. Адабиётшиносии тоҷик дар кишвари Ўзбекистон бояд рушд кунад ва шогирдон бояд онро ба сатҳи баланд бардоранд. 

Самарқанд дар қатори Душанбе ва Хўҷанд яке аз марказҳои илми адабиётшиносӣ буд ва мумкин аст чунин бимонад. Ин вобаста ба ҷавонҳост.

-Бурду бохтҳои муҳаққиқони ҷавони адабиётшиносро дар чи мебинед?

-Бурду бохт дар ин ҷо вобаста ба он аст, ки кадом устод ва ё шогирд дар роҳи илм бо роҳи рост рафтааст. Он ҷо ки роҳи дуруст интихоб шудааст, бурдҳо зиёд мешаванд. Ва баръакс, он ҷо ки корҳои илми сатҳиву рўякӣ ба амал оварда мешаванд, илм бисёр чиз мебозад. Бояд ба масъалаи ҳимояи рисолаҳои хатмӣ ҷиддан эътибор диҳем, ки дуруст иҷро шаванд. Ман аз баъзе дастпарварони факулта умедвориҳои зиёд дорам, чунончи аз Хайём, Хусрав, Киромиддин... Пешравии илмӣ ин ҷо вобаста аз ҷавононест, ки ба роҳи илм аз рўи амри дил ворид гаштаанд, на аз рўи зарурат.

-Муҳити илмию адабии тоҷик дар Ӯзбекистон чи нерую иқтидори созанда дорад ва оё он қодир аст дар ҳоли бениёзӣ ба дигар шохаҳои дигари бурунмарзӣ ва ба сари худ рушд кунад?

Муҳити илмӣ дар Ўзбекистон вуҷуд дорад, вале он ба сари худ ва бидуни ниёз ба Тоҷикистон наметавонад рушд кунад. Зеро мо ба бисёр адабиёти илмию адабӣ ниёзмандӣ дорем. Манбаъҳо ва қувваҳои асосии илмӣ имрўз дар Тоҷикистон аст.

-Метавонем дар ин қатор адабиётшиносии Эронро низ номбар кунем?

-Аз адабиётшиносии Эрон Тоҷикистон истифода мекунад ва мо бавосита аз ин манбаъҳо баҳравар мешавем. Эрон дар нашри манбаъҳо тавоно аст, ки мо ба онҳо дастрасӣ надорем, аммо Тоҷикистон дар ин масъала хеле дастболост.

-Ба фикри худатон дар зиндагӣ чи расолате доред? Оё заҳматҳои илмии чандинсолаи шумо дар роҳи шинохт ва муаррифии чеҳраҳои адабии самарқандӣ ва муайян кардани нақши муҳити адабии Самарқанд дар адабиёти форсизабон ва умуман  шоҳроҳи таърих натиҷаи дарки ҳамин гуна расолат аст?

-Ман ба он дараҷа нестам, ки рисолате дар илм дошта бошам. Орзуву ниятҳо дорам. Бисёр навиштан не, балки амиқтар тадқиқ кардан мароми ман аст.

Омўзиши муҳити адабии Самарқанд аз ҷониби ман ба тарзи табиӣ сурат гирифтааст. Тадқиқи Сўзанӣ дар ҷараёни омўзиши адабиёти дарборӣ сурат гирифтааст. Дар ҳамин ҷараён ман нақши муҳити адабии Самарқандро дар таърихи адабиёти тоҷик муайян намудаам.

Дертар ҳангоми омўзиши аҳволу осори Сайидо дар манбаъҳо мушоҳида кардам, ки аҳамияти муҳити адабии Самарқанд дар қиёс бо муҳити адабии Бухоро камтар набудааст, вале ин нуктаро ҳамеша адабиётшиносон пўшида нигаҳ доштаанд. Ин ҳам ба иллати маҳалгароӣ будаст.

Абдулғанӣ Мирзоев ҳам шоиронеро, ки дар тазкираи Мутрибӣ дар Самарқанд фаъолият доштанашон равшан намоён аст, рўирост гуфтаанд, ки "онҳо дар Бухоро эҷод кардаанд". Ман қарор додам, ки дар таърихи фарҳанг ва адабиёти тоҷик мавқеи муҳим доштани Самарқандро ба субут расонам ва ҳамин масъулиятро ба зиммаи худ гирифтам. Дар рисолаи докторӣ ва минбаъд дар китоби "Муҳити адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих" ин мақсади ман ба амал пайваст.

-Вазъи сиёсию иҷтимоӣ тавони сарнавиштсоз дорад ва метавонад самти зиндагии одамро ба тарафҳои мухталиф кашад. Мумкин аст, ки аз роҳи рафта бозгардӣ ва ба ҷараёнҳои тоза рӯй оварӣ, ё мақсаду маромҳо дигар шаванд. Аз ин нуқтаи назар, оё дар замонҳои муайяни таърихӣ андешаҳои тоза доштаед, ки мароми зиндагии шуморо дигар карда бошад?

Ман ҳамеша бо як марому мақсад рафтаам. Аз роҳи худ нагаштаам ва мароми худро ҳеҷ гоҳ тағйир надодаам.

-Самарқанд дар тўли асрҳои зиёд дар радифи Бухоро маркази илму адаби форси будааст. Агар хато нашавад имрӯз низ ин шаҳр яке аз марказҳои тавонманди илмию адабии кишвар маҳсуб мешавад. Чи фикр мекунед, агар қавли устод Рўдакиро, ки фармуда: «Имрӯз ба ҳар ҳол Бағдод Бухорост...», бо каме таҳрир «имрӯз ба ҳар ҳол Бухорост Самарқанд...» гуфтан оё раво бошад?

-Мо албатта шукр дорем, ки Самарқанд тавоноию имконияти илмии худро ба қадре нигаҳ доштааст ва ин собиқаи чандинсолаи он дар замони мо ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд вобастагӣ дорад. Ин имкониятро, мутаассифона, Бухоро имрўз аз даст додааст.

-Машғулият бо кори таълим дар донишгоҳ ба корҳои илмии шумо чи андоза мувофиқат мекунад?

-Ман дар маърўзаҳои худ аз тадқиқоти худ низ истифода мекунам, таълим дар партави пажўҳишҳои ман анҷом мегирад ва ҳар мавзўе, ки ман ба онҳо расидагии зиёде дорам, манзури хонандагон мекунам.

-Донишгоҳи давлатии Самарқанд чи дари имкониятҳоро ба рӯи шумо кушодааст?

-Мутаассифона, ман дар Душанбешаҳр ҳамчун олим имкониятҳо ва имтиёзҳои зиёде доштаам. Дар ин ҷо танҳо тавонистам ҳамчун устод имкони назари худро ба донишҷўён баён кардан пайдо кунаму халос.

-Устод, шумо ба донишҷӯён аз таърихи адабиёти мумтоз дарс мегӯед, ғазалҳои шоирони маъруфро ба тарзи хеле сода ва дар вобастагӣ ба ҳаёт маънидод мекунед то фаҳмиданашон осон гардад, аммо боре изҳор накардаед, ки аз кадом шоир кадом шеър ё байташро бештар дӯст медоред?

-Шоири дўстдоштаи ман Ҳофиз аст ва ман ҳамеша кўшиш доштаам, ки ба донишҷўён Ҳофизро беҳтар фаҳмонам. Ба воситаи Ҳофиз адабиёти мумтозро барои толибилмон манзур кардан мехоҳам. Шоҳбайтҳои алоҳидаи фаровон аз ин шоир медонам, чунончи:

           Равандагони тариқат ба ними ҷав нахаранд,

           Қабои атласи он кас, ки аз ҳунар орист.

Мавлавиро низ дўст медорам ва ба воситаи байтҳое аз ин қабил:

           Илм чун бар ҷон занад, ёри бувад,

           Илм чун бар тан занад, бори бувад.

хосияти илм ва аҳамияти илмомўзиро шарҳ медиҳам.

-Муҳити коргоҳи шумо — бахши тоҷикии факултаи филология то чи андоза барои тарбияти мутахассисони солимандешу неруманд ва пешрав мувофиқ аст?

-Ман гумон мекунам, ки ҳамаи  муаллимони бахши мо барои тарбияи дурусти мутахассисони соҳаи адабиёт кўшиш мекунанд. Онҳо илми худро барои ба шогирдон додан кўшиш доранд, дар ин роҳ заҳмат мекашанд. Муҳити хайре, ки имрўз дар Самарқанд аст, ман замоне дар мактабҳои олии Душанбешаҳр надида будам. Аммо донишҷўёни мо аз ин имкониятҳо дуруст истифода намебаранд. Решаҳои ин иллат амиқ аст.

-Шумо дар тарбияти теъдоди зиёди шогирдони хушсаводу илмдӯст ва закиву худогоҳ заҳмат кашидаед. Кадом аз шогирдонатон мояи ифтихору сарбаландии шумоянд?

-Теъдоди шогирдони ман кам аст. Ҳарчанд талабагони зиёдеро дарс гуфтаам. Аксари донишҷўёне, ки аз ман таълим мегиранд, минбаъд бо ҳар баҳона аз ин роҳ инҳироф мекунанд. Аммо салоҳияти устод бо миқдори шогирдон муайян намегардад.

Ман дар ин ҷо ҳамчун олими тарбиятгари шогирдони унвондор худро таъриф карда наметавонам. Аммо ду шогирди ман дар Тоҷикистон – шодравон Шокир Мухтор, ки рўзи маргаш хабари ба узвияти Академияи фанҳои Фаронса қабул гаштанаш аз роҳ расид ва дигар, адабиётшиноси пуркору номдори ҷавон Анзурати Маликзодро метавонам бо ифтихор ном барам, ки дар ҷодаи илм соҳиби дастовардҳои арзанда гаштаанд.  

-Дар ҷавонӣ шахси идеалиатон кӣ будааст?

-Дар ҷавонӣ шахси идеали ман Абдулғанӣ Мирзоев будаанд. Ман китоб ва мақолаҳои зиёди он касро хонда будам ва орзу доштам, ки мисли он кас олими бузург шавам. Ва дар соли охирини донишҷўӣ Бертелсро хондам ва дар дил гуфтам, ки "чаро ман наметавонам аз паи ин олим биравам ва мисли бузург шавам?". Миёнамро маҳкам бастам ва зиёд хондам.

Дигар, Холиқ Мирзозода, ки бо донишмандии худашон гўё ҷарроҳи адабиёт буданд ва ман нисбати ин симо меҳре дар дил доштам ва баъди вафоташон ҳам нисбати ин шахс эҳтиром дорам. Ҳарчанд "олими сурх" буданд ва услубашон тариқи дағали иҷтимоигароӣ, яъне "иҷтимоигароии вулгари" буд, аммо дар таҳлили илмӣ амиқ мерафтанд ва метавонистанд дар асоси чизи хурде масъалаҳои зиёдеро баррасӣ кунанд, ки ин равиши мактаби илмии собиқ Ленинград буд. Мақолаи "Духтархона"- и Мирзозода, ки маро ба ҳайрат гузошта буд, ҳамин хусусиятро дошт. Умуман, шахсиятҳои идеалии ман зиёд буданд, дар ин радиф метавонам Муҳаммадҷон Шукуров, Раҷаб Амоновро низ ном барам.

-Ҳангоми хондани шарҳи ҳоли аксари бузургон аён мегардад, ки ниёгон ва касе аз наздиконашон аҳли илму фарҳанг будаанд ва тарбияту ҳамнишинӣ бо онҳо боиси ба бузургӣ расиданашон гардидааст. Тарбияту таъсири чи касеро дар ташаккули шахсияти худатон бештар коргар медонед?

-Он чи барои ман дар зиндагӣ сарнавиштсоз будааст, вохўрӣ бо Раззоқ Ғаффоров аст, ки маро ба сўи илми адабиёт роҳнамун гаштанд. Ҳанўз дар хотирам ҳаст, ки дар ҷараёни дарс бароямон аз фолклори Эрон ба лаҳни дилнишин ва ба тарзи муассир "Лолоӣ, ҷони ширинам, лолоӣ" мехонданд. Ба туфайли ҳамин шахс ман ба ин дастовардҳо ноил гаштам. То охири умр аз устод миннатдор ҳастам.

-Кадом панди падару модар ва ё бобоятон дар роҳи зиндагӣ чароғ доштааст ва аз ёдатон нарафтааст?

- Аксари бузургон дар гузашта дар оилаи сарватмандон таваллуд ёфтаанд. Ман дар оилаи деҳқони оддӣ ба воя расидаам. Аммо дар мактаби миёна аз муаллимони хуб таълим гирифтаам. Беҳтаринашон барои ман муаллимони фанни риёзӣ буданд ва мехостанд, ки ман риёзидон шавам, чунончи муаллим Набиев. Риёзӣ, яъне математика ҳамеша дар ҷараёни кори илмии ман кўмак намудааст.

-         Кадом шодӣ дар зиндагии шумо фаромӯшношуданист?

-Ман дар зиндагӣ шодии зиёде надидаам. Вақте рисолаи номзадиро ҳимоя кардам, чанд муддат дар атрофи кори илмии ман гуфтугузори зиёд шуд. Аз қадр ёфтани заҳматҳоям хурсанд шуда будам. Имрўз аз набераам ва духтари хурдиам Меҳрангез хушҳолам, ки аз паи ман рафтаанд.

-Дар лаҳзаи фароғат аз кори илмию муаллимӣ бо боғбонӣ машғул мешавед. Меҳри шумо ба боғ аз кай дар дилатон ҷой дорад?

-Падари ман "профессори деҳқон" буданд ва дар боғбонӣ ҳам ном бароварда.  То ҳол боғбонии ўро дар деҳа таъриф мекунанд. Ман бо кори боғ фароғат мекунам.  Боғдорӣ барои ман дар ҳақиқат хобби аст.

-Оё заҳматҳои илмии шумо барои ободии маънавии рӯзгор ва хонаводаи шумо кӯмак намудааст?

-Кори илмии ман барои ободии маънавии рўзгор аҳамият касб намуданашро зиёд эҳсос намекунам, ба истиснои набераву духтарам. Аммо дар беҳбудии иқтисодӣ ҳеч асаре надоштааст.

-Чи ормонҳои ба амал напайваста доред? Ва чи орзуҳои нек дили шуморо ба зиндагӣ гарм медорад?

Шахсияти ман ҳамин гуна аст, ки ҳеч гоҳ аз ҳеч чиз қонеъ нестам,- ҳам дар илм ва ҳам дар ҳаёт. Гоҳо дар баёни ҷумлаҳое, ки боястӣ мақсади маро ифода кунанд, худро хеле ба заҳмат меандозам, - қаринаҳои беҳтаринро меҷўям.

Ҳанўз вақте ки дар институти ба номи Рўдакӣ кор мекардам, майл  доштам, ки дар бораи тасаввуф чизе бинависам, ҳатто имрўз орзу мекунам. Аммо ин орзуро бо худ мебарам. Зеро бо мурури сол дигар нерую тавони эҷодии пешинаро надорам ва намехоҳам чизе сарсариву сатҳӣ бинависам.

Мехостам таърихи илмии академии адабиёти тоҷикро ақаллан дар ҳамкорӣ бо дигарон ба вуҷуд оварам. Ва бо ин мақсад чор фасли китобро, ҳамон гуна ки дар боло гуфтам, тартиб дода, ба Ҳодизода супоридам ва  баргаштам ба Самарқанд.

Замоне шодравон Раззоқ Ғаффоров барои тартиб додани китоби чандҷилдаи "Шеваҳои забони тоҷикӣ" ҷоизаи мукофоти Рўдакиро соҳиб гаштанд. Он кори илмии академӣ буд ва муаллиф дар он шеваҳои тоҷикро ҷамъбаст намудаанд.  Мисли ҳамин навиштани китобе ба манзалати кори илмии академикӣ дар назар дошта шуда буд, ки дар он раванди таърихи адабиёти тоҷик мебоист инъикос ёбад. Ва шояд ба ҳамин восита мо ҳам қадршиносӣ мешудем. Мутаассифона, раванди воқеаҳо минбаъд дигар гашт.

-Устод, барои сўҳбати пурмазмун миннатдор ҳастем. Садри маснади илм сазовори Шумост!

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

--
-D

Комментариев нет:

Отправить комментарий