29 июля 2017 г.

МАХЗАНИ ХУЛҚИ ШАРИФ ВА ЛУТФИ ЛАТИФ


Мусоҳиба
 бо профессори факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд
 устоди адабиётшинос Ҷумъа Ҳамроҳ

         Соли равон устоди бахши ӯзбекии факултаи филология Ҳотам Умуров китобчаеро бо  унвони «Гӯзалликка бахшида умр»(«Умри бахшида ба зебоӣ», Тошканд, 2017) ба тариқи тӯҳфа ба пешвози 70-солагии устоди гаронмоя, инсони фозили хушфазилат, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроев тақдими хонандагон намуд. Дар он муаллиф дар асоси истинод аз саргузаштҳои устод дар ҳалқаи дӯстон, хислатҳои наҷиби ӯ аз қабили андешапарварию дақиқназарӣ дар илм, инсондӯстӣ, қадршиносӣ, ҳаётдӯстӣ, хушзавқӣ, сухандониву лутфгӯиҳо ва дигар фазилатҳоро ситоиш мекунад. Воқеан, ин китобчаи хурд тавсифномаи хуби бадеист, ки дар шинохти шахсият ва фазилатҳои устод Ҷумъа Ҳамроҳ аҳамият дорад. Муаллиф дар даромади сухан изофа мекунад, ки шояд ин қатраҳо дигаронро низ водор кунад, ки донистаҳояшонро дар бораи устод бигӯянд.
Ба ин хотир ки шаммае дар баёни фазилатҳои устод дар арафаи зодрӯзашон гуфта, ба ин  восита арзи эҳтироми худро баён намуда бошем, беҳтар донистем бо худашон сӯҳбат ороем, то ба қавле «мушк он аст, ки худ бибӯяд»...

-Устоди гиромӣ, муносибати шумо ба китоби адабиётшиноси номӣ профессор Ҳотам Умуров «Умри бахшида ба зебоӣ» чи гуна аст? Аз назари шумо дар он чи андоза холисона шахсияту фазилатҳои шумо тасвир ёфтаанд?
-Албатта бародари гиромиқадр Ҳотам Умуров дар ҳаққи банда лутф кардаанд, ки миннатпазирам. Он чи он кас навиштаанд, мушоҳидаҳо ва қазовати бародарона, холисона ва содиқонаи худашон аст. Воқеият ин аст, ки одамон, дар маҷмўъ аҳли ҷомеа дар баробари инсонҳои дигар оинаанд. Мо чи гуна ки набошем, хоҳ хуб, хоҳ бад, ин оина аъмоли моро инъикос мекунад. Ёддошти дигарон сарнавишти мо хоҳад шуд. Агар хубие дорад, намунаи ибрат ва мояи ифтихор аст, вагарна метавонад боиси хиҷлат ва пушаймонӣ гардад.
Мисли садҳо ҳамватанону ҳамкасбон банда низ дар хидмати ҳамин халқу ҳамин ватан будам, албатта содиқона. Агар як зарра дар пешрафту шукуфоии диёр ва инкишофи мактабу маориф саҳме дошта бошам, худамро хушбахт меҳисобам.
-Шумо табъи нозуку диди баланд дар интихоби ҳар чиз доред ва зеботарину беҳтаринашро меписандед. Зебоӣ аз назари шумо чист? Зебоиро дар чи мебинед?
Одамизод вобаста ба синну сол зебоиро таъриф мекунад ва мафтуни он мешавад. Шояд дар ҷавони ҷузъиёти зебоӣ арзишмандтар менамуд. Ба касе ва чизе дил медодем, ки аз ҳама кас ва ё аз ҳама чиз зебо бошад. Акнун дар ғуруби умр ба ин суол ҷавоб додани ман душвор аст. Ҳама кас ва ҳама чиз ба назарам зебо ва нотакрор аст. Ва меандешам, ки зебоӣ ҷузъӣ намешавад, куллӣ аст ва ба қадри кулл дар вақташ бояд расид, дигар ҳеҷ!
Ҳама чиз дар ҳаёт зебост – ҳам зиндагӣ, ҳам Ватан, ҳам хушиҳои ҳаёт. Агар дар наврасӣ табъи мо бо маҷмўи зебоиҳо хў нагирифт, мо бисёр чизҳоро аз даст медиҳем. Ҳам назокатрову ҳам нафосатро. Тафаккурамон дар шинохт ва ҳифзи зебоӣ комил намешавад ва табиист, ки бисёр чизҳоро аз даст хоҳем дод...
-Барои густохӣ бубахшед, дар китобчаи мазкур дар бораи илтифоту таваҷҷӯҳи зиёди шумо ба занҳо сухан рафтааст.  Лутфу меҳрубонӣ ба занон ҳам аз фазилатҳои нек аст. Зеро расули акрам ба ин маънӣ фармуда, ки «беҳтарини мардҳо ҳамонанд, ки дар муносибат ба занон маро пайравӣ кунанд.» Оё эътибору меҳрубониҳои шумо ба ҷинси латиф ба хотири ҳамин оят аст?
-Ин оят, пеш аз ҳама, масъулияти ҳар инсонро дар назди зан таъкид дорад. Дар маҷмўъ бошад, аз оғоз то ба имрўз назари ман ба зан орифонаву содиқона буду ҳаст. Ҳамчунон ки як ориф барои идеалаш ҷонфидост, ман низ дар шинохт ва эҳтиром гузоштан ба зан дар чунин мавқеъ ҳастам. Зан – модар, зан – хоҳар, зан – ҳамсар, зан – духтар, бубинед, оё метавонед аз ин ҳалқа раҳоӣ ёбед?! На! Ин ҳалқаҳои зиндагиест, ки агар ризои онро наёбед, ба ҷое нахоҳед расид. Ва шоире шояд беҳтар аз ман дар ин боб хулосабарорӣ кардааст, ки ин аст:
       Баҳри шир андар биҳишти ҷовидон
       Аз ризои модарон гардад равон.
Ба ҷо овардани ризоияти модарону занони азизу гиромиқадри мо аз воҷиботи амалу кирдори ҳар инсони масъулиятшинос ва ҳақшинос аст. Банда аз рўи ҳамин меъёр дар зиндагиям бо занону модарону хоҳарони азиз муносибат кардаам. Беайб фақат Худаш аст, агар дар ин самт лағзише аз ман рафта бошад, аз азизони дил маъзарат мехоҳам.
-Ҳар каси рафтору кирдори шуморо мушоҳидакунанда ба ин гумон меравад, ки гӯё азми иҷрои як расолате доред. Ҳамеша миёни тоифаҳои гуногуни мардум ҳастед. Ин чи гуна расолат аст?
-Бисёр фикр мекунам, ки бо ин қадар осори бузурги ҳикамӣ ва таълимӣ, ки аз гузаштагон ба мо мерос расидааст, чаро мо дар иҷрои рисолати инсонӣ камзарфу камҳиммат ҳастем?! Рисолати инсон қабл аз ҳама созандагист ба маънои васеи ин калима. Хоҳ дар муҳити хонаводагӣ бошаду хоҳ ҷомеа. Дар иҷрои рисолати инсонӣ Саъдӣ ҳамсафари зиндагии ман буду ҳаст. Вале афсўс мехўрам, ки на ҳама вақт хостаҳоям иҷро шудаанд. Вақте, ба ифодаи шумо дар маслиҳате аз "миёни тоифаҳои гуногун" ноком берун меоям, тасаллоям байтҳои зерини шоир аст, ки гуфта:
        Эй фалак, мо асири банди туем,
        Фикри моро аз ин накўтар кун.
        Ду рафиқем мухталифавзоъ,
        Вазъи моро ба ҳам баробар кун...

-Дар саросари ҷумҳурӣ ва берун аз он ёру ошноҳои зиёде доред ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳед, ки ба ҳолпурсию дилҷӯӣ, аёдати бемору табрики соҳибҷашне, ба мотаму тӯю сури онҳо фурсат пайдо кунед. Ҳатто барои муддати кӯтоҳе ҳам омода ҳастед фарсахҳо паймуда, ба манзили дӯстон биравед. Оё барои ин қадар кор пули зиёд доштан муҳим аст ва ё майлу хоҳиш кифоят мекунад?
-Ҳамаи инсонҳо, хоҳ хешу хоҳ бегона, ба дилҷўиву меҳрубонӣ, ба шафқат ниёзманданд. Барои иҷрои ин кор пул чизи муҳим нест, ҳиммат лозим аст. Дар ин боб шиори ман байти Хоқонӣ буду ҳаст, ки гуфта:
        Бовар накардаме, ки расад кўҳ ба сўи кўҳ,
        Мардум расад ба мардум, бовар кардаме!

-Шумо инсони кордону корчаллон ҳастед ва дӯстону ошноҳоятон хуб медонанд, ки ҳама корҳоро раҳораҳ ва сарителефонӣ ба амал мерасонед. Чи гуна ба ин муваффақ мешавед?
-Намедонам то куҷо "кордону корчаллон" ҳастам, вале як чизро хуб медонам, ки агар инсон дар иҷрои мушкиле, хоҳ ба манфиати худаш бошаду хоҳ ба суди дигарон, нияти нек ва талоши содиқона дошта бошад, ҳам мушкили худашро ҳал мекунад, ҳам ба дигарон ёри мерасонад. Дар ин замина фақат содиқона талош бояд кард. Зоҳирнамоиро хуш надорам.
-Дар назарҳо инсони хеле мураккаб ва соҳиби характери пурзиддият ҳастед ва шинохти шахсияти шумо гоҳо мушкил аст. Худатон чи мегӯед?
-Бо як назар, бахусус назари сатҳи, инсонҳоро шинохтан кори душвор аст. Пас, иҷозат диҳед аз шумо пурсам, ки чи гуна маро "инсони мураккаб ва соҳиби характери пурзиддият" шинохтед? Онҳое, ки аз ман сабақ гирифтаанд, бо ман кор кардаанд ва ё дар зиндагӣ алоқамандие доштаанд, дар кадом маврид пурзиддият ва мураккаб будани характери маро медонанд. Ман бо бадӣ, хиёнат, фиреб, тўҳмат, фитнагарӣ, вайронкорӣ ва дигар хислатҳои разила муросо надорам. Вақте ки ба як амали носавоб муқовимат мекунам, пеши роҳи иқдоми нодурустеро гирифтанӣ мешавам, шояд дар назари тарафи муқобил одами мураккаб ва соҳиби хислати пурзиддият тобам. Бо ин гуна ашхос дар муомилаву муошират бисёр рўбарў шудаам. Дар ин замина барои ман одаму одамгарӣ, ба маънои томаш, муҳим ва корсоз аст.
-Камоли сифатҳои неки худро натиҷаи асари кадом ҳамнишин медонед? Ё ин ҳама бар асари чашми пандҷӯву ҳикматхон ва ибратгир доштанатон бар зиндагист?
-Дар ташаккули шахсият ва сифатҳои неки инсонӣ ин ду омиле, ки шумо зикр кардед, нақши асосӣ ва муҳим доранд. Хушбахтона, дар зиндагӣ таъсири неки ин ду омил, яъне ҳамнишини хуб ва пандгирӣ аз воқеиятҳову сарнавиштҳо дар ман зиёд будааст. Ҳамнишинони аввалини некхисоли ман калонҳои хонаводаамон, аз падар сар карда то қарибони дигар буданд.
Муҳити хонаводагӣ маро аз шарри ахлоқӣ ҳифз карда, ба камол расонд ва чашмамро ба баду неки зиндагӣ кушод. Ин муҳит барои ман ҳанўз ҳам Донишгоҳи олии ахлоқист. Маро ҳамин донишгоҳ сохт  ва ба кўи одамият ҳидоят намуд. Фақат афсўс мехўрам, ки дар ҷавонӣ гоҳо шогирди гапнодаро ва камфаъолияти ин донишгоҳ будаам. Аз рўҳи падари бузургвор узр мехоҳам, ки бар асари ҷавонӣ на ҳама вақт мутаваҷҷеҳи раҳнамоиҳояшон ба кўи одамият шудам.
Аз омили таъсиргузори дигар дар ин замина устодону рафиқони мактабиву донишгоҳи ва ҳамкорону шарикони зиндагӣ, ки ҳама, ба бахти ман, ба маънои томаш инсонҳои шарифу некхоҳу раҳнамо буданд, наметавонам ёд накунам. Устодони азизу шарафмандам, муаллимони фанни забон ва адабиёт дар мактаби миёнаи ба номи Фирдавсӣ дар зодгоҳам Сангмўла, ҳамсабақонам дар донишкадаи омўзгории Душанбе, устодони кафедраи забон ва адабиёти Донишгоҳ, ҳамкорон ва шахсиятҳои зиёди дигар, ки тўли солҳо бо эшон ҳамнишиниву робитаи наздик доштам, бемуболиға дар тағйиру такмили сифатҳои неки инсонии ман таъсир доштанд.
Дар ин замина омили дигари фаъол – "чашми пандҷўву ҳикматхон ва ибратгир"- ро, ки шумо ёд кардед, наметавонам нодида гирам. Шоире гуфтааст, ки "Зиндагӣ сар ба сар панд аст", оре, дар давоми умр бисёр ҳодисаҳо, рафторҳои шахсиятҳои гуногунро дида ва мушоҳида кардаам, ки дар ташаккули сифатҳои инсонии банда таъсири мусбат доштаанд. Ба ифодаи дақиқтар, аз хубиҳои одамони хуб барои худсозӣ баҳра бурдаам, амалҳои бади одамон низ бароям дарси ибрату пандгири будаанд. Ман дар ин оина худро сохтам ва ҳанўз ҳам месозам.
-Дар ҳама вазъият салоҳи кор меҷӯед ва муросову мадоро...
Дар ҳама давру хамон салоҳи кор, муросову мадоро ҷузъи асосии ахлоқи инсон тавсиф шудааст. Қудрати мутлақа бо зулму табоҳӣ ҳамроҳ аст. Манманиро гузаштагони мо, аз ҷумла Фирдавсии бузургвор "бадандешиву кеши аҳриманӣ" шинохтаанд. Ин ҳидоят ва раҳнамоии ниёкон меъёри амалу кирдор ва зиндагии ман дар давоми умр буду ҳаст. Ихтилоф зиндагии инсонҳоро табоҳ мекунад, душманиву бадбинӣ ва низоъ ба вуҷуд меоварад. Муросову мадорост, ки дари раҳмат ва шафқатро ҳамеша ба рўи инсонҳо кушода медорад. Ин тадбирро ҳоло мехоҳам бо равиши низоъҷўии баъзе аз шоҳони гузашта муқоиса кунам, ки фарзандони худро бо андак баҳона мекуштанд ва ё кўр мекарданд. Баъзе шоҳон дар таърих ҷуз валиаҳд ҳамаи фарзандони худро аз миён мебурданд. Ин ҳодисаҳои низоъангез дар таърихи гузашта омили ҷангҳои фоҷиабори хонагӣ шуда ва хуни бисёр аз одамони бегуноҳро рехтааст...
Салоҳи кор дар ҳамаи давру замонҳо омили осоиш ва пешрафт буд ва мемонад, ҳам дар зиндагии шахсӣ ва ҳам дар ҳаёти иҷтимоӣ. Аз ин назар шиор ва ормони банда ҳамеша муросову мадоро буду мемонад, чи дар зиндагии шахсӣ ва чи дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ.
-Дар бораи устодатон шодравон адабиётшиноси номии кишвар Ботурхон Валихоҷаев ва нақши ин инсон дар ҳаёти шумо баёни кадом нуктаҳоро ногузир ва сазовор медонед?
-Устоди зиндаёд Ботурхон Валихоҷаев барои мани шогирд ва таълимдидаи мактаби он кас, пеш аз ҳама инсони комил ва раҳнамои содиқ буданд. Аз фазилатҳои неки инсонӣ ва устодии он кас метавон соатҳо ҳарф зад. Алҳол вобаста ба суоли шумо чанд нуктаро таъкид карданиям. Аввал ин ки устод шахси масъулиятшинос ва ба касбашон содиқу фидоӣ, адабиётшинос – донишманди забардаст ва устоди сахтгиру ғамхор ва некхоҳ буданд. Ҳамеша дар ғами пешрафт ва шукуфоии кишвар ва илму мактабу маориф буданд. Дар қатори чандин нафарони дигар маро низ побапо бурданд, ёд доданд, дастгириам карданд. Худо раҳматашон кунад!
-Барои камоли маънавии инсон нақши муҳити хонавода муҳим аст ва ё муҳити иҷтимоӣ ҳам оё метавонад як инсони дар оила тарбият надидаро ба камол расонад?
-Ҳар ду омиле, ки ёд кардед, дар ташаккули маънавии инсон муҳим ва таъсиргузор аст. Инро донишмандони соҳаи таълиму тарбия низ таъкид ва таъйид кардаанд. Ҳамон сухани Бўали Сино, ки мегўяд "тарбия аз батни модар шурўъ мешавад", маънои амиқ дорад.
Хонавода зинаи аввал ва муҳим дар камолоти маънавии инсон аст. Вале ин гуфта масъулияти муҳими иҷтимоиро низ дар ин замина кам намекунад. Инҳо ду омиле ҳастанд, ки инсонро аз замони наврасӣ то давраи камолот ҳам месозанд, ҳам месўзонанд, то хом намонад.
-Дар сӯҳбатҳо аз маҳфилҳои дӯстона, аз шахсиятҳои бузург ёдоварӣ мекунед. Боре аз ёддоштҳои марбут ба модаратон нашунидаем. Дар ташаккули шахсияти шумо модаратон чи саҳме доранд?
-Модари раҳматиям Фаришта буданд. Мо, фарзандонро, сохтанд. Чуноне ки мегўянд, падар дар ғами обу нон буданд, дигар ҳама ранҷу азоб дар тарбияи мо ба гардани модари азиз буд. Модар ба сарнавишти фарзандон бепарво набуданд. Ҳар қадами моро зери назар доштанд. Сахтгириҳояшон ҳамеша бо лутфу марҳамат ва меҳру навозиш якҷо буд. Имрўз вақте он ҳама ранҷҳои модар барои камол ёфтани фарзандон ёд меояд, дилам обу чашмам тар мешавад.
Суоле нороҳатам мекунад, ки ин аст: ба ивази он ҳама ранҷе, ки ў дар роҳи камоли фарзанд кашид, мо чи кардем? Дар ин ҳол беҳтарин ҳарфро дар ҳаққи ранҷҳои модар Эраҷ Мирзо гуфта, ки наметавонам чанд сатри ўро ёд накунам:
       Гўянд маро чу зод модар
       Пистон ба даҳон гирифтан омўхт.
       Шабҳо бари гаҳвораи ман
       Бедор нишасту гуфтан омўхт.
       Дастам бигирифту по ба по гуфт,
       То шеваи роҳрафтан омўхт.
       Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам
       Алфоз ниҳоду гуфтан омўхт.
       Пас, ҳастии ман зи ҳастии ўст,
       То ҳастаму ҳаст, дорамаш дўст.

-Дар бораи сабаби дилҷавонию ҳаётдӯстии шумо шояд аз худатон борҳо пурсидаанд. Воқеан, дар ин бузургсолӣ барои бо сарбаландӣ пеш бурдани зиндагӣ аз чи нерӯ мегиред?
-Ба назари банда неруе, ки тавоноии инсонро новобаста ба синну сол ҳифз мекунад, пеш аз ҳама ормон, умед ва муҳаббат ба зиндагиву инсонҳост, дигар ҳеҷ.
-Шиори шумо дар зиндагӣ чи будааст ва оё ин шиор шуморо ба роҳи дуруст роҳбарӣ кардааст?
-Ин суоли шумо ба ёди ман дарахтеро меоварад, ки баҳору тобистону тирамаҳро паси сар намуда, то сардиҳои зимистон баргҳояшро ҳифз мекунад ва баъди сардиҳо низ то бўрони барфӣ сабз мемонад. Мисли ҳамин дар дунё одамоне ҳастанд, ки дар давоми умр ҳама чизро таҷриба кардаанд, аз ин таҷрибаҳо панд омўхтаанд ва бо мурури замон мисли дарахти тановар сершоху сербарг гаштаанд. Ҳамин дарахт раҳнамои зиндагии ман аст.
-Устод, биёед, дар мавзӯи нақши илм ва таълим дар ҳаёти шумо сӯҳбатро идома диҳем. Ҳар кору амал ҳикмате бо худ дорад. Шумо чандин сол сарварии бахши суханшиносии тоҷикии Донишгоҳи давлатии Самарқандро дар ӯҳда доштаед. Аз ин фаъолияти худ чи ҳикматҳо омӯхтаед, чи таҷрибаҳо андӯхтаед?
-Солҳои зиёд, ки роҳбариро дар ўҳда доштам, таҷрибаю тамалакаи сарварӣ, танзими идоракунӣ, ба роҳ гузоштани муносибати хуб бо ҳамкорон омўхтам. Роҳбарӣ на фармондеҳӣ, балки хидматкунӣ буданашро дарк намудам. Чи моҳият ва чи заҳмат доштани номбардории миллатро фаҳмидам.
-Соли 2016 бо унвони «Аълочии маорифи халқ» тақдир гаштед. Он подоши кадом заҳматҳои шумост?
-Ман дар баробари фаъолияти илми дар давоми ин солҳо пеш аз ҳама омўзгор будам. Ин унвон, албатта, эътирофи хидматҳои банда дар роҳи таълиму тарбия аст, ки аз қадршиносии мақомот миннатпазирам.
-Агар касби муаллимӣ надоштед, ҳатман санъаткор мешудед, ё тадбиркор, ё тоҷир, ё...?
-Агар қисмат чунин мехост, илоҷ набуд, вале ҳоло гуфта наметавонам, ки дар кадоме аз пешаҳои ёд кардаи шумо муваффақ мешудам.
-Нақди адабии тоҷик дар Ӯзбекистон чи рушду нумӯе дорад?
-Нақди адабии тоҷик дар Ўзбекистон пешрафт дорад. Донишандоне дар ин замина фаъолият доранд. Адабиёти тоҷикии Ўзбекистон ҳамеша мавриди назари мунаққидони соҳа қарор дорад. Дар ин замина метавон бо ифтихор аз фаъолияти олимони барўманди кишварамон мисли мўҳтарам Ҳ.Қудратуллоев, Ҳ.Ҳомидӣ, С.Саъдиев, А.Абдуллоев, А.Субҳон, Э.Очил, С.Олим, М.Файзхоҷа ёд кард. Дар ин самт кўшиш ва заҳматҳои олимон ва шоирони ҷавон аз қабили Н.Шоалиева, Ҷаъфар, Хусрав ва чанд нафари дигар низ сазовори таҳсин аст.
-Аз назари олими мунаққид кадом муаммоҳо имрӯз молики аҳамият ҳастанд ва бояд омӯхта шаванд?
-Ба назари банда мо дар шинохти ҳунарии осори адабӣ дасткўтоҳиҳо дорем. Нақди адабӣ пеш аз ҳама бояд ба ҳунари ин ё он адиб баҳо диҳад, арзиши осори ўро муайян кунад. Аз ин ҷиҳат масъалаҳои назарии нақд дар рўзгори мо аҳамияти бештар пайдо карда истодаанд, ки талаби вақт аст.
-Дар бораи рушди шеъри тоҷик дар Ӯзбекистон чандин мақолаҳои илмӣ ба табъ расидааст, аммо масъалаи инкишофи насрро то ба ҳол касе аз олимон ҷиддан ба риштаи таҳқиқ накашидааст. Насри муосири тоҷик дар кишвари мо аз назари мунаққиде мисли шумо чи бурду бохтҳо дорад?
-Воқеан ҳам насри тоҷикии Ўзбекистон то ҷое аз назари мунаққидон дур мондааст. Ин ҳодиса сабабҳо дорад, ки якеаш нарасидани мунаққидони касбӣ дар ин замина мебошад. Инкишофи насри тоҷикӣ нисбат ба назм дар Ўзбекистон суст аст. Вале ин маънои онро надорад, ки наср сазовори нақду баррасӣ набошад. Дар ин замина, аз ҷумла месазад, ки аз фаъолияти қаламкашоне мисли А.Истад, Б.Ҷумъа, М.Турсунова, Ў.Иброҳим, Ч.Деҳнавӣ, Ш.Халил, Ю.Имомназар, М.Шодӣ ёд кунем.
Баъзе намунаҳои насри тоҷикии кишвар дар тасвири воқеиятҳои таърихӣ ва рўзмарра дастовардҳо доранд. Нависандагон дар фарогирии воқеаву ҳодисаҳо комёбиҳо доранд. Вале вақте дар боби ҳунари тасвиргарӣ сухан ба миён меоварем, норасоиҳо зиёданд. Нависандагон, махсусан ҷавонон, бояд ба тасвири бадеӣ эътибор диҳанд. Адабиёт, хоҳ назм бошаду хоҳ наср, бо бадеият, бо мавзўву мундариҷа ва ғояҳои зиндагисоз адабиёт аст, вагарна суханест хушку холи.
-Дар замони шӯравӣ илми адабиётшиносии тоҷик бо такя ва баҳраварӣ аз илми адабиётшиносии рус рӯ ба инкишоф ниҳод. Оё равобити фарҳангии тоҷику ӯзбек чи андоза қодир аст, ки ба инкишофи илми адабиётшиносии тоҷик дар ин сарзамин шароит фароҳам оварад ва баръакс?
-Имрўз имконе фароҳам омадааст, ки маҳдудиятҳои касбӣ дар ин замина аз байн равад. Илм, аз ҷумла нақди адабӣ, маҳдудиятҳои марзиро намеписандад. Мо бояд таҷрибаҳои нақди пешрафтаи дунёро ба кор гирем. Ҳамчунин робитаҳои судманди адабиву фарҳангии миёни Ўзбекистону Тоҷикистон асоси пешрафти ин соҳаро метавонад фароҳам оварад. Таҷрибаи тарафайн дар пешрафти соҳа судманд аст, бояд аз он истифода кард.
-Шумо дар баробари ба анъанаву суннатҳои ҳалқию миллӣ эҳтиром доштан падидаҳои нави замонавиро ҳам таҳаммул мекунед. Ба қавли шоираи маҳбуб Фарзона «Каломам шарқиву фикрам фарангӣ, Аҷибам, кӯҳнадӯзи навгароям» ...
-Дар ин боб донишманди эронӣ Абдулҳусайни Зарринкўб ишораи баҷое дорад, ки мегўяд: "На шарқӣ, на ғарбӣ, инсонӣ". Суннатҳои милли вақте корсозанд, ки ба пешрафт мусоидат кунанд. Дар истифодаи падидаҳои замонӣ низ ҳамин нуктаро бояд ба эътибор гирифт. Ин масъала ҳам ба ҳунар дахл дорад, ҳам ба зиндагии иҷтимоӣ.
-Ҷумъа Ҳамроҳе, ки дар тамоми ҷумҳурӣ маъруфият ва маҳбубият дорад, дар муҳити хонавода чи андоза соҳибэътибору соҳибмақом ва маҳбуб аст?
-Эътибори падару модар дар муҳити хонавода ба нақшу ҷойҳои онҳо дар тарбия ва камолоти маънавии фарзандон вобаста аст. Ҳар падару модаре, ки дар ин равиш кори неке кард, дар муҳити хонаводагӣ низ мақом хоҳад ёфт.
-Устод, гуфтаед, ки фарзандону наберагонатон таълими русӣ гирифтаанд. Умуман, дар оилаҳое, ки фарзандонашон ба русӣ илму дониш меомӯзанд, нигаҳ доштани фарҳанги миллӣ ва тарбияи миллӣ чи андоза муҳим аст?
-Агар дар хонадон суннатҳои миллӣ мавқеъ ва эътибор дошта бошанд, таълим ба забони бегона муҳраи эътиқоди миллиро намешиканад. Ба ёд оваред гузаштагонамонро, ки ба забони арабӣ таълим мегирифтанд. Сино на танҳо забони арабиро омўхт, балки қисми асосии осорашро ба ин забон таълиф кард. Сино, ки нанг ва номуси миллӣ дошт, дар забони бегона низ посдори суннатҳои фарҳангии миллӣ буд. Ба назари банда орият ва талош нигаҳбони забон ва посдори фарҳанги миллӣ аст, ки таълим ва тарбияи миллӣ ҷузъи он мебошанд.
-Беҳтарин дастовардҳои шумо дар зиндагӣ кадомҳоянд?
-Орзуҳоям ҷомаи амал пўшиданд: муваффақиятҳоям дар соҳаи таълиму тарбия, илму маориф дастоварди ман ҳастанд. Фарзандони солеҳ, ки низ дар хидмати мардум ҳастанд, ҳадяи зиндагист барои падар.
-Чи чизе дар ҳаётатон барои шумо бохти калон будааст?
-Хатоҳое, ки дар ҷавонӣ кардам, аз ҷумла нарасидан ба қадри вақт ва умри даргузар бузургтарин бохти  мананд, ки ҷуброннашавандаанд.
-Барои рӯзҳои оянда чи орзую умедҳо дар дил мепарваред?
         -Осудагии халқу ободии ватан ва саодату давлати пирӣ орзуву умеди ҳамешагии ман буду ҳаст.
-Як ҷаҳон ташаккур, устод. Мисли ҳамон дарахте, ки гуфтед, тановар ва аз саодату давлати пирӣ солҳои зиёд баҳравар бошед !

--
-D

Комментариев нет:

Отправить комментарий