23 января 2009 г.

Ба ҳар парвоз, Гуле во шуданист, Боварӣ

Ба ҳар парвоз.
Миёни селаи солҳо ,
Миёни селаи тӯлонии солҳо
Набудам як нафар паррандаи озодсари дунё,
Ба ҷуз мусичаи беҷуръати порсо.
Фазои пешравии ман лаҷанзор буд,
Замони решрави ман аз худаш рафта…

Миёни панҷаҳои яъс пари парвозиям афсурд
Ва он оташ,
ки бар парвонаи уммед медоштам, мурд.
Дигар дидам:
Ба оҳи ман намесозад коргоҳе,
Бибояд оҳи худро додрас бошам.
Ва рози худро дамсоз,
ғамони худро овоз.
Ба худ гуфтам :
«Дигар хоҳам парид
аз шохаҳои бенумӯи пуч.
Дигар хоҳам раҳид
аз шубҳаву аз гуфтугӯи пуч.»
Дигар болотар аз ин бом –
Ба сӯи ахтарони роз,
Ба сӯи моҳтоби ноз.
Ба ҳар парвоз,
ба ҳар парвоз!

Андар хаймаи маҳтоб
Хайма бизан, хайма бизан, моҳтоб,
Ин шаби танҳоии бетобу хоб.
Нақше бизан сурати танҳоиям
Рӯи дарахтони ҳамоил бар об.
Равзана то бар дили ман вокушой,
Парда бигир з-отифа андар ҳиҷоб.
«Ишқ» бувад, «орзу»-яст исми ӯ,
Аз чи ба андӯҳи ҳамонам хароб.
Ҳолаи хушбахтӣ, бигирам ба бар,
Танг бигир, танг бигир, боазоб!
Қалби маро, ишқ, бибар то абад,
Ҷисми маро хоке бикаш, ай сароб!
Дасти маро шоха бигир, ай самар,
Пои маро бӯса бизан, бӯса, об!
Ҳолаи ту мояи хушбахтиям,
Дафтари ашъори манӣ, моҳтоб!

Гуле во шуданист
Туро раҳнамун шавам ба сӯи хушбахтиҳо,
Бирав, бирав, эй ҷисми беситораи ман.
Дилам гувоҳӣ диҳад :
Шояд паси ин кӯҳ офтоби тулӯи мост.

Туро кушоиш хоҳам ба сипанди лӯлиҳо,
Бираҳ, бираҳ, эй роҳи сароғоз баста.
Бовар кунем, биё :
Абри раҳмат аст он чи пардаи сиёст.

Туро наззора кунам, гули ошиқи печон,
Бупеч, бупеч бар тани худ баргҳои сарсабзӣ.
Эҳсос мекунам инро :
Дар бари ин баргҳо як гули вошуданист…

Боварӣ
Ҳанӯз,
ки фасли зимистон
бо яхбандон
Даричаҳои маро
ба инқилоби баҳор
барбаста,
Шохаҳои лухтамро ,
Ки ҳанӯз
Мепалмосад
боди сард
пайваста,
Садои гунҷишкон
ба шавқ водошта
ҷавонаҳои маро, -
Бовар нахоҳам кард,
Дигар,
Ки бигсаста
Пайванди ману табори дарахтон.


--
-D

1 комментарий: